00:37:46 15-уми Июни 2025 сол

МАВҶИ ТОЗАИ БОЗДОШТИ РӮЗНОМАНИГОРОН ДАР ЭРОН

Дасти кам даҳ хабарнигори нашрияҳои мустақили эронӣ дар як рейди нирӯҳои амниятӣ боздошт шуданд. Тибқи гузоришҳои расида, рӯзи якшанбе дар Теҳрон дар рафти юриши ҳамзамони нерӯҳои амниятии Эрон ба идораҳои панҷ нашрия даҳҳо рӯзноманигор боздошт шудаанд. Хабаргузории "Форс" навиштааст, шумораи рӯзноманигорони боздоштшуда 11 нафарро ташкил медиҳад.

/images/stories/2013/01/28_joornalist-28012013.jpg

Амалиёт бар зидди нашрияҳои “Эътимод”, “Ормон”, “Шарқ”, “Баҳор” ва “Осмон” бузургтарин иқдоми мақомоти Ҷумҳурии исломӣ аз замони интихоботи баҳсбарангези соли 2009 аст, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро бори дуюм сари қудрат овард. Хабаргузории эронии "Меҳр" изҳор намудааст, ки рӯзноманигоронро ба хотири ҳамкорӣ бо "расонаҳои форсизабони зиддиинқилобӣ" дастгир намудаанд.

Дар Эрон истилоҳи "расонаҳои зиддиинқилобӣ" одатан дар иртибот бо расонаҳои хориҷии шабеҳи Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва Би-би-сӣ (BBC) истифода мешавад. Ҳафтаи гузашта додгоҳи Ҷумҳурии исломӣ иброз дошт, ки “бар асоси иттилои манобеи мувассақ иддае аз рӯзноманигорон бар иловаи кор дар расонаҳои маҳаллӣ бо расонаҳои ғарбии зиддиинқилобӣ ҳамкорӣ мекунанд.”

Ҳамчунон хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки рӯзи якшанбе бо ҳукми додситонӣ дастрасӣ ба вебсайти “Тобнок”-и мутааллиқ ба Муҳсини Ризоӣ маҳдуд шудааст.

Эрон дар заминаи боздошту саркӯби рӯзноманигорон яке аз бадтарин кишварҳо ба шумор меравад. Созмони хабарнигорони бидуни марз дар як гузоришаш навиштааст: “Солҳост, ки саркӯбу таҳқири давомдори рӯзноманигорон ба фарҳанги сиёсии ҳокимияти ҷумҳурии исломӣ табдил ёфтааст ва идомаи ҳаёти ин режим баста ба саркӯби расонаҳост.”

Созмони хабарнигорони бидуни марз Эронро бузургтарин зиндони рӯзноманигорон дар Ховари Миёна ва яке аз се зиндони бузургтарини ҷаҳон барои рӯзноманигорон дар соли 2012 унвон додааст.

«Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
0 #1 Салом 29.01.2013 00:18
Салом. Магар дар дигар кишвархо чои интиқод вучуд дорад ки Эронро интиқод мекунед??? Магар озоди дар кишвари Америка ва дигар кишвархо аст ки шумо Эронро интиқод мекунед?? Магар дар дигар кишвархо касе зидди давлат харф занад он давлат уро боздошт намекунед??? Магар рузномаи худи шумо дар бархе манотиқ махдуд шудааст??? дар Эрон озодие аст ки дар дигар чойхо нест??? Ман худ дар ончо будам ва дидам чи гун а озоди вучуд дорад нисбат ба дигар чойхо?? Чаро шумо ин қадар тунд харф мезанед ба алайхи Эрон?? Кишвари исломи дар чахони ислом?? Худо нигахдор
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854