03:35:22 09-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

УЗБАКИСТОН МАСЪУЛИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО ДАР САР ЗАДАНИ МОҶАРОИ СӮХ ГУНАҲГОР МЕКУНАД

То ин соатҳо аз дасти гаравгонгирҳои сокини Узбакистон 14 зану кӯдаки қирғиз озод шуданд. Сокинони минтақаи Сӯхи Қирғизистон чордаҳ зану чанд кӯдакро аз гарав раҳо намудаанд. Айни замон, аз рӯи иттилои  мақомоти вилояти ҷанубии Ботканд, аз 20 шаҳрванди дигари Қирғизистон дар гарав боқӣ мемонанд.

/images/stories/2013/01/07_karta-kirgiz-070113.jpgАз рӯи иттилои бахши қирғизии радиои Озодӣ, гаравгонҳо, асосан мардҳо, дар посгоҳи марзӣ нигоҳ дошта мешаванд. Раҳоии гурӯҳи аввали гаравгонҳо дар натиҷаи  музокироти раиси вилояти Ботканд Ҷаниш Раззоқов бо гаравгонгирҳо – сокинони рустои Ҳушёри анклави Сӯх, як  ҷазира-қаламрави Узбакистон дар дохили хоки Қирғизистон даст дод.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи марзбонии хадамоти амниятии Узбакистон изҳороте пахш намуда, таъкид кардааст, ки 5-уми январ марзбонони Қирғизистон хилофи қарордодҳои байналмилалӣ амал намуда, саъй карданд ба хотири таъмини посгоҳи қирғизии Чорбоғ бо нерӯи барқ дар қаламрави деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Узбакистон симчӯб мустақар намоянд. Ба қавли марзбонони Узбакистон, онҳо ба ҳамтоҳои қирғизии худ фаҳмонданд, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, ингуна амалҳо  бояд баъди мувофиқати ду тараф идома ёбад.

Марзбонони Узбакистон илова кардаанд, ки тибқи мувофиқат ҷонибҳо мебоист дар таърихи 6-уми январ барои арзёбии ин масъала мулоқот мекарданд, вале ҷониби қирғиз дар ҳамон рӯзи 6-уми январ бунёди симчӯбҳоро давом дод, ки дар ниҳояти амр, боиси бархӯрди сокинони деҳаи Ҳушёр бо марзбонони қирғиз гардид.

Марзбонони Узбакистон иброз доштаанд, ки марзбонони қирғиз аз силоҳ кор гирифта, 5 сокини Ҳушёрро маҷрӯҳ намуданд. Ба қавли марзбонони узбак, раиси вилояти Ботканд Ҷаниш Раззоқов ва мансабдорони воломақоми нерӯҳои марзбони Қирғизистон бо изҳори маъзарат эътироф кардаанд, ки бунёди симчӯбҳо дар ҷои ғайриқонунӣ сурат гирифтааст. Мақомоти Узбакистон хулоса мекунанд, ки масъулияти вазъи ногувор дар марзи миёни Узбакистону Қирғизистон бар дӯши марзбонони қирғиз аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тартиботи Узбакистон таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ намудаанд.

Рӯзи шанбе сокинони деҳаи Ҳушёри Сӯх болои марзбонони қирғиз замоне ҳамла карданд, ки онҳо бунёди симҳои барқ дар атрофи посгоҳи “Чорбоғ”-ро назорат мекарданд. Рӯзи якшанбе, сокинони Сӯх болои марзбонони қирғиз ҳамла карда, ҳамзамон бо он камаш 40 шаҳрванди Қирғизистонро ба гарав гирифтанд. Расонаҳои хабарӣ шумораи издиҳоми гаравгонгирро аз 100 то 1000 нафар номидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо сокинони Сӯх саъй намуданд, силоҳи марзбононро мусодира кунанд. Ба навиштаи хабаргузории Аки-пресси Қирғизистон, дар ин ҷанҷол чанд тан аз марзбонони қирғиз ҷароҳат бардоштаанд.

Рӯзи якшанбе дар ин задухӯрдҳо як афсари полиси қирғиз низ ба таври ҷиддӣ захмӣ шудааст, ки ӯро ба бемористони Ботканд интиқол додаанд.

Шоҳидони ҳодиса ба хабаргузории Интерфакси Русия гуфтаанд, ки шаҳрварвандони Узбакистон посгоҳи марзбонони қирғизро сангборон карда, тирезаҳои онро шикастанд. Бар илова, ба навиштаи ин хабаргузорӣ, сокинони Сӯх даҳҳо мошинеро, ки рақами қирғизӣ доштанд, мутаваққиф намуда, ронандаҳоро ба гарав гирифтаанд. Камаш чор мошини шаҳрвандони Қирғизистон тахриб шудааст.

Рӯзномаи “Вечерний Бишкек” рӯзи шашуми январ иттилоъ дод, ки марзбонони қирғиз ба тарафи сокинони Сӯх оташ кушода, камаш се нафари онҳоро маҷрӯҳ намудаанд. Аммо баъзе манбаъҳои дигар ин хабарро такзиб мекунанд. Раиси вилояти Ботканд Раззоқов мегӯяд, хешовандони гаравгонҳо ҷамъ шудаанд ва мехоҳанд ба тарафи Сӯх ҳаракат кунанд.

Рӯзи душанбе идораи додситонии Қирғизистон гуфт, ки бар зидди сокинони Сӯх бо иттиҳоми гаравгонгирӣ, ҳамла болои афсарони интизомии Қирғизистон ва тахриби моликияти давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад кард.

Мушкили Сӯх беш аз даҳ сол инҷониб вуҷуд дорад. Аз замони шӯравӣ Сӯх вилоятҳои Ӯш ва Ботканди Қирғизистонро ба ҳам мепайвандад. Узбакистон борҳо талош кардааст, ҳаракати шаҳрвандон ва мошинҳоро тавассути ин роҳ маҳдуд кунад. Сокинони деҳаи Ҳушёр асосан тоҷиконанд. Аз соли 1999 вақте ҷангҷӯёни исломӣ  болои манотиқи ҷанубии Қирғизистон ҳамла  карданд, ҳукумати Узбакистон ҳузури низомиаш дар Сӯхро таҳким бахшид. Ду рӯз пеш марзбонони Узбакистон дар марзи миёни ду кишвар як шаҳрванди Қирғизистонро ба қатл расонда буданд.

Марзбонони узбак изҳор намуданд, ки ӯ қочоқчӣ буда, ҳангоми убури ғайриқонунии марз кушта шуд. Вале марзбонони қирғиз иброз доштанд, ки ин фарди бесилоҳ буд ва куштори ӯ такрори чанд ҳодисаи дигари ҳамсон дар гузашта будааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi