13:21:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ШУМОРАҲО ДАР МАРОСИМИ САВГАНДИ ПРЕЗИДЕНТИИ ПУТИН

Бино бар хабарҳо, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар расми савганди Путин даъватнома нагирифтааст.

/images/stories/2012/05/06_vladimir-putin_6.5.12.jpgРӯзи 7-уми май Владимир Путин дигарбора ба курсие хоҳад нишаст, ки барояш ошност. Ба муносибати оғози давраи савуми президентии ӯ дар Кремл маросиме баргузор хоҳад шуд. Хабарнигори Радиои Озодӣ Том Балмфорс ба он менигарад, ки ин бор дар анъанаҳои, ба истилоҳ “тахтнишинӣ” дар Русия чӣ дигаргуниҳо ба миён хоҳад омад.

3 – шумораи толорҳоест, ки дар Кохи Кремл барои ин маросими пурдабдаба истифода хоҳанд шуд. Ин анъанаро худи Путин роиҷ кард. Зиёфати аввалин савганди президентии ӯ дар 7-уми майи соли 2000 низ ба толорҳои бузурги Георгӣ, Александрӣ ва Андреии Кремл доман паҳн карда буд. Пеш аз ӯ Борис Елтсин ҳарду расми савганди худро дар солҳои 1991 ва 1996 дар Қасри кремлии анҷуманҳо баргузор кард, ки дар замони Шӯравӣ дар он анҷуманҳои Ҳизби коммунист ҷараён меёфт.

6 – теъдоди солҳоест, ки акнун Путин дар тӯли онҳо раисиҷумҳурии Русия хоҳад буд. Президент Дмитрий Медведев, ки Кремлро тарк мекунад, мӯҳлати раёсатҷумҳуриро аз чаҳор ба шаш сол расонд ва устоди ӯ Путин метавонад то соли 2018 раҳбарӣ кунад, ҳатто мумкин аст то соли 2024.

10 – синнусоли коняки русист, ки дар зиёфати баъд аз расми савганди Путин рӯйи мизҳо гузошта хоҳад шуд. Ташкилкунандагон ба таври махсус маҳсулоти тавлиди Русияро интихоб кардаанд. Аз вино ё майҳо, Pinot Aligote Selection Chateau le Grand Vostock-и русии солҳои 2009 ва ва шампани Russian Arbau-Dyurso-и соли 2008 пешкаш хоҳад шуд.

Номгӯи ғизо бо пешхӯрд аз садафмоҳӣ, блинчикҳо бо сабзавот ва чошнии замбурӯғӣ, моҳии дуддодашуда, мурғобии бирён бо чошнии гелосӣ, хӯриш аз алафҳои баҳрӣ ва афшураи авокадо сар мешавад. Хорчанги бирён бо раттатуй ва каппусино бо шири кокос низ аз пешхӯришҳоянд. Хӯроки асосӣ аз тосмоҳӣ (осетр)-и пуршуда бо сабзавоти наврас ва чошнии шампан иборат хоҳад буд.

63.6 – дарсади орое, ки Путин дар интихоботи президентии 4-уми марти соли 2012 ба даст овард. Дар интихоботи соли 2000 вай 53 ва соли 2004 наздик ба 72 дарсад раъй гирифта буд. Медведев дар соли 2008 бо раъйи 70-дарсадӣ пирӯз гашт.

71 – синни Путин дар соли 2024. Агар вай ду даври дигар дар Кремл монад ва интихоботи соли 2018-ро барад, аз 70 мегузарад ва ҳукмронияш ба поён мерасад.

1996 – охирин соле, ки ба раҳбарони хориҷӣ даъватномаи ширкат дар расми савганд фиристода шуд. Ба ин сабаб матбуоти Тоҷикистон навишт, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ба расми савганди Путин даъват нашудааст. Вале нашрияҳои Қазоқистон мутмаинанд, ки Путин раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ҳамчун ҳомии идеяҳои ҳамгироии Иттиҳоди гумрукии Русия, Қазоқистон ва Беларус шахсан ба маросим даъват кардааст.

Нашрияҳои Украина баҳс доранд, ки президент Виктор Янукович ба хотири беҳбуди равобит бо Русия ба маросим хоҳад рафт ё не. Ҳақиқаташ ин аст, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба маросим нахоҳад рафт. Ягона хориҷии намоён сарвазири пешини Олмон Герҳардт Шрӯдер хоҳад буд ва низ сарвазири собиқи Италия Силвио Берлусконӣ дар зиёфат ширкат хоҳад кард. Ҳарду ҳамчун дӯстони шахсии Путин ба Кремл даъват шудаанд.

2,000 – шумораи меҳмонони расми савганд ва зиёфат. Инҳо иборатанд аз аъзои Шӯрои Федерасиюн, Думаи давлатӣ, додрасони Додгоҳи Қонуни Асосӣ, сарони намояндагони дипломатӣ, намояндагони ҳукумат ва ниҳодҳои федерол, мухолифони “системавӣ” ба ҷумлаи тоҷири табдилшуда ба сиёсатмадор Михаил Прохоров ва намояндагони калисои православ. Охирин президенти Иттиҳоди шӯравии собиқ Михаил Горбачёв низ дар феҳрасти меҳмонон аст ва бархе аз раисони вилоятҳо ва сардабирони расонаҳои умдаи ахбори ом низ.

5,000 – рубл ё 170 доллар нархи нишони ёдгор аст, ки ба ҳар ширкаткунандаи маросим дода мешавад ва ҷамъан харҷи он аз кисаи андоздиҳандагони Русия 10 миллион рубл ё 340 000 доллар хоҳад буд.

1 миллион – шумораи тазоҳуркунандагоне, ки мухолифон мехоҳанд ба муносибати расми савганди Путин ба кӯчаҳо бароранд. Гуфта мешавад, ҷамъоварии ин теъдод аз мардум зери парчами мухолифат бо Путин осон нахоҳад буд.

15 миллион – нархи курсии наздиктар ба раҳбарон дар зиёфати Кремл бино бар баъзе маълумот. Ин тақрибан ба 510 000 доллар баробар хоҳад буд. Дар бораи хариду фурӯши ҷойҳо хабарнигори маҷаллаи, "Forbes" иттилоъ додааст. Вай аз як ширкати хусусие мусоҳиба гирифт, ки ҳамроҳ бо дастгоҳи раёсатиҷумҳурӣ ба таҳияи маросим машғул аст. Кремл ин иттиҳомро рад кардааст.

26 миллион – рубл харҷи умумии маросим, ки 890 000 доллар барбар аст.

260 миллиард – доллар, маҷмӯи нохолиси миллии Русия буд дар соли 2000, соле, ки Путин президент шуд.

1 триллиону 791 миллиард – доллар маҷмӯи нохолиси миллии Русия дар рӯзе, ки Путин пас аз дувоздаҳ сол ба курсии раёсатҷумҳурӣ бармегардад.

1 триллиону 791 миллиард – доллар, маҷмӯи нохолиси миллии Русия дар рӯзе, ки Путин пас аз дувоздаҳ сол ба курсии раёсатҷумҳурӣ бармегардад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi