16:52:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Азми Душанбе барои набард бо гурӯҳҳои мафиозӣ

Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон рӯзи 7 ноябр қонуни вижаи мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноиро тасвиб кард. Тоҷикистон назоратро бар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ тақвият мебахшад. Ин амр дар пайи тасвиби "Қонуни нави мубориза алайҳи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ», ки рӯзи панҷшанбе палати поёнии парлумони Тоҷикистон -ро тасвиб кард, руи даст гирифта мешавад.

abdumannon-kholiqov-4444.jpgАбдуманнон Холиқов, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин қонун гуфт, яке аз бахшҳои муҳими ин санад, роҳ надодани намояндаи гурӯҳҳои созмонёфта ба ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Ҷаноби Холиқов афзуд, «дар ин санад 10 самти аслии мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, аз ҷумла ифшо ва ҷилавгирӣ аз ин гурӯҳҳо, ки ба фаъолиятҳои террористӣ, ифротгароии мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, инсон, маводи тарканда, силоҳи оташфишон, кӯшиши бо роҳи ғайриқонунӣ дигар кардани сохтори конститутсионӣ ва ғайраҳо  шомил шудаанд. Аз сӯи дигар, ин қонун мавқеъи мақомотеро, ки дар ин самт кор мебаранд, мушаххас мекунад ва дар ин баробар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон дар авлавият қарор дорад.»

Ҷаноби Холиқов мегӯяд, то кунун дар кишвар қонунҳои алоҳидаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ вуҷуд дошт, аммо бо таваҷҷӯҳ ба ин ки аксари фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфта ба хотири даромади молӣ анҷом мешаванд, зарурати таҳияи қонуни алоҳида дар бораи чунин гурӯҳҳо пеш омадааст. Ба таъкиди ӯ, ҳамакнун ҳар ташкилоте, ки бо чунин гурӯҳҳо ҳамкорӣ мекунад, фаъолияташ бо ҳукми Додгоҳи олӣ қатъ ва моликияташ ба манфиати давлат мусодира хоҳад шуд.

Ҳарчанд Абдуманнон Холиқов вуҷуди гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро дар Тоҷикистон таъйид кард, аммо ба хотири «сиррӣ» будани чунин маълумот аз ифшои шумораи ин гурӯҳҳо ва самти фаъолияти онҳо худдорӣ намуд.

Дар ҳамин ҳол, Саттор Холов,муовини раиси кумитаи мудофиа ва амнияти порлумони Тоҷикистон, фаъолияти гуруҳҳои созмонёфтаи ҷиноиро яке аз монеаҳои калидӣ дар роҳи рушди кишвар ном бурд ва гуфт, «ҷинояткории муташаккилона аз мушкилоти ҳассос ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб меравад, аммо мутаасиффона то ҳол дар фазои қонунгузории кишвар санади махсус бар зидди ин раванди иҷтимоиву криминалӣ вуҷуд надошт. Ҳоло мутмаинем, ки бо қабули ин қонун мо комилан метавонем муносибати давлат ва ҷамъиятро бо ин ҳаракати ҷиноӣ тағйир бидиҳем.»

Қонуни ҷадиди мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккил дар ҳоле тасвиб мешавад, ки дар чанд соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон тавассути мақомоти интизомиву амниятӣ чандин гурӯҳҳои ҷиноятпеша, аз ҷумла мафияи маводи мухаддир, гурӯҳҳои террористиву тахрибкор ва ғайра ошкор шудаанд. Аз ҷумла вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ аз боздошти 27 узви гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ дар қаламрави кишвар хабар дода буд. Дар миёни боздоштшудаҳо 12 нафар аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, 11 узви ҷамоати Ансоруллоҳ, 3 тан аз аъзои Ҷундуллоҳ ва 1 нафар аз Ҳизб-ут-таҳрир ном бурда мешаванд.

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябр вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти боз як гурӯҳи 10-нафараи муташаккил ва мусаллаҳи марбут ба Ҳаракати исломии Узбакистон ва Ҷамоаи Ансоруллоҳ зери раҳбарии Алимурод Маханов хабар дод. Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ мехост дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баъзе идороти давлатӣ, аз ҷумла биноҳои Кумитаи амнияти миллӣ ва вазорати корҳои дохилиро дар маркази Душанбе битарконад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi