11:42:04 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бухориев: «Раҳмон таҷруба дорад, вале метавонам бо ӯ баҳс кунам»

Толиб Бухориев, яке аз ҳафт номзади пешниҳодшуда барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон аст. Оқои Бухориев дар муксоҳиба бо ҳамкорамон Орзуи Карим гуфта, ки агар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ, дар миёни номзадҳо барои ширкат дар интихоботи 6 ноябр бошад, бидуни мушкиле бо ӯ вориди баҳс хоҳад шуд:

tolibbukhoriev-456565-Шумо як донишманди улуми кишоварзӣ ҳастед, аммо дар арсаи сиёсии Тоҷикистон чандон шахси шинохташудае нестед. Чаро аъзои ҳизби кишоварзӣ тасмим гирифтанд Шуморо ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад кунанд?

-Дуруст аст, ки ман як олими арсаи кишоварзӣ ҳастам, вале фикр мекунам, ки ҳар як нафарро зарурист, ки худашро дар сиёсат бисанҷад ва вориди сиёсат шавад. Ҳизби кишовазии Тоҷикистон, ки худ як ҳизби сиёсӣ аст, манро номзади арзанда ба раёсати ҷумҳурӣ шинохт. Кӯшиш мекунам, ки дар майдони сиёсат қадамҳои устуворе гузорам ва муваффақ бошам.

-Мешавад дар бораи худатон бештар иттилоъ бидиҳед? Дар бораи хонавода ва фаъъолиятҳои хусусии хеш чанд ҳарфе бигӯед?

-Ман дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон таваллуд шуда ва баъди таҳсил дар мактаб дар Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон таҳсил кардам ва аз он ҷо фориғуттаҳсил шудам. Аз соли 2006 ноиби раиси Фарҳангистони улуми кишоварзӣ ҳастам ва як инсони одиям ва чаҳор фарзанд дорам.

Рисолаи дуктуриямро дар бораи зироъатҳои лубиёӣ ва ҷамъ намудани азоти биюлужик ва ғанӣ намудани хок аз ҳисоби азоти биюлужӣ анҷом додаам. Як умр дар арсаи кишоварзӣ фаъъолият карда ва корҳои илмӣ кардам ва мехоҳам, ки корҳои илмиро идома бидиҳам.

-Шумори аъзои ҳизби кишоварзӣ дар Тоҷикистон чанд нафар аст? Фикр мекунед дар интихобот чанд дарсад раъй ба даст хоҳед овард?

-Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон 29 ҳазору 600 узв дорад ва ин барои як ҳизб кам аст. Дар Тоҷикистон, ки 73 дар сади аҳолияш дар рустоҳо ҳастанд ва ба кишоварзӣ машғуланд, бояд шумори аъзои ин ҳизб аз ин ҳам зиёд бошад.

Лекин ман фикр мекунам, ки кишоварзон ва он нафароне, ки дар ширкатҳои кишоварзӣ фаъъолият мекунанд, аз ҳизби мо ҷонибдорӣ мекунанд ва раъйи худро ба ҷонибдории мо ба сандуқҳо мерезанд.

-Ба назар мерасад, ки ҳизби шумо фаъолияти чандон густардае надорад ва бисёриҳо ин ҳизбро аслан намешиносанд. Ин ҳизб аслан чи мехоҳад, чи ҳадаф дорад? Бисёриҳо онро як "ҳизби кисагӣ" мехонанд, ки танҳо ба хотири ширкат дар интихоботҳо таъсис шуда ва ҳадаф ҳам надорад, ки ба қудрат бирасад? Андешаи Шумо дар ин маврид?

-Ҳамаи ҳизбҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон фаъъолият мекунанд, бо ҳадафҳои худ вориди сиёсат мешаванд. Аз ҷумла Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, ки соли 2005 таъсис шуд, бо ҳадафҳое сабти ном шудааст. Тоҷикистон як кишвари кишоварзист ва таъмини амнияти ғизоӣ ҳадафи аслии ҳизби мост.

Ҳизби кишоварзиро мешиносанд, эҳтиром мекунанд ва мо мавқеъи худамонро дорем. Агар ҳадафе барои беҳбудии зиндагии кишоварзон ва мардуми тоҷик надошта бошем, наметавонем ба унвони як ҳизби сиёсӣ дар ин кишвар шинохта шавем.

Мехонем, ки аз ҳизбҳои сиёсӣ интиқод мекунанд ва мегӯянд, ки Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон "ҳизби кисагӣ" аст, вале ба ин гуфтаҳо розӣ нестем, чун афроде, ки инро мегӯянд, асос надоранд. Дар порлумон се нафар аз аъзои ҳизби мо курсиҳоро аз худ кардаанд ва садои онҳоро дар тасвиби қавонини кишвар мешунаванд.

-Оё ҳизби шумо имкони ҷамъоварии имзоҳои панҷ дарсад аз раъйдиҳандгонро дорад? Оё интизор доред, ки Кумисиюни марказии интихобот номзадии Шуморо ба сабт расонад?

-Дар ҷамъоварии имзоҳо мушкил надорем.

-Хуб, омодагиятон ба интихобот чи тур аст? Барномаи интихоботиятон чист? Чи ваъдаҳое барои интихобкунандагон дар анбон доред?

-Мо ба раъйдиҳандагон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ваъдаҳои зиёд ва дурӯғ намедиҳем. Ҳар чизеро, ки дар барномаамон омода кардем, ҳамонро дорем ва мехоҳем онро барои рушди кишварамон пиёда кунем.

Бештар ба арсаи кишоварзӣ таваҷҷуҳ кардаем, чун дар ин арса мушкилиҳои чашмрасе мушоҳида мешавад. Инчунин дар иқтисод, маъориф, зиндагии иҷтимоъии ҷавонон ва фарҳанг барномаҳоеро низ дар назар гирифтаем.

-Лутфан, яке аз мушкилоти умдаи арсаи кишоварзиро барои мо шарҳ диҳед, ки чист?

-Шумо медонед, ки аз ҳама моҳонаи ночизро (маъош) кишоварзҳо мегиранд, кумитаи молиёт аз онҳо молиёти зиёде меситонад ва аз ин рӯ, кишоварзон наметавонанд доираи фаъъолияти худро афзоиш диҳанд. Кишоварзон аз мазореъ даромади хубе надоранд.

-Бигӯед, ки барномаи интихоботии Шумо бо барномае, ки Амир Қароқулов, раҳбари ин ҳизб, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2006 пешниҳод карда буд, чӣ тафовуте дорад?

-Баъзе масъалаҳоро Қароқулов дар барномааш гуфта буд, ки дар барномаи номзадии ман ҳам ҷой дорад, вале боз бо фикри тоза номдад шудем ва мехоҳем, ки барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шавем.

Аммо бархе аз масоил, аз ҷумла дар бораи рушди соҳаи фермерӣ (ширкатҳои кишоварзӣ), бозсозии ин ширкатҳо, кумак ба кишоварзон, пешгирӣ аз шӯршавии мазореъ ва тақсими одилонаи замин бо барномаи қаблӣ фарқ доранд.

-Манзуратон аз тақсими одилонаи замин чист?

-Бубинед, ки тақсимоти замин барои сохтмони манозили зист дар шаҳру навоҳӣ хуб ба роҳ монда нашудааст ва мардум аз раванди тақсимоти замин шикоят мекунанд.

-Мушкили бекорӣ ва муҳоҷирати тоҷикон ба Русия аз масоили доғ дар Тоҷикистон аст. Дар мавриди эҷоди машоғил (ҷойҳои корӣ) ва беҳбудии ваъзи муҳоҷирони тоҷик чӣ барномае дар даст доред?

-Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон мехоҳад, ки бекорӣ дар Тоҷикистон аз миён бурда шавад, вале ин кори осоне нест ва дар дигар кишварҳое, ки пешрафта ҳастанд, онҷо низ бекорӣ ҳаст.

Танҳо коре, ки мехоҳем дар мавриди муҳоҷират анҷом диҳем, пуштибонӣ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар берун аз кишвар аст.

-Дар мавриди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чи назар доред?

-Дар боло гуфтам, ки ин қадами аввалини ман дар сиёсат аст ва ман дар мавриди пойгоҳи низомии Русия маълумот надорам, вале фикр мекунам, ки дар асоси мувофиқатномаи Тоҷикистон ва Русия ин пойгоҳ дар Тоҷикистон мустақар аст ва шояд ба фоидаи мо бошад.

-Аммо як кишвари мустақил бояд худаш амнияти худашро таъмин кунад. Бояд пойгоҳи ҳеч кишвари хориҷиро ба қаламраваш роҳ надиҳад. Чун дар он сурат истиқлолаш ба хатар меуфтад. Шумо чи чи назар доред?

-Амниятро мо кафолат (замонат) медиҳем, вале ҳамкориҳо бо Росия зарурист.

-Дар равобити Тоҷикистон бо кишварҳои дигари форсизабон чи тагйиротеро дар назар гирифтаед. Агар пирӯз шавед, метавонед барномаи гузариш ба хатти порсиро пиёда кунед?

-Тоҷикистон бо кишварҳои форсизабон, мисли Эрону Афғонистон, фарҳанги муштарак дошта ва ҳамкориҳои хубе дорад, вале фикр мекунам, ки гузор ба хатти порсӣ ҳоло барои мардуми тоҷик зарурӣ нест. Барои гузаштан ба хатти порсӣ барои тоҷикон дар шароити кунунӣ мушкил аст ва ман заруратеро барои навиштану хондан бо хатти форсӣ намебинам.

-Муносиботи Тоҷикистон бо бархе аз ҳамсоягонаш, бавижа Узбакистон, бад аст. Шумо метавонед тағйире дар ин замина ба вуҷуд оваред? Ва агар оре, пас чи гуна?

-Мо, ҳамсояҳо, узбаку тоҷик, бародар ҳастем ва бояд муносиботи хубе дошта бошем. Боварӣ дорам, ки ин масъала бо мурури замон ҳалли худашро меёбад. Сардии муносиботи сиёсии ду кишвар дар асоси қавонини онҳо аз миён меравад.

Давлати мо барои беҳбуд бахшидан ба муносиботи ин ду кишвар талош дорад. Маҳдудият дар хатти парвоз ва ҳаракати қатор миёни ду кишвар вуҷуд дорад, ки ин тадриҷан аз миён меравад.

-Бисёриҳо тарҳи "Роғун"-ро сабаби аслии норизоятии Узбакистон медонанд. Имкон дорад Тоҷикистон ба хотири ҳамсояаш аз ин тарҳ даст кашад?

-Ман на ҳамчун номзад ба раёсати ҷумҳурӣ, балки ҳамчун як шаҳрванд мехоҳам бигӯям, ки сохтани нирӯгоҳҳои калон (бузург) барои мо лозим аст, зеро бидуни нирӯгоҳҳо мо наметавонем саноеъи кишварамонро пеш барем.

Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" барои мо зарурист ва мо ҳаққи анҷоми ин тарҳро низ дорем. Ин иқдом ба ҷони Узбакистон зараре намерасонад.

-Аслан ҳамин тарҳи "Роғун" аз назари Шумо дар Тоҷикистон билохира ба иҷро хоҳад расид ё хайр? Чун 20 сол аст, ки давлат дар ин бора суҳбат мекунад.

-Ман боварӣ дорам, ки дар даҳ соли оянда сохтмони "Роғун" анҷом мешавад ва ин тарҳ барои тоҷикон зарурист.

-Аз бунёди нерӯгоҳи "Роғун" мардуми Тоҷикистон чи суде мебинанд? Коршиносон мегӯянд, ки даромади аслӣ аз фурӯши ин нерӯгоҳ низ ба суди сокинон нахоҳад буд. Ҳамон гуна ки мардум аз даромади "Талко", бузургтарин корхонаи олуминиюм дар Тоҷикистон маҳрум ҳастанд? Назари Шумо дар ин маврид чист?

-Дар фасли сармо дар Тоҷикистон нерӯи барқ барои сокинони шаҳру навоҳӣ таъмин нест ва гар "Роғун" сохта шавад, онҳо аз камбуди нерӯи барқ ранҷ намебаранд ва дар хонаҳои гарм замистонро пушти сар мекунанд. Давлат пуле, ки аз "Роғун" ба даст меорад ба ҷойи дигаре намебарад, ба фоидаи мо мебошад.

-Тоҷикистон як кишвари умдатан кишоварзист, 70 дарсади мардум ба кишоварзӣ машғуланд. Аммо чаро бахши кишоварзӣ зиндагии мардумро таъмин намекунад? Аксаран маҳсулоти кишоварзӣ ба Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамсоя, ҳатто Покистону Афғонистон, ворид мешавад? Чаро?

-Дар арсаи кишовазӣ мушкилоти зиёде дида мешавад. Маслалан, фарсуда шудани таҷҳизоти фаннии коркарди мазореъ дар ширкатҳои кишоварзӣ ва мардум аз ин арса даромади хубе надорад.

Мардум танҳо аз пули ба даст овардаашон аз мазореъ рӯзашонро мегузаронанд, аммо аз ин зиёд чизе ба даст намеоранд. Мо дар барномаи худ дар назар гирифтаем, ки ба мардуми кишоварз кумак кунем, то зиндагияшон беҳбуд пайдо кунад.

-Бисёре аз ширкатҳои кишоварзии пахтакор қарздоранд? Ин вомҳо аз куҷо пайдо шуд? Чи касе барои фурӯпошии арсаи кишоварзӣ масъул аст?

-Дар мавриди қарзи ширкатҳои кишоварзӣ ду маротиба гузашт шудааст, ҳанӯз вомҳои баъзе аз ширкатҳои кишоварзӣ, ки наметавонанд фаъъолияти комил кунанд, вуҷуд доранд.

Дар қарздор шудани кишоварзон, фикр мекунам, ки худи онҳо гунаҳкор ҳастанд, чун наметавонанд маҳсулоташонро дар бозорҳо ба фурӯш бароранд. Аз сӯйи дигар, дар бархе аз мазореъи кишоварзӣ камобӣ мушоҳида шудааст, ки дар натиҷа аз ин мазореъ маҳсулоти ночизе бардошта мешавад.

-Аслан, чи ислоҳоте дар арсаи кишоварзӣ Шумо дар назар гирифтаед?

-Корхонаҳои муштараки кишоварзиро фаъъол кардан, додани кумакпулӣ ва қарзҳои боимтиёз ба кишоварзон ва бояд арсаи кишоварзӣ таҳти назорати давлат бошад. Арсаи кишовазӣ бояд таҳти ҳимояи давлат бошад.

-Яъне ҳоло таҳти ҳимояти давлат нест?

-Ҳаст, вале ин кам аст, бояд ба арсаи кишоварзӣ хуб таваҷҷуҳ кунем.

-Дар интихоботи соли 2006 Амир Қароқулов, раҳбари ҳизби кишоварзӣ, ва дигар шахсиятҳои матраҳ номзад буданд, вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълӣ баранда шуд. Ҳоло ки Федеросиюни иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобот пешниҳод карда, дар ин маврид чӣ назар доред?

-Дуруст аст, ки Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад пазируфтаанд. Ҳар ҳизбе ҳақ дорад, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат кунад ва вориди корзори сиёсӣ мисли интихобот шавад.

Агар маҳдудият мебуд, ягон вақт Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон Бухориевро ба унвони номзад ба раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод намекард.

-Номзадҳои дигар ҳам аз ҳизбу гурӯҳҳои дигар пешниҳод шудаанд, аммо рақиби аслии ҳамаи Шумо Президент Раҳмон хоҳад буд, ки 21 сол боз қудратро дар даст дорад. Оё Шумо бовар доред, ки дар рақобат бо оқои Раҳмон пирӯз мешавед?

-Ҳар як номзад ба раёсати ҷумҳурӣ бо боварии пирӯзӣ ба мубориза мебарояд ва ҳадафаш пирӯзӣ дар интихобот аст. Ман умед дорам ва бо боварӣ номзад шудаам. Қудратро ба даст гирифтан ҳадафи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ аст.

-Агар Эмомалӣ Раҳмон, перезиденти феълӣ, вориди рақобат шавад, метавонед дар суҳбатҳои рӯ ба рӯ ё мубоҳисот аз ӯ интиқод кунед? Агар бо ӯ вориди баҳс шавед, иштибоҳоти ӯро ба таври ошкор ва рӯдаррӯ мегӯед?

-Дар сурате, ки барномаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон нодуруст бошад, дар мавриди иштибоҳоташ ҳарф мезанам, вале агар хуб бошад, чизе гуфта наметавонам. Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат як шахси шинохта аст ва таҷрубаи зиёд дорад ва ҳар шахс бо ӯ суҳбат карда наметавонад.

-Агар қасди мубоҳисоти шадид ва рӯдаррӯ бо Эмомалӣ Раҳмонро надоред, пас чаро ба сиёсат ворид шудед?

-Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таҷрубадор ва шинохтае дар сиёсат аст ва барои мо душвор аст, вале ман бо ӯ баҳс карда метавонам.

-Яке аз номзадҳои интихоботи имсол зан аст, Ойниҳол Бобоназарова. Шумо ба раҳбарии як зан дар Тоҷикистон, дар сурате ки интихоб шавад, чи назар доред? Оё як зан метавонад давлатро идора кунад?

-Мо медонем, ки кишвари мо як ҷомеъаи суннатӣ ва мардсолор аст, вале Бобоназарова метавонад, ки мисли Беназир Бҳуту раиси ҷумҳур бошад. Ман ба нерӯи занони тоҷик бовар дорам ва онҳо метавонанд, ки дар кишвари озоде мисли Тоҷикистон роҳбар шаванд.

-Нозирони байналмилалӣ ҳамвора мегуянд, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон шаффоф баргузор намешавад. Шумо ба баргузории интихоботи шаффоф ё демукротик дар Тоҷикистон бовар доред?

-Дар интихобот мушкилот ҷой дорад, вале ман фикр мекунам, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябр шаффоф баргузор мешавад. Агар дар гузашта интихоботи демокротик намебуд, мо ба ин рӯзҳои хуб намерасидем.

-Бархе таҳлилгарон мегӯянд, ки агар интихобот шаффоф баргузор нашавад, мардум даст ба эътирозоти густарда мезананд. Оё ин имкон дорад?

-Эътирози мардум лозим нест, бояд онҳо розӣ бошанд ва бояд муттаҳид бошанд. Ҳаводиси бархе аз кишварҳои арабӣ барои мо ошно аст ва набояд ба тазоҳуроти густардае, монанди ин кишварҳо, роҳ диҳем ва ман зидди ин тазоҳурот ҳастам.

-Шумо бо дигар номзадҳои раёсати ҷумҳурӣ шинос ҳастед ва ба назари Шумо, кадоме аз онҳо номзаде арзанда аст?

-Ман онҳоро мешиносам, вале фикр мекунам, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мо арзандатар аст. Дар интихоботҳои гузашта бо барномаи интихоботии Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқи демукрот шинос шуда будам ва ҷолибтар аз ҳама буд.

-Ташаккур барои суҳбат.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 НАСИМGuest 07.10.2013 00:45
НАМЕМУРИ НОМЗАДИ ТАРСУ ... КАДОМ МАРДИ СИЁСИ РАКИБАШРО АЗ ХУДАШ БОЛО МЕДОНАД????? АГАР БОЗИ НАБОШАД. МАН АЗ НАЗДИК ИН ОДАМА МЕШИНОСАМ. БА ХОТИРИ ХИМОЯТ АЗ РАХМОНОВ КОНДИТ ШУДААСТ.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi