01:18:48 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Осиё ба Россия аз кадом дидгоҳ менигарад?

Алексей Власов, муовини декани факултаи таърихи ДДМ ба номи Ломоносов (Москва)

Россия дар Осиёи Марказӣ чи нақше дорад? Кадом омил меҳвари ин муносибатҳо аст: муҳоҷирати корӣ, қарзҳои чандинмиллиона ё "чатри бехатарӣ"-и Россия? Сайъ мекунем, ба ин саволҳо такя ба мулоҳизаҳое посух гӯем, ки баробари коҳиши равобити иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии аз Иттиҳоди Шӯравӣ устувор монда муносибат бо Россия низ дар минтақа тағир меёбад. Ҳамакнун ба фарқ аз 10-12 соли пеш равобит дар асоси сабабу ҳадафҳои куллан дигар муайян гашта истодааст.

Симои "ҳаматарафаи" кишвар

politica-rossia_457878.jpg

Бегуфтугӯ, дар ин миён як хулосабарорие аз канор ҳаст, ки "симои ҳаматарафаи" Россияро бидуни вобастагӣ ба хусусияти кишвар ба шакл медарорад. Масалан, дар аксари давлатҳои минтақа на танҳо табақаи болоии ҷомеа, балки қисми зиёди шаҳрвандони оддӣ низ сиёсати Москваро чун яке аз асоситарин "манбаҳои захиравӣ" баҳогузорӣ мекунанд. Пеш аз ҳама, сиёсати Россияро аз нуқтаи назари кумакҳои иқтисодӣ ба баррасӣ мегиранд: шурӯъ аз дастраскунии қарзҳо то ба ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои интегратсионӣ чун Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Иттиҳоди гумрукӣ.

Аммо ин тартиботи ҷалбкунанда аллакай ба таври кофӣ устувор ба назар намерасад. Айни ҳол кишварҳои минтақа имкони интихоб доранд, азбаски манбаи чунин дастгириҳо на танҳо Россия, балки метавонад Пекин, Вашингтон ва Брюссел бошад. Бар замми ин, на ҳамеша шароитҳои аз ҷониби Россия пешниҳодшаванда дар муқоиса бо пешниҳодҳои бозигарони беруназминтақавӣҷолибтар аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Қазоқистон ва Турманистон бо доштани захираҳои зиёди манобеи энергетикӣ метавонанд, ба фарқ аз солҳои 1990, сиёсати хеле мустақилонаро ба роҳ монанд.

Муҳоҷират ва муҳоҷирон

Россия бештар чун кишваре тасаввур мегардад, ки он ҷо муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣҷои кор меёбанд ва имкони таъмини оилаи худро ба даст меоранд. Мувофиқи "Ҳисобот оид ба муҳоҷирати байналмилалӣ дар соли 2012", ки коршиносони Созмони иқтисодии ҳамкорӣ ва рушд таҳия кардаанд, теъдоди муҳоҷирони кории муваққатӣ дар Россия назар ба ИМА ду баробар зиёдтар аст. Илова бар ин, таи ҳашт соли ахир дар муқоиса бо дигар миллатҳо ба Россия бештар қирғизҳо, ӯзбекҳо ва тоҷикон дар ҷустуҷӯи кор омадаанд.

Бино ба иттилои Созмони байналмилалии меҳнат, наздики як миллион нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа машғули коранд, ки 97 фисади ин теъдод ба Федератсияи Россия рост меояд. Аз чор се ҳиссаи муҳоҷирони тоҷик дар сохтмон, беш аз 100 ҳазор дар саноат ва кишоварзӣ, наздики 70 ҳазор дар савдо ва қариб ҳамин қадари дигар дар хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ машғули коранд.

Меъёри вобастагии кишварҳои Осиёи Марказиро аз интиқоли пулии муҳоҷирони корӣ пажӯҳишҳои Бонки ҷаҳонӣ, ки моҳи ноябри соли 2012 ба нашр расид, тасдиқ менамояд. Ҷои аввалро дар ҷаҳон аз рӯи ин нишондиҳанда Тоҷикистон ишғол мекунад, ки 47 фисади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишварро маблағҳои аз Россия фиристодаи муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, 44 фоизи аҳолии Россия сабаби аслии афзоиши миллатгароиро дар кишвари худ ба "бадрафтории миллатҳои хурд" марбут медонанд. Ҳарчанд чунин бархӯрди манфӣ ба рӯҳияи худи муҳоҷирон низ таъсиргузор аст, аммо аксар вақт онҳо интихоби дигаре надоранд.

Нигоҳ аз дохил: иқтисод

Бегуфтугӯ, муносибат бо Россия дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа мусбат аст. Бино ба пажӯҳиши "Мизони интегратсионӣ", ки аз сӯи Бонки АвруОсиёии рушд анҷом шуд, мувофиқи ҳамаи пурсишҳои афкори ҷомеа, сатҳи ҷонибдории лоиҳаҳои барои вусъати ҳамкориҳо бо Москва нигаронида шуда (пеш аз ҳама, дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ) дар Қазоқистон 80%, дар Тоҷикистон 76% ва дар Қирғизистон 67%-ро дар бар мегирад. Мутаносибан, дар Ӯзбекистон низ қисмати бештари аҳолӣ амалишавии лоиҳаҳои интегратсионӣ бо Россияро ҷонибдорӣ мекунанд, лекин ин нишондиҳандаҳо бо мавқеи расмии аз сӯи элитаи сиёсии ин кишвар амалишаванда мувофиқат намекунад.

80 фисади ҷонибдорони интегратсияи АвруОсиё дар Қазоқистон бештар аз ҳама тарафдори тақвияти ҳамкориҳо бо Россияанд, аммо ба идеия иттиҳоди иқтисодӣ муносибати "мусбату бепарвоёна" доранд. Зеро меваи интегратсияро айни ҳол наметавон чашид, натиҷа бештар дар сатҳи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз назар гузаронида мешавад.

Барои аҳолии Қирғизистон ва Тоҷикистон майл ба Россия характери прагматикӣ касб кардааст. Теъдоди бештари қирғизҳо ва тоҷикони пурсидашуда ҳанӯз дар замони Шӯравӣ соҳиби маълумот гардида буданд ва мавқеи кунунӣ на танҳо ёди гузаштаи муштарак, балки дарки ин воқеияти ошкор аст: бе вусъати дастгириҳо аз ҷониби Россия ба гумон аст, ки ин кишварҳо аз бунбасти иҷтимоиву иқтисодӣ раҳоӣ ёбанд.

Бо ин вуҷуд, на танҳо наслҳои калонсолу миёна, балки ҷавонон ҳам ба Россия бо умед менигаранд. Дар шароити ҳозира муҳоҷирати корӣ ба шарҳои калони Россия бегумон имкони ягонаи боло бурдани мавқеи иҷтимоии хеш аст. Ҳатто агар зарурати бо маоши кам кор кардан дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хизматрасонӣ пеш ояд ҳам. Аз дусар барои ҷавонон дар Осиёи Марказӣҷои кор қариб ки нест.

Дар ҳоле ки маоши миёна дар Қирғизистон тақрибан 140 долларро ташкил медиҳад, коргарқирғизҳои беихтисос дар Россия метавонанд 300-400 доллар кор кунанду соҳибихтисосҳо дар як моҳ ҳазор доллар ба даст биёранд. Дар мавриди коргарони тоҷик низ ҳамин ҳолат ба назар мерасад.

Фазои умумии фарҳангӣ

Россия ва Қазоқистон: аз ҷиҳати тамаддун байни ин ду кишвар чун пештара муштаракоти зиёде мавҷуд аст, ки фаротар аз умумиятҳои замони Шӯрависту муносибатҳои наздики иҷтимоию фарҳангиро низ дар бар мегирад. Ҳарчанд дар муқоиса бо солҳои 1990 риштаҳои тамоси инсонгароӣ ба таври намоён суст шудаанд, махсусан дар соҳаи маориф.

Дар воқеъ, танҳо 41% ва 32%-и шаҳрвандони ҷавони Қирғизистон ва Қазоқистон изҳор доштанд, ки хоҳиши таҳсил дар мамолики пасошӯравиро доранд ва пеш аз ҳама, дар Россия. Дар соҳаи маориф рақобат беш аз пеш шадидтар мешавад, аммо мактабҳои олии Россия на ҳамеша бартариҳои худро дар қиёс бо муассисаҳои таълимии туркӣ, хитоӣ ва аврупоӣ муаррифӣ карда метавонанд.

Муносибат ба Россия дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ мусбат аст. Аммо дар ин кишвар низ ҳаросу ваҳм нисбат ба сиёсати пешгирифтаи Москва дар минтақа ва тақдири муҳоҷирони кории бешумор аз Тоҷикистон ба назар мерасад.

Дар мавриди дарки комили симои Россия дар Ӯзбекистон ва Туркманистон сухан гуфтан мушкилтар аст. Сиёсати расмии Ашқобод аз лаҳзаи фурӯпошии ИҶШС бо идеяҳои канорагирӣ олуда гардида буд, ки боиси дурӣ на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи ҷомеаи ин ду кишвар низ гардид. Қисмати бештари туркманҳо ягон вақт дар Россия набудаанд ва огоҳии онҳо дар бораи кишварҳои хориҷӣ хусусияти умумӣ дорад. Назорати қатъии фазои иттилотӣ дар ин самт нақши асосӣ дорад, ки аз ҷониби ҳукумати ин кишвар роҳандозӣ мешавад. Теъдоди зиёди сокинони Туркманистон дар бораи ҳодисаҳои берун аз кишвар рухдиҳанда ягон тасаввурот надоранд, аз ҷумла дар мавриди воқеаҳои Россия.

Нақши диаспораҳо

Таъсири нисбатан заифро ба шаклгирии симои Россия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ диаспораҳои рус мерасонанд. Мушкил дар номуайяншаклӣ ва набудани ваҳдати дохилии онҳост. Илова бар ин, кӯчбандии аҳолии русзабон аз минтақа дар солҳои 1990 ба сустшавии майлгароӣ ба Россия низ таъсири ҷиддие расонд.

Дар солҳои 1991-1999 муҳоҷирати аҳолии ғайритаҳҷоӣ аз Осиёи Марказӣ ба Россия 2,6 миллион нафарро ташкил дод, ки аз чор се ҳиссаи ин теъдодро мардуми славян, аз ҷумла аз се ду ҳиссаро русҳо дар бар мегирифтанд. Дар солҳои 1989-1999 теъдоди русҳо дар Қазоқистон аз 6,1 то 4,5 миллион (26%), дар Ӯзбекистон аз 1,6 то 1,2 миллион (27%), дар Қирғизистон аз 917 то 603 ҳазор (34,2%) ва дар Тоҷикистони ҷанги шаҳрвандиро паси сар карда аз 388,5 то 68, 2 ҳазор (5,7 баробар) кам шуд.

Ҳолати ғайримуқаррарӣ дар Туркманистон ба назар мерасад, ки дар шароити низоми худкома омори саҳеҳи демографӣ амалан вуҷуд надорад. Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 1995 теъдоди русҳо дар ин кишвар аз 334 то 229 ҳазор ва дар аввали соли 2001 то 100-120 ҳазор (2,5-3 баробар) кам шудааст.

Теъдоди қиёсии русҳо дар доираи аҳолии Қазоқистон дар ин давра аз 37,4 то 30%, дар Қирғизистон аз 21,5 то 12,5%, дар Ӯзбекистон аз 8,3 то 5%, дар Тоҷикистон аз 7,6 то 1,1% ва дар Туркманистон аз 9,5 то 2% кам гардидааст.

Ӯзбекистон аз рӯи шумораи аҳолии русзабон дар Осиёи Марказӣ мавқеи дуюмро касб кардааст. Дар соли 2000 теъдоди аҳолии русзабон дар ин кишвар 1,2 миллион нафар гуфта мешуд, ҳарчанд ҳамон вақт низ ин рақам дилпуркунанда набуд. Тибқи баъзе баҳогузориҳо, имрӯз дар Ӯзбекистон на зиёда аз 500 ҳазор мардуми славянии шарқӣ боқӣ мондаанд, ки теъдоди онҳо дар қиёс ба соли 1989 (1,8 миллион) қариб 4 баробар кам гаштааст. Қисмати зиёди русҳо дар Ӯзбекистон ба доираи зиёиёни фанниву гуманитарӣ дохил мешаванд. Вале назорати қатъӣ аз ҷониби ҳукуматдорон доираи иртибот бо Россияро маҳдуд кардааст.

"РИА Новости" www.ria.ru



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi