15:20:09 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

С.Шойгу: Пойгоҳи 201-ро бо силоҳҳои навтарин таъмин мекунем

Русия мегӯяд, пойгоҳи низомии 201-умаш дар Тоҷикистонро то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон пурра такмил хоҳад кард. Такмили суфуф ва таслиҳоти пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон то хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон, яъне то поёни соли 2014 пурра анҷом хоҳад ёфт.

sergey-shaygu-458525Ин изҳорот шоми шанбе аз забони вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу дар мусоҳибае бо шабакаи давлатии телевизионии “Россия 24” садо дод. Сергей Шойгу ҳамчунин гуфт, такмили пойгоҳи 201-ум, ки бо зери 7000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад, алакай то моҳи декабри соли равон 80 дарсад анҷом хоҳад шуд.

Сергей Шойгу афзуд, воҳидҳои пойгоҳи 201-ум дар пайи ин такмил бо намунаҳои навтарини аслиҳа ва техникаи низомӣ мусаллаҳу муҷаҳҳаз хоҳанд шуд: “Мо пойгоҳи 20-ум дар Тоҷикистонро ба сохтори дивизионӣ табдил додем ва ин дивизияро алакай то моҳи декабр тақрибан 80 дарсад такмил карда, то замони интихоботи Афғонистон ва хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз он кишвар 100 дарсад такмилаш хоҳем кард. Аз ҷумла бо навтарин намунаҳои силоҳу техникаи низомӣ.”

Оқои Шойгу дар бораи инки такмили суфуф ва таслиҳоти пойгоҳи 201 дар пайи ба дивизия табдил ёфтани ин пойгоҳ то куҷо тағйир хоҳад кард ва Русия истиқрори чанд афсару аскар ва кадом анвоъи таслиҳоту тахникаи низомии навинаш дар қаламрави Тоҷикистонро дар назар дорад, ҷузъиёт надод. Вале дар мавриди пойгоҳи ҳавоии артиши Русия дар минтақаи Қанди Қирғизистон гуфт, ки “мо ба пойгоҳи Қанд ҳам чархболҳову ҳам ҳавопаймоҳои бештарро изофа хоҳем кард. Ин пойгоҳ густариш ёфта, аз ҷумла барои амалиёт дар кӯҳистон истифода хоҳад шуд.”

 

Бино ба гузориши хабаргузории русии РИА-Новости, Сергей Шойгу дар моҳи август гуфта буд, ки бино ба ҳисобҳои пешакӣ, Русия то соли 2025 танҳо барои барномаи навсозии таслиҳот ва техникаи низомии артиши Тоҷикистон ҳудудан 150-200 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Кумак ба навсозии таслиҳоти артиши Тоҷикистон аз ҷумла ваъдаҳоест, ки Русия дар ивази то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201-умаш дар қаламрави Тоҷикистон додааст. Қарордоди тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ баъди чанд соли баҳси ду кишвар бар сари шароити ҳузури минбаъдаи низомиёни рус ва ҳатто гӯё талаби то 300 миллион доллар пули иҷора кардани Тоҷикистон дар таърихи 5 октябри соли 2012, дар рӯзи 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сӯи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд.

Маскав дар иваз ироаи бархе сабукиҳо барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва ҳам лағви боҷи гумрукӣ аз рӯи содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистонро низ ваъда дода буд. Созишномаи пойгоҳ дар авоили моҳи октябри соли равон, дуруст дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз сӯи Душанбе тасвиб шуд ва мавриди иҷро қарор гирифт.

Дар маҳофил ҳадс мезаданд, ки зоҳиран раҳбарони кунунии Тоҷикистон ризоияти Маскав ба тамдиди замони раёсати Эмомалӣ Раҳмонро шарти асосии тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 монда, ба ҳамин далел қариб як сол тӯлаш доданд ва ҳамагӣ ҳафтае баъд аз гирифтани чунин “ОК” дар мулоқоти рӯзи 23 сентябри Раҳмону Путин дар Сочӣ ин қарордод низ бошитоб, бо ироаи имтиёзҳои фаровон ба низомиҳои рус дар қалмрави Тоҷикистон ва он ҳам бидуни кадом талаби пули иҷора тасвиб ва иҷроӣ шуд.

Аммо аксари ваъдаҳои мутақобилаи Маскав то ҳол “дар нӯли зоғ” мондаанд. Ба истиснои қарордоде, ки замони ҳузури бидуни сабти номи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро аз 3 то 15 рӯз тамдид мекунад. Ин қарордод дар пайи тасвиби созишномаи пойгоҳ аз сӯи парлумони Тоҷикистон низ ниҳоӣ шуд, вале ваъдаи фурӯши бидуни боҷи дастикам 1 миллион тоона бензину солярка ба Тоҷикистон дар соли 2013 ба далели то ҳол тасвиб нашуданаш аз сӯи мақомоти Русия рӯи қоғаз монд. Ваъдаи кумак ба навсозии артиши Тоҷикистон низ то ҳол, санади ба истилоҳ, воҷиубулиҷро нашудааст.

Пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 бар асоси қарордоди Душанбеву Маскав дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Нирӯҳои пойгоҳи 201 дар Ҷанги бузурги ватанӣ алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон(1992-1997) ширкат кардаанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi