19:37:37 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БИШКЕК БАРОИ ПОЙГОҲҲО АЗ МАСКАВ ПУЛИ БЕШТАР МЕХОҲАД

Қирғизистон мегӯяд, қимати иҷора барои се пойгоҳи низомии Русия мустақар дар қаламрави ин кишварро боло хоҳад бурд. Ба навиштаи сомонаи хабарии “Regnum”, генерал-майор Таалайбек Омуралиев, вазири дифои Қирғизистон гуфтааст, ки ин амр дар соли 2014 ва пас аз имзои созишномаи нав миёни ду кишвар ба ҳолати иҷро хоҳад даромад.

/images/stories/2012/07/11_kirgizistan-110712.jpgҲамзамон вазири дифои Қирғизистон гуфтааст, ки қимати иҷора барои пойгоҳи ҳавоии «Кант», ки низ дар ихтиёри Русия қарор дорад, бозбинӣ нахоҳад шуд, зеро ин пойгоҳ дар чаҳорчӯби cозмони СПАД фаъолият мекунад. Изҳороти вазири дифои Қирғизистон дар ҳоле садо медиҳад, ки Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон дар авоили соли ҷорӣ изҳор намуда буд, ки Русия се сол боз барои иҷораи пойгоҳи ҳавоии Кант маблағ пардохт накардааст.

Сарвари Қирғизистон гуфта буд, ки агар Маскав 15 миллион доллари қарзро напардозад, ба думболи пойгоҳи ҳавоии амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас, пойгоҳи Русия ҳам баста хоҳад шуд. Қирғизистон мизбони пойгоҳҳои низомӣ барои ҳам Амрико ва ҳам Русия мебошад

Амрико солона барои истифода аз пойгоҳ дар фурудгоҳи ҳавоии Манас дар Бишкек ба Қирғизистон 60 миллион доллар мепардозад, ки ин пойгоҳ барои кӯмак дар амалиётҳо дар Афғонистон истифода мешавад.

Қарор аст, то соли 2014 бисёре аз нерӯҳои хориҷӣ Афғонистонро тарк кунанд. Қаблан раиси ҷумҳури Қирғизистон гуфта буд, ки баъди моҳи июни соли 2014, дигар пойгоҳи Манасро ба Амрико иҷора нахоҳанд дод.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi