15:30:11 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПИСАРИ РАИСИ ҶУМҲУРИ ПЕШИНИ ЭРОН БОЗДОШТ ШУД

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон Меҳдии Ҳошимӣ, писари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ пас аз тафҳими иттиҳом (предъявление обвинения) бо судури қарори боздошти муваққат равонаи зиндони Эвин шудааст.

/images/stories/2012/09/24_mehdi_hashemi_240912.jpgДар ҳамин иртибот хабаргузории "Форс" рӯзи душанбеи 3 меҳр (24 сентябр) гузориш карда, ки оқои Ҳошимӣ "бо назари бозпурси парванда боздошт шуда" ва хабаргузориҳои ИРНО ва ИСНО навиштаанд, ки вай пас аз тафҳими иттиҳом бо судури қарори боздошти муваққат равонаи зиндони Эвин шудааст.

Хабаргузориҳои Эрон имрӯз гузориш карда буданд, ки Меҳдии Ҳошимӣ субҳи имрӯз ба ҳамроҳи вакили худ дар додсарои "Шаҳиди муқаддаси" Теҳрон, ки дар он ба ҷароими амниятӣ расидагӣ мешавад, ҳузур ёфтааст.

Оқои Ҳошимӣ дишаб вориди фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон шуд ва хабаргузориҳо навиштанд, ки ӯ дар фурудгоҳ тавассути намояндаи додситони Теҳрон "тафҳими иттиҳом" шуда ва қарор аст рӯзи душанбе ба додситонӣ биравад. Бо ин ҳол имрӯз хабаргузории Меҳр аз қавли оқои Ализода Таботабоӣ навишта, ки муваккили вай шаби гузашта тафҳими иттиҳом нашудааст.

Дар ҳамин иртибот хабаргузории Форс аз қавли Муҳсин Ҳошимӣ, бародари муттаҳам навишта буд, ки наҳваи навиштани номи Меҳдии Ҳошимӣ дар эҳзорияе (повестка), ки барои ӯ содир шуда буда, дуруст набуда ва дар натиҷа "эҳзория бо номи саҳеҳ ислоҳ ва дубора ирсол шуда" то ӯ имрӯз дар додсарои амниятӣ ҳозир шавад.

"Форс" мусоҳибаи ҷудогона бо Муҳсини Ҳошимиро мунташр карда буд, ки дар он изҳор дошта, ки хонаводаи Ҳошимӣ "қарори кафолат барои боздошти эҳтимолӣ таҳия кардаанд, ки агар (масъулони қазоӣ) бипазиранд, онро ироа хоҳанд кард.

Хабаргузории ИСНО гузориш карда, ки имрӯз илова бар Муҳсини Ҳошимӣ, хоҳари вай Фотима ва Иффат Маръашӣ, ҳамсари Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар муҳавватаи берунии додсаро дар муқобили зиндони Эвин ҳузур ёфтаанд.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ Иффат Маръашӣ бо интиқод аз эҳзори фарзанди худ ба додсаро гуфтааст: "Асомии дуздонро дар додгоҳ бо ҳуруфе монанди "Ч", "Р", "Д" ва ғайра баён мекунанд, вале исми писарам Меҳдиро дар ҳама ҷо пур кардаанд ва фарёд мезананд."

Ишораи хонуми Маръашӣ зоҳиран ба додгоҳи ахири муттаҳамони фасоди бонкии се ҳазор миллиёрдтумонӣ (муъодили беш аз 2,5 миллиёрд дулор) аст, ки аз суи масъулони қазоӣ бузургтарин парвандаи ихтилоси (аз худ кардани маблағ) торихи Эрон лақаб гирифта ва асомии (номҳои) муттаҳамон ва маҳкумони он бо зикри ҳуруфи аввали ном ва номи хонаводагӣ ба матбуъот эълом шудааст.

Мунтақидони хонаводаи Ҳошимӣ сиёсӣ будани иттиҳомоти воридшуда бар Меҳдии Ҳошимиро рад мекунанд ва дар муқобил Акбар Ҳоишмии Рафсанҷонӣ, раиси маҷмаъи ташхиси маслиҳати низомро ба истифода аз нуфузи сиёсӣ барои ҷилавгирӣ аз иҷрои қонун дар мавриди фарзанди худ муттаҳам мекунанд.

Фотима Ҳошимӣ дар гуфтугӯе ҷудогона бо сайти "Калима", мутааллиқ ба мухолифони давлат гуфтааст: "Дуздон ва ҷосусон дар кишварҳо мегарданд ва мушкиле нест ва мушкили инҳо шуда оқои Ҳошимӣ ва хонаводааш, чун бо мардум ҳамроҳ шуданд."

Хонуми Ҳошимӣ гуфтааст, ки акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ як рӯз баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1388 (2009) ба фарзандонаш гуфтааст, дар сурате ки ба "маҷизгӯӣ" (тамаллуқгӯӣ, хушомадгӯӣ) напардозад, онҳо дар маърази фишор ва боздошт қарор хоҳанд гирифт.

Вай, ки шаби гузашта ба ҳамроҳи Меҳдии Ҳошимӣ ва бародари дигари худ Ёсир бо парвози Дубай-Теҳрон вориди фурудгоҳи байналмилалии имом Хумайнӣ шуда, афзуда, ки ҳар се нафар пас аз вуруд тавассути маъмурони вазорати иттилоъот мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.

Бозгашти Меҳдии Ҳошимӣ ба салоҳдиди падар

Фотима Ҳошимӣ бо ишора ба матолибе, ки дар се соли гузашта алайҳи Меҳдии Ҳошимӣ дар бархе расонаҳои муҳофизакор матраҳ шуда гуфтааст: "Афроде буданд, ки аз вақте фаҳмиданд Меҳдӣ тасмим дорад ба кишвар баргардад, хеле талош карданд, ки Меҳдӣ барнагардад."

Ӯ афзудааст: "Фоизаро ба зиндон фиристоданд, ки Меҳдиро битарсонанд, ки барнагардад. Ҳатто дар Дубай чанд нафар ношинос бо ман тамос гирифтанд ва мегуфтанд, ки аз тарафи иттилоъот ҳастанд ва исрор мекарданд, ки алон салоҳ нест, ки баргардад."

Як шаб пеш аз бозгашти Меҳдии Ҳошимӣ ба Эрон маъмурони амниятӣ бо вуруд ба манзили Фоиза Ҳошимӣ ӯро "барои иҷрои ҳукм" ба зиндон мунтақил карда буданд.

Фоиза Ҳошимӣ соли гузашта дар шуъбаи 15 додгоҳи инқилоби Теҳрон ба раёсати қозӣ Салавотӣ ба иттиҳоми фаъъолияти таблиғӣ алайҳи ҳукумат ба шаш моҳи ҳабс ва панҷ соли маҳрумият аз фаъъолиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва матбуъотӣ маҳкум шуда буд.

Фотима Ҳошимӣ дар бахши дигаре аз мусоҳибаи худ бо "Калима" гуфтааст, ки Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваии қазоия (ҳукумати судӣ) ва Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, додситони кишвар ва афроде дар вазорати иттилоъот моил набудаанд, ки Меҳдии Ҳошимӣ ба Эрон бозгардад ва ин бозгаштро "ба нафъи ӯ" намедонистаанд.

Дар изҳори назаре дигар дар ҳамин иртибот Маҳмуд Ализодаи Таботабоӣ, вакили мудофеъи Меҳдии Ҳошимӣ гуфтааст: "Агар то кунун Меҳдии Ҳошимӣ ба кишвар барнагашта буд, ба хотири тавсияҳои масъулони қазоӣ аз ҷумла қувваи қазоия ва додситонӣ ба оятуллоҳ Ҳошимии Рафсанҷонӣ буд."

Ба гузориши ИСНО оқои Ализода Таботабоӣ дар изҳороти худ дар ҷамъи хабарнигорон афзудааст: "Меҳдии Ҳошимӣ мегуфт ин баҳсҳое, ки матраҳ мешавад, даъво бо ман нест, балки даъво бо падарам аст. Ман чаро бояд берун биншинам то ҳар чи дилашон мехоҳад, бигӯянд."

Вай гуфтааст: "Ҳатто то ҳафтаи гузашта оқои Ҳошимӣ (Рафсанҷонӣ) ба далели таъкиди дастгоҳи қазоӣ аз омадани Меҳдӣ мамониъат мекард, вале ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки ҳам дарси ӯ тамом шудааст ва ҳам хонаводаи ӯ инҷо ҳастанд ва ҳам ин ки худи Меҳдӣ исрор дорад биёфд, лизо мушкиле надорад, ки агар иттиҳоме ҳам мутаваҷҷуҳи ӯ аст, тибқи қонун расидагӣ шавад."

Мақомҳои қазоии Эрон Меҳдии Ҳошимиро муттаҳам мекунанд, ки дар эътирозҳое пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1377 (2009) даст доштааст. Ҳамчунин бархе расонаҳои муҳофизакор ба ӯ иттиҳоми фасоди молиро ворид кардаанд.

Оқои Ҳошимӣ бо инкори иттиҳомоти молӣ ва такзиби дахолати худ дар ҳаводиси баъд аз интихобот таъкид карда, ки дар солҳои ахир ба унвони донишҷӯ машғули мутолаъа дар донишгоҳи Оксфорд будааст.

Бархе аз расонаҳои Эрон мегӯянд, ки Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ройзаниҳоеро барои "муҳокимаи одилонаи" фарзандаш бо "бархе мақомҳои олирутба" анҷом додааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi