06:42:28 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҶУСТУҶӮИ МАНЗИЛИ МАЪШУҚАИ ЖЕНЕРОЛ ПЕТРОУС ТАВАССУТИ ПУЛИС

Пулиси федерол Омрико душанбешаб ба хонаи Паула Бродвел, касе ки бо Дэвид Петреус, раиси собиқи Созмони Иттилоъотии Марказии Омрико робита доштааст, муроҷиъа ва хонаи ӯро ҷустуҷӯ карданд. Шелей Линч, сухангӯйи Эф-би-ой ин хабаро душанбешаб дар гуфтугӯе бо Би-би-сӣ таъйид кард.

/images/stories/2012/11/13_petraeus_broadwell-131112.jpgӮ гуфт маъмурони Эф-би-ой душанбеи 12 ноябр, қабл аз соъати 9-и шаб ба вақти маҳаллӣ ба манзили хонум Бродвел дар иёлати Каролинаи Шимолӣ муроҷиъа карданд, аммо дар бораи ҷузъиёти ин ҷустуҷӯ суҳбате накард. Дар ҳамин ҳол, сухангӯйи собиқи женерол Петреус мегӯяд, ки ин женероли бознишаста иқрор карда, ки робитаи номашрӯъе, ки ба хотири ифшои он аз мақоми худ канорагирӣ кард, "иштибоҳе азим" будааст.

Стив Бойлен, сухангӯйи собиқи оқои Петреус дар Ироқ, ки ба хонаводаи Петреус наздик аст, дар мусоҳиба бо шабакаи "Эй-би-сӣ" аз надомати ӯ сухан гуфт: "Ӯ дучори хатои доварӣ шуд ва медонад ва иқрор карда, ки иштибоҳи азиме муртакиб шуда. Ӯ масъулияти мавзӯъро ба уҳда гирифта ва ҳоло ӯ ва хонаводааш саъй хоҳанд кард ин марҳиларо пушти сар бигзоранд ва албата медонем, ки кори душворе хоҳад буд."

Оқои Бойлен ҳамчунин ба нақл аз оқои Петреус гуфт, ки робитаи ӯ бо хонум Бродвел ду моҳ пас аз он ки мудирияти Си-ой-эйро ба уҳда гирифт, шурӯъ шуд ва чаҳор моҳ қабл поён ёфт. Ӯ, ки 37 сол бо ҳамсараш зиндагӣ карда, дар истеъфономааш навишт, ки рафтораш "ғайриқобили қабул" будааст.

Мақомҳои аршади пулиси федероли Омрико (Эф-би-ой) ва Си-ой-эй рӯзи сешанбе дар Кунгра ҳозир хоҳанд шуд, то дар бораи таҳқиқоте, ки ба кашфи он робита мунҷар шуд, тавзеҳ диҳанд.

Дэвид Петреус ба унвони женерол дар артиш ба хотири ҳидояти амалиёти муваффақи зиддишӯришгарӣ дар Ироқ ба шуҳрат расид ва 14 моҳ қабл раёсати Си-ой-эй-ро ба уҳда гирифт.

Моҷарои робитаи оқои Петреус бо Паула Бродвел нависандаи китобе дар шарҳи ҳоли женероли бознишастаи омрикоӣ рӯзи ҷумъа яъне се рӯз пас аз пирӯзии муҷаддади Барак Обама ба раёсати ҷумҳурӣ фош шуд.

Аммо ду рӯзи гузашта бо фош шудани абъоди густардае аз ҷанбаҳои таҳқиқоти Эф-би-ой, ки ба кашфи моҷаро мунҷар шуд, суолоти бештаре дар бораи моҷаро матраҳ шудааст. Гузоришҳо ҳокист, ки мақомҳои Эф-би-ой ва вазорати додгустарӣ авохири тобистон аз ин робита бохабар шуданд.

Аъзои ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагон аз ҷумла ин суолро матраҳ кардаанд, ки агар суолоти ҷиддӣ дар бораи мусолиҳа бар сари иттилоъоти амниятӣ - ба хотири ин робита - вуҷуд дошт, чаро Эф-би-ой чанд моҳ давлати Обамаро аз мавзӯъ бехабар гузошт.

Дайэн Файнстайн, раиси демукроти кумитаи иттилоъоти Сено ҳам гуфтааст, ки ин масъаларо, ки чаро Эф-би-ой руасои кумитаҳои назоратии Кунграро хабар накарда буд, дунбол хоҳад кард.

Ӯ дар мусоҳибае бо шабакаи "Фокс" гуфт: "Мо аз қабл ҳеҷ гуна хабаре дарёфт накардем. Хабар мисли соъиқа фуруд омад."

Гуфта мешавад, ки нигаронии дигари онҳо марбут ба ҳодисаи ҳамла ба кунсулгарии Омрико дар шаҳри Бенғозӣ дар рӯзи 11 сентябри гузашта аст, ки ба марги сафири Омрико ва се муҳофизи омрикоӣ мунҷар шуд

Хонум Бродвел моҳи гузашта дар суханоне дар донишгоҳи Денвер гуфта буд, ки Си-ой-эй афродеро дар як боздоштгоҳи махфӣ дар Бенғозӣ таҳти бозошт қарор дода буд ва ҳамлаи Бенғозӣ талоше барои озод кардани он зиндониён буд. Аммо Си-ой-эй рӯзи душанбе ин иддаъоро рад кард.

Барак Обама дар моҳи январи 2009 билофосила пас аз шурӯъи кор ба унвони раиси ҷумҳур тайи ҳукме ҳақ боздошти афродро аз Си-ой-эй гирифт. Равияе, ки дар даврони Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Омрико, ба унвони бахше аз мубориза бо терурисм ба кор гирифта мешуд.

Оқои Петреус қарор буд рӯзи панҷшанбе дар мавриди ҳамлаи Бенғозӣ пушти дарҳои баста дар кунгра шаҳодат диҳад, аммо акнун Майкл Морел, мудири мувақати Си-ой-эй, ҷойи ӯ ҳозир хоҳад шуд.

Расонаҳои омрикоӣ гузориш медиҳанд, ки авоили тобистон зане бо номи Ҷил Келлӣ, аз дӯстони хонаводагии оқои Петреус, назди Эф-би-ой рафт, то аз имейлҳои таҳдидомезе, ки аз Паула Бродвел дарёфт карда буд, шикоят кунад.

Гуфта мешавад, ки Паула Бродвел, Ҷил Келлиро ба рафтори иғфолгарона бо женерол собиқ муттаҳам карда буд. Таҳқиқиоти Эф-би-ой дар мавриди имейлҳои хонум Бродвел боъиси ифшои робитаи ӯ бо мудири Си-ой-эй шуд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi