12:14:54 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ФАРМОНДЕҲИ СИПОҲИ ПОСДОРОН: «ҲАМА БОЯД БАРОИ ҶАНГИ ОЯНДА ОМОДА ШАВЕМ»

Муҳаммад Алӣ Ҷаъфарӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, дар суханоне камсобиқа нисбат ба вуқӯъи ҷанг бо Исроил сухан гуфта ва ҳушдор додааст, ки "ҳама бояд барои ҷанги оянда омода шавем."

/images/stories/2012/09/22_jafari-220912.jpgОқои Ҷаъфарӣ "душмании Исроил"-ро ҷиддӣ хонда ва ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон, гуфтааст "таҳдидот ва душмании" Исроил бо Эрон "ниҳоятан ба даргирии физикӣ хатм мешавад."

Ин нахустин бор аст, ки як мақоми аршади низомии Эрон таҳдидоти Исроилро ҷиддӣ тавсиф мекунад ва аз эҳтимоли даргирии ду тараф сухан мегӯяд.

Ба гузориши Хабаргузории донишҷӯёни Эрон (ИСНО), оқои Ҷаъфарӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Теҳрон гуфтааст: "Лаккаи нанг ва ғуддаи саратонӣ, яъне Исроил, бо мо сари ҷанг дорад, аммо ин ки кай ҷанг рух диҳад, маълум нест... Акнун танҳо роҳи муқобаларо ҷанг медонанд, аммо он қадар аҳмақанд, ки арбобҳои онҳо бояд ҷилавашонро бигиранд."

Ишораи фармондеҳи Сипоҳи Посдорон ба таҳдидоти лафзии Эрон аз сӯйи Исроил ва мухолифати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳамлаи низомии эҳтимолии Исроил ба Эрон аст.

Оқои Ҷаъфарӣ гуфтааст: "Мо бояд барои ҷанге омода шавем, ки моҳияти он бо моҳияти ҷанги ҳаштсола (бо Ироқ) комилан мутафовит аст ва ҳунар дар ин аст, ки мо битавонем мутаносиб бо ҷанги ояндае, ки дар пеш дорем, худро татбиқ диҳем (мутобиқ кунем)."

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфтааст: "Наметавон мункири ҷанги оянда шуд, аммо бидонед дигар он шароите, ки дар даврони ҳашт соли дифоъи муқаддас барои мо ба вуқӯъ пайваст, такрор намешавад."

Оқои Ҷаъфарӣ гуфта: "Барои ҷанги оянда бояд аз таҷрубиёти даврони дифоъи муқаддас бахубӣ истифода кард, зимни он ки ҳама бояд барои ҷанги оянда омода шавем."

Таниши лафзӣ миёни Эрон ва Исроил дар ҳафтаҳои ахир башиддат боло гирифтааст ва бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки иддае аз мақомҳои исроилӣ ба дунболи ҳамла алайҳи Эрон ҳастанд.

Ҳамзамон бо афзоиши фишорҳо ба Эрон бар сари таваққуфи ғанисозии урониюм дар ин кишвар мақомҳои эронӣ Исроилро ба "харобкорӣ" ва терури донишмандони атумии Эрон муттаҳам кардаанд.

Раиси Созмони энержии атумии Эрон ҳафтаи гузашта бо интиқод аз гузоришҳои Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, ки ба гуфтаи ӯ, ҷузъиёти барномаҳои атумии Эронро бар хилофи муъоҳидоти байналмилалӣ ифшо мекунад, гуфт, ки "харобкорҳо ва теруристҳо" аз ин иттилоъот барои зарба ба барномаҳои атумии Эрон истифода мекунанд.

Ин мақоми аршади атумии Эрон хостори дастрасии кишвараш ба мухтассоти (мушахахсоти) ҷуғрофиёии таъсисоти атумии Исроил шудааст.

Тағйири лаҳни фармондеҳони низомии Эрон?

Ҳушдори фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон нисбат ба вуқӯъи ҷанг миёни Эрон ва Исроил камсобиқатарин вокуниши як мақоми олирутбаи низомии Эрон ба таҳдидоти ҳафтаҳои ахири Исроил аст.

То пеш аз ин, мақомҳои сиёсӣ ва низомии Эрон мегуфтанд, ки Исроил "ҷуръати ҳамла ба Эронро надорад" ва таҳдидҳои Исроилро "ҷанги равонӣ" тавсиф мекарданд.

Як рӯз пеш аз ин, шуморе аз фармондеҳони низомии Эрон нисбат ба ҳамлаи эҳтимолии Исроил ҳушдор додаанд ва сартип Амир Алӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи ҳаво-фазои Сипоҳи Посдорон, гуфта буд, ки шояд шурӯъи ҷанг бо Исроил бошад, аммо "мудирияти идомаи ҷанг, сатҳи бархӯрд ва нуқтаи интиҳоии ҷангро Эрон таъйин мекунад."

Ин гуфтаҳо ҳамзамон бо солгарди оғози ҷанги ҳаштсолаи Эрон ва Ироқ ва дар ҷараёни режаи солиёнаи нерӯҳои низомии Эрон эълом шудааст.

Ҳарсола дар рӯзи 31 шаҳривар (20-21 сентябр), солгарди оғози ҷанги ҳаштсола дар Эрон, режаи нерӯҳои низомӣ баргузор мешавад. Режаи имсол бо ҳузури ягонҳое (воинчаст) аз нерӯҳои мусаллаҳ, аъам аз артиш, Сипоҳ, нерӯи интизомӣ (пулис), басиҷ ва вазорати дифоъ баргузор шуд.

Дар режаи имсол Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳур, ва фармондеҳони аршади низомии Эрон ҳузур доштанд. Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ин режа мушакҳои болистики "Фотеҳ-110", "Халиҷи Форс", "Шаҳоб-2", "Қиём", "Қадар" ва "Сиҷил" ба намоиш даромаданд.

Соъоте пас аз ин, намояндагони Амрико, Фаронса ва Бритониё дар Шӯрои Амнияти СММ бори дигар эълом карданд, ки замон барои ҳалли масъалаи атумии Эрон дар ҳоли поён ёфтан аст.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) то кунун дар шаш қатънома, аз ҷумла чаҳор қатъномаи таҳримӣ, аз Эрон хоста, то ғанисозии урониюмро мутаваққиф кунад.

Эрон мегӯяд дастёбӣ ба чархаи комили сӯхти ҳастаӣ ва истифодаи сулҳомез аз энержии атумӣ мутобиқи қавонини байналмилалӣ ҳаққи ин кишвар аст ва онро мутаваққиф намекунад.

Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, ки наздики 10 сол аст ба шакли вижа машғули баррасии барномаҳои атумии Эрон аст, мегӯяд, ки то ба ҳол нишонае аз инҳирофи (каҷравии) барномаҳои атумии Эрон ба сӯйи аҳдофи низомӣ наёфтааст.

Ожонс дар айни ҳол мегӯяд қодир ба озмоиши воқеъияти бархе аз иддаъоҳои Эрон дар сулҳомез будани фаъъолиятҳои атумияш нест.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi