09:29:06 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Отамбоев: «Низоъ дар марз бо Тоҷикистон ду баробар кам шуд»

Раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев мегӯяд, баъд аз гуфтушуниди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низоъҳо дар марзи байни ду кишвар коҳиш ёфтаанд.

almosbek 5454521Дар паёми ҷамъбасти соли 2014 раисиҷумҳури Қирғизистон, Алмосбек Отамбоев иҳзор дошт, ки баъд аз гуфтушуниди ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон низоъҳо дар марзи байни ду кишвар коҳиш ёфтаанд. Вай ҳамзамон аз кишварҳои минтақа даъват кард, эътироф намоянд, ки Қирғизистон метавонад аз манфиатҳои худ ҳимоят кунад ва барои ин омодагӣ дорад.

Президенти Қирғизистон ба таъсири гуфтушуниди худ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар коҳиши нооромиҳо дар марзҳои байни ду кишвар ишора намуд ва гуфт: «Баъд аз вохӯрӣ бо мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, метавон гуфт, муноқишаҳо дар марз ду баробар камтар шуд. Масъалаҳои зиёде дар мулоқоти шахсӣҳал шуданд. Ба ғайр аз ин аз 200 миллион долларе, ки Русия барои таҳкими марзҳо медиҳад, 55 миллионаш бевосита барои таҳкими дидбонгоҳҳои марзӣ ва худи марз ба сурати умум сарф хоҳанд шуд.»

Отамбоев гуфт, "нерӯҳҳои муайяне ба низоъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон манфиатдоранд, аммо Раҳмон (президенти Тоҷикистон) ба ин манфиатдор нест. "Дӯстон"-е ҳастанд, ки барояшон низоъ даркор аст. Бо Ӯзбакистон ҳам мо забон хоҳем ёфт." Вай афзуд, борҳо раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримовро барои ҳалли масъалаҳо ба мулоқот даъват кардааст.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки бо кишвараш набояд муноқиша кард, балки ҳамчун тарафи баробар гуфтугӯ намуд. Отамбоев афзуд: «Имрӯз, агар мо ба ҳамон ҳолате, ки дар марз бо Тоҷикистон буд, баргардем, вазъ назар ба як сол пеш аз замин то осмон фарқ мекунад. Ва умедворам, ки ҳамсояҳо дер ё зуд мефаҳманд, ки мо аз манфиатҳои худ ҳимоят хоҳем кард.»

Номуайянии хатти марз ва талоши аҳлии маҳалли ду тарафи барои ғасби замини бештар, тасмими Бишкек ба сохтмони роҳи нав, ки қисман аз минтақаи баҳсталаб мегузашт – сабаб шуданд, ки 11-уми январи соли равон бани нерӯҳои марзбони ду кишвар тирандозӣ ба амал ояд. Дар натиҷаи он ду марзбони тоҷик ва 5 марзбону як милисаи қирғиз захмӣ шуданд. Бишкек марзбонони тоҷикро айбдор кард, ки аз хумпораандоз ё миномёт истифода кардаанд. Дар ҳоле ки бо оғози низоъ роҳ ба Ворух, ки аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад, баста ва чанд рӯз баъд дар натиҷаи гуфтушунидҳо боз шуд, Қирғизистон гузаргоҳҳои марзии худро бо Тоҷикистон барои чаҳор моҳ баст.

Рӯзи 10-уми июл дар Ворух, ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон марзбонони қирғиз кишоварзонро ҳадафи зӯргӯӣқарор доданд, дар натиҷаи тирандозӣ як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 7 нафари дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Қирғизистон кишоварзонро айбдодр карданд, ки хостаанд, дар қаламрави Қирғизистон лӯлаи обгузар созанд.

Дар ҳоле ки ҷанҷолҳои лафзӣ, сангандозӣ ба мошинҳои ҳамдигар дар манотиқи марзӣ давом дошт, тарафҳо тамоми талошро карданд, ки аз роҳи гуфтушунид мушкилро ҳал кунанд. Аммо 25-уми август, дар минтақаи дигар – ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон тирандозии марзбонони қирғиз ба амал омада, дар натиҷаи он ду нафар кушта ва 5 нафар захмӣ шуданд. Яке аз кушташудагон - Азамат Азимов, сардори гурӯҳи сарҳадбонӣ дар ин хатти марз ва ҷияни Абдураҳмон Азимов, собиқ раиси марзбонии Тоҷикистон буд.

Бо вуҷуди коҳиши даргириҳои мусаллаҳона қисматҳои мушаххаснашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳамоно мояи асосии хушунати байни сокинони марзӣ боқӣ мондаанд. Аз 970 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, 519 километри он таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва борҳо шудааст, ки мардуми рустоҳои марзӣ дар қаламравҳои баҳсбарангез барои обу чарогоҳу замин ҷанҷолу занозанӣ кардаанд. Ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон солҳост, ки бинобар ихтилофи назар наметавонанд, сари хати сарҳад ба мувофиқа расанд.

Тоҷикистон дар баҳси масоили марзиаш бо Қирғизистон ба харитаҳои солҳои 20, замони тақсимоти марзӣ-ҳудудии Осиёи Марказӣ такя мекунад. Аммо Қирғизистон дар муқобил харитаҳои навтари марбут ба солҳои 50 ва 80-умро меорад, ки бар асоси он, ҷамоати Ворухи ноҳияи Исфара пурра дар дохили қаламрави Қирғизистон мемонад.

Ин дар ҳолест ки бино ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, дар харитаҳои қадимтар Ворух анклав набуд. Мояи дигари баҳс заминҳоест, ки дар замони Шӯравӣҷумҳуриҳои дар он айём “дӯсту бародар” ба якдигар ба иҷора медоданд. Баъди суқути Шӯравӣ тақрибан 143 000 гектар замини Тоҷикистон дар дасти Қирғизистон ва ҳудуди 2600 гектар замини Қирғизистон дар дасти Тоҷикистон монд.

Намояндагони ду кишвар аз соли 1991 ба ин сӯ, дар тӯли 23 сол наметавонанд хатти ниҳоии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқ кунанд. Дар натиҷа ҳар дафъа оғоз ё идомаи сохтмони ягон иншоот, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо дар минтақаҳои баҳсии марз, ва ҳатто як таниши маишӣ байни сокинони ду тарафи марз дар нуқоти баҳсӣ ба низои навбатӣ дар марзи ин ду кишвар мунҷар мешавад. Аммо пас аз мулоқоти президентҳои ду кишвар тарафҳо дар масъалаи идомаи нишонагузории марз ва бунёди ҳамзамони иншоот, аз ҷумла ду роҳи мошингард дар ҳарду тарафи марз бо додани миқдори муайяни замин ба ҳамдигар ва ваъдаи истифодаи муштараки роҳҳо шиддат дар марз ба маротиб коҳиш дода шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi