21:12:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Буҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистон: Ҳақ киву ноҳақ куҷост?

Бобоҷони Шафеъ, “Рӯзгор”

Замоне, ки шумораи навбатии "Рӯзгор" ба дасти хонанда мерасад, даҳ рӯзи расо аз рӯйдодҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад. Рӯйдоди басо такондиҳандаест, ки метавонад дар раванди шаклгирии муносибатҳои ҳамсоягӣ таъсири манфӣ ба ҷой гузорад. Ва соате, ки ин ҳарфҳо рӯи коғаз мерезанд, рушаниеро дар уфуқи ҳалли мусолиматомези бӯҳрон намебинам.

voruh-245122121Як рӯз пеш дар сӯҳбат бо "Фараж", ки намедонам чоп мешавад ё не, гуфтам: "танҳо мулоқоти ду президент метавонад ба баҳс нуқта гузорад". Дар зинаҳои поёнӣ суханҳо гуфта шуданд ва дидем, ки на танҳо таъсири чандон надоштанд, балки вазъро буҳронитар карданд. Ва ҳоло ҳам дар ҳамин андешаам. Бояд ҳарчӣ зудтар сарони ду кишвар аз ҷойи ҳодиса боздид ба амал оранд ва тасмим бигарианд, ки чӣ бояд кард.

Зарфи ин даҳ рӯз ҳодисаи марзӣ доғтарин ва пурбаҳстарин масъала дар ВАО ва шабакаҳои интернетӣ буд. Ва як нукта рушан ба назар мерасид: таҳлилгарони тоҷик назар ба ҳамтоёни қирғизи худ ба масъала хеле амиқ фурӯ рафтанд ва ба умқи оқибати кутоҳандешӣ ва тасмимгирии бидуни таҳлилу осемасарона расиданд. Зеро онҳо ин гуна мусибатро бо чашмони худ дидаанд.

Дар Тоҷикистон дигар касе намехоҳад соли 1992 такрор шавад. Зеро ҷанг миёни ду кишвар барои қаламрав ҳазорҳо танро аз ду ҷониб гирифтори мусибат мекунад. Агар роҳи низомии калиди ҳалли мушкил мебуд, Озарбойҷон  ҳудуди 25 сол пеш  як бахши муҳими қаламрави хешро аз даст намедод.

Аз сӯи дигар боз ҳам мақомоти Тоҷикистон бархӯрди таҳаммулпазирона доштаанд. ВКХ-ии кишвар бо пахши як баёния, ки воқеъитро аз шаҳодати шоҳидон рӯи коғаз оварда буд, иктифо кард. Вале ҷониби Қирғизистон даст ба амалҳои дигар ҳам зад: сафирашро аз Душанбе бозхонд кард ва шартҳои оддишавии равобитро пеш гузошт, ки агар Тоҷикистон онҳоро бипазирад, бидуни шак шармандаву сархам назди ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамсоягонаш қарор мегирад. Шартҳо оҳанги ҷанг доранд, то ки мусолиматомез бошанд.

Мероси Шӯравии тақсими қаламрав?

Аксари таҳлилгарон мушкилоти ба миёномадаро мероси Шӯравии собиқ меноманд. Он замон сокинони марзҳои сунъӣ ҳам ёрои эътироз надоштанд ва ҳоло, ки империя пош хӯрд, кишварҳои тозаистиқлол дар талоши мушаххас кардани қаламрави хешанд. Аммо ин мушаххаскунӣ бо гузашти беш аз ду даҳсола ба анҷом нарасидааст ва ё ҷонибе ба хотири соҳиб шудан ба қаламрави бештар аз муоҳадаҳову созишномаҳои имзошуда сарфи назар мекунад. Ҳатто таҳлили сатҳии рӯйдоди Ворух нишон медиҳад, ки ҳамсоякишвар намехоҳад аз таърихи гузашта ёд кунад ва асноди муътабари қабулшударо эътироф намояд. Балки ба далоили собитнашуда ва ҳуҷҷатиношуда такя дорад. Табиист, ки дар ин гуна ҳолот расидан ба як тавофуқи барои ду ҷониб арзишманд имконпазир нест.

То ба имрӯз ҷонибҳо гунаҳгор меҷӯянд, вале ба ҳалли бунёдии мушкилот талоши созанда намекунанд. Тозатарин шарҳи ҳодисаи рухдода мансуб ба сардори Ситоди неруҳои марзбонии КДАМ, генерал-майор Шараф Файзуллоев аст, ки охири ҳафтаи гузашта расонаӣ шуд. Вай бар ин назар аст, ки ҳодисаи нақзи марзи давлатӣ аз ҷониби сарбозони марзбони қирғиз дар ин рӯйдод басо ошкор аст ва сабаби сар задании моҷарои мусаллаҳонаро дар риоя нашудани талаботи муоҳадаҳои пештар ҳосилшуда дар мавриди манъи роҳандозии корҳои сохтмон дар қитъаҳои баҳсталаб аз ҷониби Қирғизистон донист. Ҷониби Қирғизистон бо дастури ҷонишини сарвазири ин кишвар Т.Мамитов ба сохтмони роҳе оғоз намуд, ки ними он аз қаламрави Тоҷикистон убур мекунад. 

Аслан тибқи Протоколи мулоқоти ҳайати байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз таърихи 29 апрели соли 2008 то замони анҷоми аломатгузории марзҳо ҷудо кардани қитъаҳои замин, бунёди хонаҳо ва дигар иншоотҳо дар қаламрави баҳсии ду ҷониб манъ аст. Он замон ин ҳайатро аз ҷониби Қирғизистон Токон Мамитов, ки Дабири Шӯрои амнияти ин кишвар буд, сарварӣ мекард ва зери он ӯ имзо гузошта буд. Гузашта аз ин 16 майи соли 2008 сарварони Қирғизистон ва Тоҷикистон дар изҳороти муштараки худ ба ҳукумати кишварҳо дастур доданд, ки Муоҳада дар бораи манъи фаъолиятҳои хоҷагидорӣ дар имтидоди марзҳо то анҷоми аламатгузориро таҳия ва барои имзо пешниҳод кунанд. Аммо Шараф Файзуллоев мегӯяд ҷониби Қирғизистон ҳамеша ва бидуни асос имзои ин Муоҳадаро кашол медиҳад. 

Пас суоли матраҳ ин аст, ки чӣ фарқияте миёни марзбандии солҳои 1924-1927 ва солҳои 1989 ҳаст? Мувофиқ ба маводҳои марзбандии солҳои 1924-1927 деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара ба ҳич ваҷҳ таҳти муҳосира қарор надошт. Аммо баъди солҳои 1950 чун сокинони кишвари ҳамсоя бидуни асоси ҳуқуқӣ заминҳоро ғасб карданд ва қаламрави Тоҷикистонро аз худ намуданд, Ворух дар инзивоъ қарор гирифт. Ҳодисаи ба ин монанд роҳи автомобилгарди Коктош-Оқсой-Тамдиқ мебошад, ки сабабгори аслии моҷарои навбатӣ шудааст. Ҷониби Қирғизистон бидуни ризоят ва машварату баррасӣ бо ҳамсоя ва сарфи назар кардани муоҳадаҳои қаблан имзошуда ба бунёди ин роҳи мушкилзо оғоз кард ва ҳоло ҳам идома медиҳад. Сарварони сатҳи аввали Қирғизистон боз ҳам бо аз мадди назар дур кардани асноди солҳои бист убури роҳро аз қаламрави худ медонанд ва омода нестанд даст аз сохтмони он бардоранд.

Албатта, гуфтушуниди дуҷонибаи марзбонон, ки дар таърихи 13 январ баргузор шуд, баъзе мушкилотро ҳал кард. Аз ҷумла неруҳои мусаллаҳи ҳам марзбонӣ ва ҳам дигар воҳидҳо аз қитъаҳои аҳолинишин бурун бурда шуданд. Вале ҷониби Қирғизистон боз ҳам сари ҳамон даъво устувор монд ва муваққатан ҳам коркарди роҳро қатъ накард. Аксари касоне, ки таҳлилҳои ҷомеъ навиштанд ва паҳлуҳои мухталифи казияро баррасӣ карданд, бар ин назаранд, ки яке аз сарварони ба моҷаро кашидани қазия худи ҳамин Мамитов, ҷонишини сарвазири Қирғизистон аст.

Вай бо ҳар роҳ ва бо гузоришоти бардурӯғ мекӯшад вазъро тавре вонамуд созад, ки ҳукумати ин кишвар ба сохтани роҳ ва дар муҳосира қарор додани Ворух талош кунад. Аз соли 1924 ба ин ҷониб Қирғизистон бо нақзи созишномаҳову муоҳадаҳои марзӣ бештар аз 100 ҳазор гектар заминҳои мансуб ба Тоҷикистонро ғасб кардааст. Ва ин заминҳо ҳоло ба қаламрави Қирғизистон дохил мешаванд ва аз минтақаи баҳсии имрӯза берунанд. Бо гузашти солиёни дароз дигар наметавон он қаламравро кашида гирифт, вале имрӯз, ки боз он мушкил пеш омадааст, пас ҳаддиақал бояд кӯшид, ки ин бахш ҳам аз даст наравад.

Менталитет ва гузашта

Асли мушкил дар он аст, ки бо фурӯпошии империяи қудратманди Шӯравӣ одати ҳамзистии осоишта, ки ба як менталитет табдил шуда буд, аз байн нарафтааст. Одамони оддӣ аз ду ҷониб ҳамоно бар ин андешаанд, ки бояд аз ҳамон роҳи маъмулӣ бидуни мамониат гузар кунанд, аз як ҷӯйбор об нӯшанд, аз як замин ҳосили зироат бардоранд. Ҳоҷимуҳаммад Назаров, як тан аз сокинони Ворух дар як суҳбати телефонӣ ба "Рӯзгор" гуфт, ки "замони Шӯравӣ мо мушкил аслан надоштем. Мисли як давлат будем, чарогоҳҳои мо ягона буд, гӯсфандони худро дар саҳрои қирғизҳо ва қирғизҳо чорвои худро дар чарогоҳҳои мо ба чаро меоварданд. Ҳамсояҳои хубе будем. Ёд надорам, ки мо мушкили об дошта бошем ё мушкили роҳ. Аммо баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ он замони хуш ҳам рафт. Акнун талоши қаламрав оғоз шуд. Каме мушкил пеш ояд, роҳи мо баста мешавад. То аз аз ду ҷониб сарварон омадаву миёнаравӣ мекунанд, ки мо бероҳу бе маводи хӯрока мемонем".

 

Ва дар Қирғизистон ҳам мардуми оддӣ бар ҳамин назаранд. Масалан, сокинони деҳаҳои Қаро-Бак ва Самарқандаки вилояти Боткен ошкоро ба ҳамсояҳои тоҷики худ гуфтаанд, ки дар ин ҷанг ё кадом зиддияти дигар ширкат намекунанд ва бо дӯстони тоҷики худ дӯстонаву бародарона зиндагонӣ хоҳанд кард.

Сарвазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев низ дар ҳамин ақида аст. Вай мегӯяд: "Менталитети одамон тағйир наёфтааст. Ҳарчанд мо дар кишварҳои гуногун зиндагонӣ мекунем, шаҳрвандони мо ҳамон одамони Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондаанд. Онҳо одат кардаанд, ки обу манбаъҳои энержӣ умумӣ бошанд ва фикр мекунанд, ки Шӯравӣ рафта бошад ҳам низомаш чуноне буд, боқӣ мондааст.

Жанторо Сотиболдиев ҳодисаро як иғвогарӣ медонад, на ки касе ба хоки каси дигар таҷовуз карда бошад. "Ман бар ин назар нестам, ки рӯйдоди гузашта таҷовуз ба қаламрав буд. Ин як иғвогарӣ маҳсуб меёбад. Истисно нест, ки ин ҷо таъсири гурӯҳҳои интиқоли маводи мухаддир ҳам бошад. Зеро роҳи интиқол аз ду қисмати кишвари мо убур мекунад, ки як ҳамин масири ҷанҷолӣ аст".

Пас роҳи ҳалли масъала кадом аст?

Суолест, ки посухаш хеле мушкил аст. Дар ҳоле, ки ду ҷониб қасд надоранд гузашт кунанд, мушкилот дучанд мешавад. Ва боз: агар тарафҳо ба созиш нарасанд, миёнаравон ҳам коре аз дасташон нахоҳад омад.

Аркадий Дубнов, ки як хабарнигори воқиф аз вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, таҳлили худро дорад. Вай мегӯяд, "замона дигар шуд, қонунҳо низ, вале одат ва менталитет ҳамоне боқӣ монд, ки буд. Агар дар пойтахти ду кишвар-Бешкек ва Душанбе сарварони олирутба аз тамомияти арзӣ суҳбат мекунанд ва иддио доранд, ки як ваҷаб хокашонро намедиҳанд, пас дар вилоёти дурдаст аз чизҳои дигар нигаронанд: чӣ бояд кард, ки ҳамсоя об ё роҳро набандад".

Ва ин коршинос бар ин назар аст, ки зиддияти ба вуҷудомадаро танҳо метавон бо роҳи гузаштҳои дуҷониба ҳал намуд, масалан табодули қаламрав ба якдигар ва ё бунёди кондоминиуми муштараки хоҷагӣ. Дар ин сурат ваъдаҳои қасамолуди "як сантиметр қаламрави худро намедиҳем"-ро бояд фаромӯш кард. Ин корро ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон бо Чин анҷом доданд ва қаламрави баҳсталабро ба ивази дарёфти кӯмаки бисёрмиллиарда ҳал карданд. Ва бояд сиёсатмадрони Бешкек ва Душанбе бо пайдо кардани роҳи мусолиматомези ҳалли низоъ масъулияти бузургеро бар душ бигиранд".

Эсен Усубалиев, директори Маркази таҳлилии "Ҳалли оқилона"-и Қирғизистон дар суҳбат бо ВВС гуфтааст, ки "халқҳои ду кишвар метавонанд худ миёни якдигар забон ёбанд, вале мушкил ба иродаи сиёсии роҳбарони Қирғизистон ва Тоҷикистон аст. Ва мо бояд хеле ботаваҷҷуҳ бошем, ки аз ҳодиса метавонанд ҳам неруҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ ба нафъи худ истифода баранд" Ба гуфтаи ин таҳлилгари қирғиз ҳудудан 30 дар сад марзи ду кишвар баҳсталабанд ва дар сурати пайдо накардани роҳи ҳалли оқилона метавонад мушкилоти вижаеро дар оянда ба миён орад.

Ба андешаи Эсен Усубалиев набояд аз ин рӯйдод сиёсатмадорон кӯшиш кунанд, ки барои худ холи сиёсӣ ба даст оваранд. Ин дар ҳолест, ки дар хориҷ ҳамсоягони мо зидди бунёди бузургтарин неругоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд. "Ин моҷаро барои Қазоқистон ва Узбакистон хеле муфид аст, зеро сарчашмаи асосии оби онҳо дар ду кишвари дар ҳоли низоъ аст ва хуш аст, ки ин ду ҷумҳурӣ андармони мушкилоти худ бошанд ва сари бунёди неругоҳҳову обанборҳои бузург камтар андеша кунанд".

Ва ниҳоят:

Вақте мехостам ба ин навиштаҳо нуқта гузорам, хабар расид, ки Қирғизистон севумин нотаи худро ба Тоҷикистон ирсол кардаву мунтазири посухи расмӣ аз Душанбе аст. Ҷониби қирғиз пурсидааст, ки оё мусоҳибаҳои генерал Шараф Файзуллоев назари расмии давлати Тоҷикистон аст ё ақидаи шахсии ӯ. Муовини вазири хориҷаи Қирғизистон Аскар Бешимов гуфтааст: "Мо ба Тоҷикистон нота фиристодем, ки оё ҷониби Қирғизистон метавонад сӯҳбати оқои Файзуллоевро ҳамчун назари расмии ҳукумат қабул кунад? Файзуллоев дар ин сӯҳбат исрор меварзад, ки роҳи Кӯктош Оқсой Тамдиқ қаламрави Тоҷикистон аст".

Чуноне дида мешавад, боз нота, боз даъво, вале Душанбе ҳамоно посухи расмии худро ироа накардааст. Аниқтараш то баъди зуҳри рӯзи душанбе, ки охирин сатрҳои мақола навишта мешуданд, мо посухи расмиро дарёфт накардем. Вале садои генерал Файзуллоев боз шунида шуд, ки мегуфт ба далелҳои овардааш бовар дорад ва санаду ҳуҷҷатҳо мавҷуданд, ки роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ дар қаламрави Тоҷикистон аст. Вай дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" гуфт, ки "мо ҳанӯз нотаи Қирғизистонро дастрас накардаем ва ҳамин, ки ба дасти мо расид, бар асоси далелу санадҳое, ки вуҷуд дорад ва мо дар даст дорем, посухи худро хоҳем дод."

Намедонем посух чӣ хоҳад буду вокуниши Қирғизистон чӣ, вале як нукта яқин аст: Бишкек интизор аст, ки Душанбе расман амали марзбононашро маҳкум ва қирғизҳоро ҷабрдида эълон менамояд ва бо ин васила онҳоро ба амалҳои баъдӣ далер мекунад.

Вале ба гумони мо баъид аст ин кор сурат гирад ва ҳатто набояд чунин шавад. Агар чунин шавад, пас мушкил дучанд хоҳад шуд. Ва ин ҷо боз бомаврид медонам гуфтаи таҳлилгари шинохтаи рус Александр Князевро иқтибос орам, ки дар суҳбат бо хабаргузории озари Trend хештандории мақомоти тоҷик дар баҳси охири марзиро ситоиш мекард ва аз Қирғизистон интиқод менамуд, ки бо баёнияҳои тафтишношудаву шитобзада ба оташи ҷанҷол равғани бештар мерехтанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi