18:29:41 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Хатари терроризм дар Тоҷикистон назар ба Амрико камтар аст

Дар Тоҷикистон, ки дар ҳамсоягии Афғонистон - дуввумин кишвари осебпазиртарини ҷаҳон дар баробари терроризм аст, хатари ҳамлаҳои террористӣ бисёр кам будааст.

khatar-az-amrico 545454Ин хулосаи Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ аст, ки ҳар сол шохиси хатари терроризм дар саросари кишварҳои ҷаҳонро нашр мекунад. Дар гузориши нави пажӯҳишгоҳ омадааст, эҳтимоли бомбгузориву ҳамлаи маргталабона дар Амрикову Бритониёву Фаронса дар муқоиса ба Тоҷикистон бештар аст.

Азбаски дар кишвар дар соли 2014 ягон ҳамлаи террористӣ ба вуқӯъ напайвастааст, Тоҷикистон дар мақоми 68 ва дар радифи кишварҳое ба мисли Испания, Олмону Канада ҷой гирифтааст, ки хатари ҳамлаҳои террористӣ дар онҳоро бисёр кам медонанд. Шумораи ҳамлаҳои террористӣ, талафот ва ё маҷрӯҳ шудани инсонҳо, хисорот ба моликиятро ҳамчун нишондиҳандаҳои кам ва ё зиёд будани хатари ҳамлаҳои террористӣ дар ин ё он кишвар интихоб кардаанд.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ, ки дар Австралия аз соли 2012 шохиси мазкурро нашр мекунад, мегӯяд, соли 2013 ҳамлаҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон 61 дар сад зиёд шудааст ва дар ҳамлаву бомбгузориҳои гурӯҳҳои террористӣ 17 ҳазору 958 нафар кушта шудаанд ва 82 дар сади талафот дар Ироқу Афғонистону Покистон ва Нигерияву Сурия будааст.

Айни замон 90 дар сади ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳое рух додааст, ки дар онҳо ҳуқуқи инсонро эҳтиром намекунанд. Дар панҷгонаи кишварҳои хатарнок ва ё осебпазиртарин дар баробари ҳамлаҳои террористӣ Ироқу Афғонистон, Покистону Нигерия ва Сурия шомиланд. Дар соли 2013 назар ба дигар гурӯҳҳои террористӣ, Толибон, Боко Ҳарам, созмони Давлати исломӣ ва Ал-Қоида фаъол будаанд.

Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ дар ҳоле хатари терроризм дар Тоҷикистонро кам медонад, ки чанде пеш Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар гуфт, ки дар шимоли кишвар 20 нафар бо иттиҳоми омодагӣ барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ва харобкорӣ боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вазир, аксарияти ин афрод узви Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар феҳрасти созмонҳои террористӣ шомил аст.

Ба қавли Рамазон Раҳимзода, зимни ҷустуҷуи афроди боздоштшуда аз хонаҳои онҳо, камарбандҳои тарканда, детонаторҳо ва адабиёти ифротӣпайдо карда ва гирифтаанд. Моҳи октябри ҳамин сол низ ду нафарро бо иттиҳоми қасди таркондани нақбҳои Истиқлолу Шаҳристон муттаҳам карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфтааст, ки мумкин аст, баъди тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ дар охири соли 2014 хатари вуруди гурӯҳҳои тундрав ва ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон зиёд шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi