16:43:42 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАДИНАЖОД ЗАМИН ВАЪДА ДОД, ТО БЕШТАР ТАВАЛЛУД КУНАНД

Раисиҷумҳури Эрон эълон кардааст, ба хонаводаҳое, ки фарзанди бештаре доранд, сиккаву замин ҳадя хоҳанд дод. Дар Ҷумҳурии исломии Эрон бар асари фақр ва боло рафтани синни издивоҷи духтарон шумораи аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Аммо хабаргузории “Меҳр”-и Эрон ахиран матни эъломияеро ба нашр расонд, ки бар асоси он давлат барои фарзандони аввали волидайни зери 25 сол сиккаи тиллоӣ ва замин ҳадя медиҳад, то онҳоро ба таваллуди бештари фарзанд ташвиқ кунад.

/images/stories/2012/10/19_president.ir-191012.jpgДар гузашта низ Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ, раҳбари рӯҳонӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, интиқод карда буданд, ки аҳолии Ҷумҳурии исломӣ кам - ҳамагӣ 70 миллион нафар аст. Дар ҳоле ки ин кишвар зарфияти аз 120 то 200 миллион сокинро дорад. Онҳо қавл дода буданд, барои ташвиқи таваллуд ба хонаводаҳо кӯмаки молӣ хоҳанд кард, ки иҷро нашуд.

Ин бор низ баъд аз изҳороти Аҳмадинажод хонум Марзия Ваҳии Дастҷердӣ, вазири беҳдошти Эрон, аз роҳи зӯр боло бурдани мизони таваллуд дар хонаводаҳоро бенатиҷа донист ва гуфт, танзими хонавода аз ибтидо ба зӯр набудааст ва ҳоло низ афзоиши аҳолӣ аз ин роҳ муяссар нахоҳад шуд.

Вале суол ин аст, ки чӣ омилҳо сабаби коҳиши аҳолӣ дар Эрон шудаанд? Алии Тоифӣ, ҷомеашиноси эронӣ, вазъияти маишии хонаводаҳо ва боло рафтани синни издивоҷ дар Эронро омили таъсиргузор дар коҳиши таваллуд медонад:

“Фақр яке аз омилҳои аслист. Хонаводаҳо ба ин андеша меафтанд, ки ба сабабҳои иқтисодӣ тавони кашиши бори хонаводаро надоранд. Нуктаи дигар синни издивоҷ аст, ки солҳои ахир он ҳам ба далели иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боло рафтааст, ки дар натиҷа давраи борварии занон коҳиш ёфтаст”.

Ҷомеашиносони Эрон мегӯянд, худи занон низ бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ огоҳона аз таваллуд пешгирӣ мекунанд. Онҳо барои танзими хонавода мустақилона мутолиа мекунанд ва омӯзиш мебинанд.

Вале дар Тоҷикистон бошад, хонаводаҳое, ки дар вазъияти фақр ба сар мебаранд, аз таваллуди фарзанди бештар худдорӣ намекунанд. Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик ва раҳбари маркази таҳлилии “Шарқ” дар Душанбе, мегӯяд, серфарзандӣ дар кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла Тоҷикистон дар гузашта ташвиқ мешуд ва ба модарони серфарзанд унвон медоданд. Дар давоми 20 соли истиқлолият низ бо вуҷуди густариши фақр дар рӯҳияи мардуми Тоҷикистон ҳамон бархӯрд боқӣ мондааст ва давлат ба он дахолат намекунад.

“Дар ҷумҳурии мо барои ҳавасманд кардани серфарзандӣ ва ё пешгирӣ кардан аз таваллуди бештар қароре ба назар намерасад”,-афзуд ӯ. Ба гуфтаи Олимов, аксар хонаводаҳои тоҷик барои ҳамаи фарзандонашон заминаи таҳсилоти олиро таъмин карда наметавонанд. Вале баъд аз расидан ба синни камолот онҳоро нерӯи кории муфид барои хонавода медонанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi