06:15:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПИСАРИ БУРҲОНИДДИН РАББОНӢ РАИСИ ШӮРОИ ОЛИИ СУЛҲИ АФҒОНИСТОН ШУД

Шӯрои олии сулҳи Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ, сарпарасти Ҷамъияти исломиро, ба унвони раиси ин шӯро интихоб кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи шанбеи 26 фарвардин (14 апрел) эълом карда, ки аъзои ин шӯро оқои Раббониро ба иттифоқи оро ба ин симат баргузидааст.

/images/stories/2012/04/15_salah_rabbani_1512.jpgЭмил Файзӣ, сухангӯйи раиси ҷумҳурии Афғонистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки оқои Раббонӣ дар пайи машваратҳои тӯлонии Ҳомид Карзай бо шахсиятҳои миллӣ ба ин симат баргузида шудааст. Оқои Файзӣ гуфт: "Ин файсала бо эҳтиром ба манофеъи миллӣ ва бо дар назар гирифтани ваҳдати миллии кишвар сурат гирифтааст."

Салоҳиддин Раббонӣ писари аршади Бурҳониддин Раббонӣ, раиси пешини Шӯрои олии сулҳ аст, ки дар 29 шаҳривари 1390 (20 сентябри 2011) ба василаи як муҳоҷими интиҳорӣ дар хонааш терур шуд. Ба дунболи терури Бурҳониддин Раббонӣ писари аршадаш ба ҷойи ӯ сарпарастии ҳизби Ҷамъияти исломиро ба уҳда гирифт ва ҳоло дар Шӯрои олии сулҳ ҳам ҷойгузини падараш шудааст.

Салоҳиддин Раббонӣ пеш аз ин сафири Афғонистон дар Туркия будааст. Шӯрои олии сулҳ ниҳоди аслии муҷрии барномаи давлати Ҳомид Карзай дар заминаи музокира бо гурӯҳҳои шӯришӣ ва аз ҷумла гурӯҳи Толибон аст. Аммо бархе аз нозирон ва мунтақидони оқои Карзай гуфтаанд, ки ин шӯро ихтиёри чандоне дар ин маврид надорад ва танҳо ба унвони як ниҳоди нумодин ташкил шудааст.

Муҳаммади Муҳаққиқ, узви маҷлиси намояндагон ва аз раҳбарони Ҷабҳаи миллӣ, ба Би-би-сӣ гуфт: "Ончи ки муҳим аст, раванди мусолиҳаи миллӣ, наҳваи ташкили Шӯрои сулҳ ва коркарди ин шӯрост. Ин масъала собит шуда, ки маҷмӯъи Шӯрои сулҳ ҷуз ҳаракате самбулик ва нокоромад чизи дигаре набудааст."

Ӯ афзуд: "Мо дар мавриди асли корсоз будани ин раванд, дуруст будан ё набудани роҳкоре, ки барои мусолиҳа дар назар гирифтаанд, ҳарф дорем."

Бо ин ҳол, оқои Карзай талош карда, ки гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, бавижа аъзои Иттиҳоди шимоли собиқ, ҳам дар он узвият дошта бошанд, аммо дар амал, бештари онҳо бо ин ки узвияти шӯроро пазируфтаанд, дар ҷаласаҳои он ҳузур намеёбанд ва нисбат ба муассирияти он шак доранд."

Ҷамъияти исломӣ аз гурӯҳҳои аслии ташкилдиҳандаи ин эътилоф будааст. Бар асоси эъломияи дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон, оқои Карзай интихоби оқои Раббонӣ ба раёсати Шӯрои олии сулҳро дар ростои таъмини ваҳдати миллӣ ва ҷилавгирӣ аз мудохилоти хориҷӣ кори муносибе донистааст.

Салоҳиддин Раббонӣ дар ҳоле раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон мешавад, ки қарор аст базудӣ ҳайъате аз Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр барои музокира бо давлати Афғонистон вориди Кобул шавад.

Дар ин эъломия омада, ки дар ҷаласаи аъзои Шӯрои олии сулҳ, ки ба ҳамин манзур баргузор шуда буд, Ҳомид Карзай ҳам ҳузур дошта ва ӯ аз Сабғатуллоҳ Муҷаддадӣ, раиси пешини маҷлиси Сено ва Кумисиюни таҳкими сулҳ, тақдир кардааст.

Пеш аз ин гузориш шуда буд, ки оқои Муҷаддадӣ ба далели адами интихобаш аз сӯйи оқои Карзай ба раёсати ин шӯро аз ҳамаи симатҳои давлатии худ истеъфо кардааст. Оқои Муҷаддадӣ раёсати Кумисиюни таҳкими сулҳ ва узвияти маҷлиси Сеноро дошта ва бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он буда, ки ӯ мехоста раёсати Шӯрои олии сулҳ ҳам ба ӯ вогузор шавад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi