10:55:49 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

"ГУАНТАНАМОИ АФҒОНИСТОН" БА КАРЗАЙ ВОГУЗОР МЕШАВАД

Қарор аст масъулияти зиндони Багром, имрӯз душанбеи 10-уми сентябр ба ҳукумати Афғонистон супурда шавад. Тибқи тафоҳумномае, ки шаш моҳ қабл миёни давлати Афғонистон ва Амрико ба имзо расид, масъулияти зиндони Багром, ки асирони ҷангӣ ёздаҳ соли гузашта дар он нигаҳдорӣ мешаванд ва ба «Гуантанамои Афғонистон» низ машҳур аст, имрӯз бояд ба давлати Афғонистон супурда шавад.

/images/stories/2012/09/10_afghan-guantannama-100912.jpgРаиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе зимни мулоқот бо сафири Амрико дар ин кишвар ва фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон, супурдани идораи зиндони Багромро як гоми муҳим дар амри ба расмият шинохтани ҳокимияти миллии Афғонистон хондааст.

Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон дар ин бора ба бахши дарии радиои Озодӣ гуфт: «Дар қисмати вогузории масъулияти зиндони Багром аз нерӯҳои амрикоӣ ба ҳукумати Афғонистон, бархе мухолифатҳо вуҷуд дорад. Мулоқоте, ки рӯзи гузашта раиси ҷумҳур Карзай бо сафири Амрико ва Ҷон Аллен дошт, як мулоқоти бисёр ҷиддӣ буд ва дар ин мулоқот баҳсҳои муҳим сурат гирифт. Раиси ҷумҳур мавқифи Афғонистонро дар ин маврид мушаххас сохт ва ба сароҳат дар ин маврид бо онҳо сӯҳбат кард ва гуфт, ки вогузории масъулияти зиндони Багром ба ҳукумати Афғонистон, як мавзӯи муҳим барои ҳокимияти миллии Афғонистон мебошад.»

Аймал Файзӣ афзуд, яке аз нуқтаҳои мавриди ихтилоф ин аст, ки теъдоди шашсад зиндонӣ пас аз имзои тафоҳумнома дар шаш моҳи гузашта аз сӯи нерӯҳои хориҷӣ дастгир шудаанд, вале ба афғонҳо супурда нашудаанд. Ӯ гуфт, ки боздошти ин ашхос ғайри қонунӣ мебошад, зеро бар асоси ин тафоҳумнома, нерӯҳои хориҷӣ ҳаққи боздошти шаҳрвандони Афғонистонро надоранд.

​​Дар ин миён як сухангӯи нерӯҳои ISAF ба хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки масъулияти 99 дарсади зиндониёни маҳбаси Багром ба афғонҳо супурда шуда ва супурда шудани бақия ба таъхир афтодааст. Ӯ афзуд, ки супурдани як дарсади зиндониён ба он хотир ба таъхир афтодааст, ки дар бораи татбиқи бандҳои тафоҳумнома аз ҷониби Афғонстон нигарониҳо вуҷуд дорад.

Сухангӯи нерӯҳои ISAF исрор дорад, ки Амрико боз ҳам ҳаққи дастгирӣ ва боздошти ашхоси гумонбаршуда дар Афғонистонро дошта бошад, вале супурдани зиндониёни афғон ба ҳукумати Кобулро идома диҳад. Мақомоти афғон мегӯянд, ки боздоштшудагон бояд зарфи 72 соат ба ҷониби афғонӣ супурда шаванд.

Тафоҳумномаи имзошуда миёни Амрико ва Афғонистон дар бораи вогузории масъулияти зиндони Багром, сарнавишти 50 зиндонии хориҷиро, ки аскарият покистонӣ ҳастанд, дар бар намегирад. Аймал Файзӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки масъалаи зиндониёни хориҷи як мавзӯи ҷудогона аст, ки имкон дорад вазорати умури хориҷии Афғонистон дар оянда дар бораи он сӯҳбат кунад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 tojir 11.09.2012 09:59
dar vatani afghoniston marduma be gunoh va ba shak kardani dar on megirand vale ba xudi hukumati afghoniston tahvil namedihand . in ast manoi istemor va zurgui
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi