12:27:58 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОНКИ МАРКАЗӢ: МАБОЛИҒ БО АСЪОРИ ИНТИҚОЛШУДА ДОДА МЕШАВАД

Бонки марказии Ӯзбакистон гузоришҳо дар мавриди ин ки аз аввали моҳи оянда асъори аз хориҷ ба кишвар фиристодашуда ба соҳибонаш бо пули миллӣ пардохт мешавадро рад кардааст.

/images/stories/2012/04/25_bank_uz-25412.jpgСойти интернетии “uzmetronom.com” бо такя ба манобеъи расмии Ӯзбакистон хабар додааст, пуле, ки аз хориҷи кишвар ба Ӯзбакистон ворид мешавад, ба муштариён на бо дулор, балки бо сӯм, пулии миллии Ӯзбакистон ва бо баҳои муқарраршуда аз суи Бонки марказии ин кишвар дода хоҳад шуд. Тибқи ин гузориш дар ин замина дар давлати Ӯзбакистон санаде омода шудааст.

Дар баёнияи Бонки марказии Ӯзбакистон омадааст: “Ахиран дар расонаҳо, бахусус, дар шабакаҳои Интернет, иттилооти таъйиднашуда дар бораи тағйирот дар бахши интиқоли пул сару садоҳо интишор шудаанд. Бонки марказии Ӯзбакистон расман иброз мекунад, ки тибқи қавонин муштарӣ дар идораи пулҳои худ дар ҳисоби бонкӣ озод аст. Ҳар фард ҳақ дорад, асъори аз хориҷ ворид карда ё харидорӣ кардаашро ба таври мустақил истифода кунад.”

Дар ин баёния таъкид шудааст: Ӯзбакистон феълан ва дар оянда низ амалиёти интиқоли пулро дар чорчӯби қавонин ва меъёрҳои байналмилалӣ анҷом дода ва ҳар муштарӣ бо ҳар асъоре, ки интиқол додааст, дар Ӯзбакистон бо ҳамон асъор ин пулро дарёфт хоҳад кард.”

Ӯзбакистон аз маъдуд кишварҳои ҷаҳон аст, ки пули хориҷӣ бо қиматҳои мухталиф ба фурӯш меравад ё харидорӣ мешавад. Ӯзбакистон дар соли 1994 пули миллии худро вориди муъомила карда, аз соли 1996 аз системи фурӯши озоди асъор сарфи назар кардааст. Мақомоти Ӯзбакистон ин тадбирро “ҷилавгирӣ аз хуруҷи захоири асъори хориҷӣ аз кишвар барои харидории колоҳои камарзише чун ”кепчуку сақич”” арзёбӣ карда буданд.

Аммо рӯшан шудааст, ки дар авосити даҳаи 1990 ширкатҳои мутаалиқ ба масъулони баландпояи давлати Ӯзбакистон аз кишварҳои хориҷӣ колоҳои мавриди ниёзро ворид карда ва пули аз фурӯши колоҳо ба дастомадаро бар асоси арзиши Бонки марказӣ ба дулор табдил кардаанд. Гуфта мешавад, ҳоло низ гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз тафовути арзиши дулор дар Бонки марказӣ ва “бозори сиёҳ” суди зиёд мебинанд ва онҳо дар тасвиби мусаваббаҳои давлат таъсиргузор ҳастанд.

Ҳоло баҳои 1 дулори омрикоӣ дар Бонки марказӣ 1865 сӯм аст. Аммо дар “бозори сиёҳ” баҳои 1 дулори омрикоӣ баробари 2820 сӯм аст. Бештарин шумори афродеро, ки аз хориҷ арз (асъор) ворид мекунанд, муҳҷирони кории Ӯзбакистон дар кишварҳои хориҷ бавижа Русия ташкил медиҳанд. Давлати Ӯзбакистон теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар дар мамолики хориҷиро эълом накардааст.

Аммо тибқи иттилоъи мавҷуда, танҳо дар Русия ҳудуди 2 миллиюн нафар аз атбоъи ӯзбак ба хотири дарёфти кор ба сар мебаранд. Бино ба гузориши Бонки марказии Русия, дар соли гузашта аз ин кишвар ба Ӯзбакистон ба миқдори 4,3 милёрд дулор интиқол шудааст.

Ба андешаи Ҷаҳонгир Шосалимов, иқтисоддони мустақил дар Тошканд, пули аз кишварҳои хориҷ воридшуда омили субот дар ин кишвар буда, ҷорӣ шудани низоми табдили пулҳои воридотӣ ба сӯм бар асоси баҳои Бонки марказӣ мумкин аст дар Ӯзбакистон “авоқиби номатлубе" дар пай дошта бошад.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi