17:05:57 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

НАЗАРИЯИ ЭҲТИМОЛИЯТИ РАВАНДҲОИ СИЁСӢ


С. ЯТИМОВ

Муқаддима

Шуур, аз лиҳози гносеологӣ, шакл ё дараҷаи олии инъикоси олами воқеӣ мебошад. Вале онро, ба ҳар ваҷҳе ки набошад, пурра ба падидаи инъикос баргардонидан ва шуурро дар он хулоса кардан хато аст. Зеро шуур табиати иҷтимоӣ дорад. Аломати худинъикоскунӣ ҷиҳати танзими ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятии худи  инсон, махсусан аз тариқи маърифати ҳастии ҷамъиятӣ, шинохти моҳият ва қонуниятҳои он, хусусияти фарқкунанда ва аломати мустақилияти нисбии шуур мебошад.

1 s.yatimov 445454Ба ибораи дигар, шуур шакли олии инъикоси идеалие мебошад, ки ба вазифаи майнаи инсон қарор мегирад. Фақат майнаи инсон кодир аст, ки шуурро заминаи табиӣ (фитрӣ) таъмин намояд. Аммо мазмун ва муҳтавои шуурро ҳастии ҷамъиятӣ, низоми муносибатҳои ба он хос муайян мекунад. Шуур ҳаргиз берун аз ҳастии ҷамъиятӣ худ ба худ пайдо намешавад, шакл намегирад, инкишоф намеёбад.

Аммо баҳси мо бевосита дар атрофи шуур ё масъалаҳои ба худ хоси гносеологӣ ва онтологии он нест. Балки баҳси мо дар айни ҳол бо ҷанбаи маърифатии шуур равона карда шудааст. Албатта, ҷавҳари шуурро  дониш, маърифат ва робитаи бевоситаи диалектикии он бо ҳастии инсон, ҳастии умумиятҳои муайяни этникӣ - омили рушди миллатҳо ва давлатҳо ташкил мекунад.

Дар назди шуури миллӣ вазифаи аслӣ, пеш аз ҳама рисолати бузурги миллатсозӣ ва ба ҳамин хотир вазифаи худшиносии миллӣ меистад. Ба таъбири дигар, масъалаҳои гносеологӣ ва онтологии шуури миллӣ бояд бо онтологияи объективии омили миллӣ пайванди ҳаётӣ дошта бошад. Дар ин самт мавриди тадқиқоти ҷиддӣқарор доштани масъалаҳои давлатдории миллӣ, тибқи мантиқи қонуниятҳои ташаккули низоми нави байналмилалӣ, аз масъалаҳои рӯзмарра маҳсуб мегардад.

Дар ростои таҳлили масъалаҳои зикршуда омӯзиш ва баррасии матолиби гуногуни ояндабинии илмӣ зарурати ҳаётӣ пайдо мекунад. Ба ҳар сурат кӯшишҳои таҳлили имкониятҳо ва алтернативаҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ барои тақдири ояндаи давлатдории миллӣ беманфиат нахоҳад буд. Дар ин раванд шуури ояндабинӣ ва ояндасозӣ тақозои замон мебошад.

Ояндашиносии равандҳои наву мухталифи ҷомеа ва ташаккули низоми ҷадиди байналмилалӣ масъалаи хеле печида аст. Ташаккули давлатдории навин ва рушди бемайлони он, ҳам аз рӯйи таҷрибаи таърихӣ ва ҳам мушкилоти эҳёи анъанаҳои пешин ва заминасозии стратегияи рушд амри бисёр душвор аст. Ҳамзамон дарки моҳияти субъектҳо ва объектҳои сиёсӣ, мақсад ва роҳу воситаи амалӣ кардани нақшаҳои онҳо дар замони ҳозира аз муҳимтарин вазифаи ояндашиносии илмӣ маҳсуб мегардад. Он бояд тарзе ташкил карда шавад, ки воқеъбинона ва ҳадди ақал барои самаранокии нақшаҳои сиёсӣ хизмат карда тавонад.

Омӯзиши таҷрибаи сиёсӣ, таҳлили амалкарди субъектҳои сиёсӣ, сабаб ва оқибатҳои он – манбаи аслии муайян кардани эҳтимолият ва равишҳои сиёсӣ мебошанд.

То имрӯз даҳҳо методи ояндашиносии сиёсӣ маълум мебошад. Оид ба масъала теъдоди зиёди марказҳои илмӣ – тадқиқотии дунё бо истифода аз тамоми имконоти интеллектуалӣ ва техникӣ фаъолият мекунанд. Ин пажӯҳишгоҳҳо, ки бо истифода аз ибора ва калимаҳои «тадқиқоти стратегӣ», «банақшагирӣ» ва ғайра номгузорӣ шудаанд, албатта, ишора ба зарурати эҳтимолият ва ояндабинии илмӣ мекунанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими фаъолият дар самти ояндабинии сиёсӣ коркарди алтернативаҳо мебошад. Мусаллам аст, ки субъектҳои сиёсӣ, махсусан берунӣ, ҳамон алтернативаҳоро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба амалишавии манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд. Дар чунин сурат, метавонад манфиатҳои миллати тоҷик ба назар гирифта нашавад. Ғайри инро низ набояд интизор шуд. Равандҳои таърихӣ ва муосири рушди сиёсии олам, минтақа ва таърихи навтарини тоҷикон гувоҳи ин аст. Дақиқтар гӯем, ҳифз ва пешбурди манфиати миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи худи ҳар як миллат аст, на субъектҳои дигар. Донистани он ки субъектҳои бозигари сиёсӣ ба кадом алтернативаҳо таваҷҷуҳи бештар доранд ва ин алтернативаҳо то кадом андоза манфиатҳои миллии моро ифода мекунанд, аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои илмии кишвар маҳсуб мешавад.

Илм, фарҳанг, адабиёт ва санъат бо шева ва дар доираи салоҳияти хеш бояд ба мардум ҳушдор диҳанд, ки истиқлолияти сиёсӣ ва тамомияти арзӣ, ҳамчунон оромӣ, сулҳу субот ва рушд, ки асоси давлатдорӣ мебошад, мафҳумҳои мутлақ нестанд. Нисбианд. Ҳар миллат дар хотир дошта бошад, ки узви оилаи бузурге ҳаст ва дар он дигар миллатҳо низ зиндагӣ мекунанд. Дар ин оила на танҳо ҳамзистии осоишта, балки низоъ, рақобат ва даъвоҳо хосияти асосӣ мебошанд. Ҳар як аъзои оилаи байналмилалӣ «давлат» ва «миллат» ном дорад. Табиати ин давлатҳоро Фридрих Ратсел (1844-1904), донишманд, геополитики шинохтаи Олмон хуб баён кардааст: «Давлат организми зинда дар кайҳон аст. Он бояд ё васеъ шавад, ё бимирад» (International Relationship Dictionary, New York, 1989, p. 99). «Васеъшавӣ» ба маънои аслӣ. Маҷозиаш ҳам маънои аслӣ дорад. Сарфи назар кардан аз даъвоҳои сиёсӣ ва ҷуғрофии аъзоёни ин «оила» надонистани қонунияти ташаккули низоми байналмилалии навин ояндаи давлатҳои «ғофил»-ро зери хатар қарор медиҳад. 

Ҳаракати материяи сиёсӣ (давлат) дар фазо вобастагии системавӣ аз фаъолияти инсонро дорад. Ин ҳолатро драматурги англис Роберт Браунинг (1812-1889) ба тарзи бадеӣ, аммо дақиқ чунин тасвир кардааст: «…имконоти дастрасии инсон ба чизе бояд зиёдтар аз имконоти ӯ бошад, ки чизеро забт кунад. Дар акси ҳол осмон барои чӣ арзи ҳастӣ кардааст?» (Бжезинский З., Великая шахматная доска, М., 2002,  стр. 55). Ин тарзи масъалагузорӣ, ки ҳамчун иқтибос дар асарҳои шинохти сиёсат оварда мешаванд, тасаввуротҳо, эҳтимолиятҳо ва ояндабиниҳоро низ тавлид мекунанд.

Ҳамин тариқ, мавзӯи баҳси ин мақола, ба тарзи мушаххас, кӯшиши  шинохти баъзе аз паҳлуҳои ояндабинии сиёсӣ ва методологии он маҳсуб мешавад.

Воқеият ва эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ

Бояд ҳамеша дар назар дошт, ки ояндабиниҳои сиёсӣ на ҳама вақт бо муваффақият анҷом мешавад. Мутаассифона, он ҳам тибқи пешгӯиҳои илмӣ, ба мушкилот рӯ ба рӯ мегардад.

Аммо намунаи олии фаросати ояндабинии сиёсиро дар масъалаи муносибат ба тақдири давлат ва давлатдорӣ, ҳимояи он аз хатарҳои марговар роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣҳанӯз даҳ сол қабл, ки аз эҳтимолияти ба сари ҳокимият омадани ҳизби фашистии миллӣ-сотсиалистии Олмон ишорае ҳам набуд, дар яке аз нутқҳои барномавияш чунин изҳор кардааст: «Мо аз мамлакатҳои пешқадамтарини дунё ба арзи панҷоҳ – сад сол қафо мондаем. Ё мо дар муддати даҳ соли оянда ин масофаро тай мекунем, ё онҳо моро нобуд хоҳанд кард» (И.Сталин, 04.02.1931). Пешгӯии роҳбари оштинопазир ба муқобили фашизм, ки ба дониш, таҷриба, шинохти равандҳои объективии таърих ва дар ниҳоят фаросати сиёсии худ такя мекард, дақиқан тасдиқ гардид. Фашизм бо чунин қудратмандии бузург шикаст хӯрд. Бо ин ояндабинӣ ва амалкард ӯҳамчун шахсияти сиёсӣ вазифаи таърихии худро дар назди кишвари бузург бо сарбаландӣ иҷро намуд.

Ба андешаи мо, ҳангоми ба нақша гирифтан субъектҳои сиёсӣ, чун анъана ба ду масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳанд: аввал ба таҷрибаи таърихӣ ва дуввум ба корбурди фаросати сиёсӣ.

Яке аз муҳаққиқони масъалаи ояндабинӣ дар асоси хулосаи мазкур таъкид месозад: «дар гузашта… чунин аҳвол, аз як ҷиҳат, ба надоштани алоқа байни амалияи сиёсӣ бо илмҳои ҷамъиятшиносӣ бошад, аз дигар тараф, заифӣ ва рушди начандон муваффақонаи худи илмҳои ҷамъиятшиносӣ буд, ки имкони омодагии назариявиро ба риҷоли сиёсӣ дода наметавонист» (Кокошин А.А., Прогнозирование и политика, М., 1975, стр. 3).

Мутаассифона, бо гузаштани чанд даҳсола чунин хулоса, бо вуҷуди тараққиёти бемисли илм тасдиқи пурраи худро наёфт. Эътироф бояд намуд, ки дар ин қазия айби илм нест. Ҷангу низоъҳои беохири хонумонсӯз натиҷаи муносиботи субъективии тасмимгирандагони сиёсӣ нисбат ба зуҳуроти объективӣ мебошад. Аксари падидаҳои номатлуби ҳаёти сиёсии Шарқи Наздик, Покистон, Афғонистон ва дигар нуқоти олам аз характери яктарафаи субъективии тасмимгириҳо шаҳодат медиҳад.

Аммо ояндабинии сиёсӣ зарурати ба инобат гирифтани кулли омилҳо, махсусан омӯзиши манфиатҳои геостратегии марказҳои геополитикӣ ва ҳамчунин, ҳодисаҳои қиёсшавандаи таърихӣ, фаросат ва қудратмандии миллиро дар назар дорад.

Ба фикри Бжезинский, «бозигарони набард-ҳои геостратегӣ давлатҳое мебошанд, ки қудрат ва иродаи миллии ҳукумат кардан ва таъсир расонидан ба берун аз марзҳои худро доранд, ба хотири  тағйир додани вазъият… то ҳамон дараҷае, ки ба манфиатҳои геополитикии онҳо мувофиқат кунад» (Бжезинский З., Великая шахматная доска, М., 2002, стр. 54).

Дар ин маврид гап сари қудратҳои бузурги глобалӣ меравад. Ташаббус, амал ва майдонсозӣ моли онҳост. Объекти таъсир кишварҳо ва ё марказҳои геополитикӣ мебошанд. Инҳо кишварҳое ҳастанд, ки тавассути имконоти ҷуғрофӣ метавонанд барои мақсадҳои аслии амалкунандаҳои геостратегӣҳамчун сипар ва ё восита хизмат кунанд. Умуман, раванди воқеоти геополитикӣ дар миқёси ҷаҳон чунин аст, ки қариб аксари кишварҳо «мехоҳанд» субъекти геополитикӣ бошанд, на объекти геополитикӣ.

Муҳимтарин масъалаҳое, ки ҳалли онҳо барои ояндабинии сиёсӣ замина мегузорад, кӯшишҳои субъектҳои сиёсӣҷиҳати ноил гаштан ба мавқее, ки тибқи дидгоҳи стратегиашон, гӯё ба он сазовор ҳастанд, марбут мебошад. Чунин бархӯрд, мутаассифона, ҷанбаи сирф субъективӣ дорад. Миқёс ва паҳногии харобазор гаштаи олам натиҷаҳои манфии чунин сиёсатҳост.

Дар назарияи муносибатҳои байналмилалӣ асоси тавоноии миллиро олимон дар вобастагӣ бо фазову замон ва имконоти дарки хеш тасвир мекунанд.

Аз лиҳози таърихӣ, ҷузъиёти умдаи он дар асарҳои шоирон, олимон ва мутафаккирони бузурги халқи тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, Низом-ул-Мулк, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигар шахсиятҳои нодир ифода ёфтаанд. Омӯзиш ва ба як низоми дақиқ даровардани андешаҳои онҳо барои инкишофи илми сиёсатшиносии тоҷик ҳамчун сарчашма аҳамияти махсусан муҳим дорад.

Дар айни замон, бояд хотиррасон кард, ки маҷмӯи чунин омилҳо бори аввал дар асари сиёсатшиноси олмонитабори америкоӣ Г. Моргентау ба тарзи  муъҷаз  ва  системавӣ  оварда  шудааст, ки аз инҳо иборат мебошад: 1. мавқеи ҷуғрофӣ; 2. сарватҳои табиӣ; 3. имконоти саноатӣ; 4.омодабошии (қудрати) низомӣ; 5. аҳолӣ; 6. характери миллӣ. 7. ахлоқи миллӣ. 8. сифати дипломатия ва 9. сифати ҳукумат.

Пеш аз он ки ба чунин тафсир гузарад, Г. Моргентау, аввалан таъкид месозад: «Кадом омилҳое ҳастанд, ки тавоноии миллатҳои рӯ ба рӯ истодаро муайян мекунанд? Кадом ҷузъиёте ҳаст, ки мо онҳоро тавон ё қудрати миллӣ ном мебарем?» (Morgethau H.J. Politics Among Nations. The struggle for Power and Peace New York, 1964, p.110). Ин хулосаи илмӣ минбаъд, ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ, дар миқёси ҷаҳон эътирофшуда ба ҳисоб меравад. 

Омилҳои мазкурро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: статикӣ ва динамикӣ. Онҳо бо ҳамдигар дар алоқамандии системавӣ буда омӯзиш, таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ дар асоси ин омилҳо барои оянда аз аҳамияти ҷиддӣ бархӯрдор мебошанд.

Ҳангоми ояндабинии равандҳои сиёсӣ дар чаҳорчӯби таъмини манфиатҳои миллӣ тарҷеҳ бахшидан ба яке аз омилҳои номбаршуда имконоти воқеии ҳалли масъаларо зери суол мебарад. Дуруст аст, ки омилҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи муайянкунандаҳост. Аммо омили инсонӣ, корбурди принсипиалии идеяҳо, ҷаҳонбиниҳо ва дигар омилҳои субъективӣ дар муайян кардани ояндабинӣ дорои таъсир ва аҳамияти хос мебошад. Воқеаҳои Шарқи Наздик ва Миёна мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Дар доираи муносибати субъект ва объектҳои стратегӣҷузъиёти ниҳоят муҳим, ки мавриди омӯзиши марказҳои илмӣ-геостратегӣ мебошанд, дар таҳлили ҷанбаҳои мухталифи амалкарди воқеии сиёсӣ ва фарҳангии кишвар зарур дониста мешаванд.

Ҳолати воқеии мактаб, маориф, фарҳанг, раванди шаклгирии маданияти сиёсӣ, ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва динӣ, система, структура ва зарфияти функсионалии онҳо тавъам бо омилҳои муассири минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз - заминаи ниҳоят муҳим барои хулосабарорӣ оид ба вазъи сиёсӣ дар ояндаи наздик ва дур маҳсуб мегардад: «Он чизе, ки дар собиқ арзи ҳастӣ кардааст, марҳалаест барои оғози як падидаи воқеии дигар ё ин ки наздик ба ибтидои зуҳуротест дар замони ҷадид» (Ибн Сина, Избранные философские произведения, М.,1980, стр.127).

Лозим ба ёдоварист, ки масъалаҳои зикргардида – тарҳрезии ҷаҳонбинӣ ва бунёди шуури ояндабинии муосир муҳим ва ҳалкунанда мебошанд. Аммо ангезаҳои ташаккули чунин ҷаҳонбиниҳо танҳо марбут ва маҳдуд ба як давлат шуда наметавонад. Агар дар дунё субъектҳои сиёсие бошанд, ки масъулияти бунёди ҷаҳонбинии муносибро дар доираи танҳо ҷуғрофияи муайян пурра ба уҳда бигиранд, яқин аст, ки онҳо ҳақиқати воқеиро сарфи назар мекунанд. Чунин кӯшишҳо ҳанӯз дар нимаи дуюми асри XIX пас аз ихтирои радио зери суол рафта буд. Воқеияти вазъи иттилоотии имрӯз он имкони маҳдудро ба касе намедиҳад. Муносибатҳо характери субъектӣ - объектӣ ва объектӣ – субъектӣ гирифтааст. Ҳодисаҳои 11-уми августи соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка, мутаносибан, 23-юми октябр ва 14-уми декабри соли 2014 дар Канада ва Австралия исботи гуфтаҳои болост.

Аммо вақте ки сухан дар бораи зери номи ислом паҳн гаштани  андешаҳои идеологияи ифротгароӣ ва террористӣ ва ё худ дар асари онҳо ба вуқӯъ пайвастани ҳодисаҳои номатлуб меравад, бояд гуфт, ки онҳо бештар ба зуҳурот, на ба моҳияти воқеаҳо дахл дорад. Онҳо ҳаракатҳое ҳастанд, ки танҳо барои иҷрои вазифаҳои муайян равона шудаанд ва аз ин ҷиҳат дорои характери инструменталӣ, василавӣ ва функсионалӣ мебошанд.

Моҳият ва зуҳурот дар ояндабинӣ

Масъалаи муҳим дар тамоми рӯйдодҳо, аз ҷумла ояндабинӣ, моҳият мебошад. Нишонаҳои моҳият – муҳимият, аслият, зарурат, муайянкунандагӣ ва қонунмандӣ аст. Моҳият он чизе аст, ки аз назарҳо пинҳон мебошад. Онро бо чашми одӣ дидан имкон надорад.

Вақте ки Абӯалӣ ибни Сино дар бораи истилоҳот ва тафсири далел  ҳарф мезанад, таъкид мекунад: «Ҳар илме, ки бар далелҳо асос ёфтааст, се чизро дар бар мегирад: яке аз онҳо предмет (модда), дуюм хусусиятҳои муҳим (асари зотӣ) ва сеюм мабдаъҳои асосӣ мебошад… Агар предмет ошкор бошад, ин хубтар аст ва агар не, он (модда) аз назари дигар илм ошкор мегардад. Аммо чи тавре ки набошад, ӯ бояд предмети илмро аз тариқи таъриф муайян кунад» (ҳамон ҷо саҳ. 95.).

Худи зуҳуроти сиёсӣ ва рӯйдодҳои фоҷиабори олам, он чизҳое, ки имрӯз дар шаклҳои терроризм ва экстремизм дунёро ба даҳшат овардаанд, моҳияти худро доранд. Моҳияте, ки дар зуҳурот таҷассум меёбад: ҳодисаҳои Афғонистон, Ховари Миёна, «Давлати исломӣ», бозиҳои дигар дар атрофи исломи сиёсӣ, коркарди муваффақонаи идеология ва амалияи террористӣ таҳти шиорҳои гуногуни «ҷиҳод», «муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ», «ҳимоят аз исломи ноб», «мубориза ба муқобили куффор», ки дар асари он садҳо, ҳазорҳо нафар нобуд шудаанд, деҳот, шаҳр ва кишварҳо ба харобазор табдил ёфтаанд, далел ба гуфтаҳои болост.

Тавре ки таъкид гардид, сиёсат на ҳама вақт дар ошкор шудани моҳият манфиатдор аст. Ба ҳамин хотир байни зуҳурот ва моҳият фосила, зиддият ва номуайяниҳо вуҷуд дорад. Сиёсатҳо аксари вақт бошуурона, мақсаднок, ниҳоят махфӣ амалӣ мегарданд. Ин ғайричашмдошт, фавқуттабиӣ нест. Падидаи одӣ ва муқаррарӣ аст. Барои татбиқи нақшаҳо моҳияту ҳақиқат пӯшонида мешавад. Кашфи асрори зуҳурот вазифаи илм аст. Таъкиди К. Маркс, бар ҳамин андеша аст: «...агар  шаклҳои зуҳурот бо моҳияти модда (материя) мутобиқати пурра медоштанд, пас ҳама гуна илм зиёдатӣ мебуд» (Маркс К., Энгельс Ф. Соч., т. 25, ч. 2. с. 384). Ба тарзи дигар, муайян кардани моҳияти масъалаҳо, ҳодисаҳо ва мундариҷаи ҳама гуна падидаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, новобаста дар кадом шакл онҳо пайдо мегарданд, ба дӯши илм вогузор карда шудааст. Илме, ки кашфи ояндаро ба зимма мегирад, дар назди ҷамъият эҳсоси ҷавобгарӣ ва масъулият мекунад, падидаи одӣ, афсонавӣ, тахайюлӣ, берун аз табиат, бофта нест. Он аз дигар шаклҳои шуури ҷамъиятӣ усулан, бо аломатҳои ҷиддӣқотеона фарқ мекунад. Онро шуури илмӣ мегӯянд. Хотирнишон бояд сохт, мо донишҳоеро дар назар дорем, ки маҷмӯи ягонаи системавии мафҳумҳои илмӣ дар бораи қонуниятҳои пайдоиш, пойдорӣ ва тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошанд, ки таҷриба ва амали инсоният онҳоро тасдиқ кардаанд. Ин донишҳо барои минбаъд ҳам донистан, азхуд кардан ва мукаммал гардонидани ҳаёти инсонӣ равона шудаанд. На зуҳуроти дигар, ки онҳоро ҳам баъзеҳо гурӯҳҳои иҷтимоӣ либоси илмӣ пӯшониданианд.

Инчунин барои дарки моҳияти воқеаҳои байналмилалӣ, махсусан, падидаҳои ниҳоят мушкили террористӣ дар кишварҳои Ховари Миёна, Афғонистон ва Покистон, бар мабнои бозиҳои сиёсӣ бо дини ислом, бояд ба моҳият, умқи масъала ворид гашт. Муайян сохт, ки маҷмӯи чунин равандҳо, воқеиятҳо ва натиҷаҳои он дар ояндаи наздик ва дур манфиатҳои кӣ, кадом гурӯҳ, аҳзоб, давлат ва гурӯҳи давлатҳоро таъмин месозанд?

Ба хотири ворид гаштан ба моҳияти воқеаҳои ифротгароӣ ва террористӣ, мебояд анъанаҳо ва меъёрҳои умумии ҳамзистии осоишта ва шарафмандонаи халқҳоро дар тӯли таърих ва замони муосир ҷиддан омӯхт, хусусият, фарқиятҳои миқдорӣ ва сифатии онҳоро дар «ватани» моҳиятсозон, дараҷаи эҳтимолии манфиатҳои охиринҳоро аз тағйироти миқдорӣ ва сифатӣ дар фазои берунаи субъектҳои мавриди назар ба таври муқоисавӣ муайян сохт. Барои наздикшавӣ ба моҳияти масъалаҳо ва ояндабинии рафторҳои сиёсӣ (инсон ва умуман субъектҳои сиёсӣ) ба инобат гирифтани меъёрҳои миқдорӣ аҳамият дорад. Дар ин асно рӯйдодҳо (рафторҳо, зуҳурот, падидаҳо), дараҷаи такроршавии онҳо, аллакай, ҳамчун нишонгари сифати предмет, субъекти сиёсӣ хизмат мекунанд.

Мантиқи аслии илм - дарки дараҷабандии моҳиятҳо, равшан кардани мақсад ва вазифаҳои функсионалии давра ба давраи онҳост. Аристотел дар ин бора мефарояд: «Қатъан муайян аст, ки бояд дар бораи аввалин сабабҳо дониш, маълумот дошта бошем. Он вақт мо мегӯем, ки дар бораи ҳар як ҳолат мо медонем, агар сабаби аввали онро бифаҳмем. Дар бораи сабаб дар чор ҳолат муҳокима рондан мумкин аст. Яке аз онҳоро муҳтавои предмет ном мебарем (ахиран, ҳар як «чаро?» барои муайян кардани предмет равона карда шудааст). Сабаби дуюмро материя ном мекунем. Сеюм он чизе, ки ҳаракат аз он ҷо сарчашма мегирад. Чорум, сабабе ки бо охирин дар ҳолати муқовимат қарор дорад. Мушаххасан, «ба кадом хотир» ё ба кадом ният, мақсад, чунки мақсад асоси ҳама гуна зуҳурот ва ҳаракат мебошад» (Аристотель, Сочинения, М., 1975,  стр. 70).

Гумроҳӣ ва ғофилии объектҳои одӣ - иҷрокунандаҳои амалҳои экстремистӣ ва террористӣ маҳз дар он аст, ки то ҳол ҷамъият аз уҳдаи фаҳмонидани хусусияти инструменталӣ доштани истифодаи онҳо дар баробари мақсадҳои ғаразноки «моҳиятсозон» набаромадааст. Субъектҳо ҳам фурсати фикр кардан дар атрофи суоли «барои чӣ?»-ро ба объектҳои мавриди таъсирашон намедиҳанд. Аниқтараш «моҳиятсозони» дараҷаҳои гуногун дар шуурнок гаштани чунин афрод ҳаргиз манфиатдор нестанд.

Дараҷаи номафҳум мондани моҳияти амали субъектҳои сиёсӣ бо дараҷаи истифодаи онҳо ҳамчун олоти сиёсӣ барои татбиқи ҳадафҳояшон ояндабиниро дар пешгирӣ кардани фоҷиаҳо душвор месозад. Дар чунин ҳолат масъалаи таъмини амнияти миллӣ мураккабтар мегардад.

Муносибатҳои системавӣ

Маълум аст, ки система гуфта маҷмӯи унсурҳое дар назар дошта мешавад, ки онҳо дар алоқамандии вобастагӣ, мувофиқатӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамдигар қарор доранд. Дар ин мафҳум тақсимбандии системавӣ аз шаклҳои одӣ то олӣ дар назар дошта мешавад. Муносибатҳои системавие, ки мансуб ба дарки ояндабинии сиёсӣ аст, аз системаҳои дар шакли ниҳоят мураккаб созмоншуда иборат мебошанд.

Худи муносиботи системавӣ гуфта, самти муайяни методологии ба даст овардани дониш, тасаввуроти илмӣ ва таъмини илмии амалияи иҷтимоиеро меноманд, ки объектҳои таҳқиқҳамчун ҷисми бутун ва ягона омӯхта ва ба назар гирифта мешаванд. Ҳамзамон ба инобат гирифтан зарур аст, ки ҷузъҳои система бо метод, усул ва роҳҳои гуногун амал мекунанд, зуҳур меёбанд, худро дар намоиш мегузоранд. Аммо аз ҷиҳати мақсадгузорӣ, натиҷагирӣ онҳо барои таъмини як ҳадаф нигаронида шудаанд. Муҳимтарин ҷузъиёт дар ин падида муносибатҳо, алоқаҳо ва миёнҷигариҳост.

Системаи сиёсӣҷанбаҳои дохилӣ ва берунӣ дорад. Сиёсати дохилӣ асл, асос ва меҳвари муайянкунандаи аслии кулли сиёсатҳост. Структураи системаи сиёсати дохилӣ, дараҷаи тавонмандии он асос барои пойдорӣ ва давомнокии ташкилоти номбурда дар фазо ва вақт мебошад. Он наздиктарин зуҳурот нисбат ба моҳият аст. Зимни таҳлил ва баҳодиҳии субъектҳои сиёсӣ дар тӯли таърих З.Бжезинский таъкид месозад: «То он замоне, ки империя (дар назар дошта шудааст империяи Рим - С.Ятимов) сифоти қобили ҳаёт ва таъмини ваҳдатро дошт, ҷаҳони беруна имконоти бо он рақобат карданро пайдо намекард» (Бжезинский З., Великая шахматная доска, М., 2002, стр. 23). Сиёсати беруна идомаи диалектикии сиёсати дохилии субъекти муносибатҳоти сиёсӣ мебошад. Он хизматрасон ва шакли таъмини ниёзмандиҳои сиёсати дохила аст.

Дар олам, аз ҷумла дар ҷомеаи инсонӣ, системаҳои ба тарзи мутлақ  амалкунанда вуҷуд надоранд. Байни системаҳо робитаҳои муайяни диалектикӣ мавҷуданд. Субъектҳо, ҳастӣ ва фаъолияти онҳо берун аз системаҳо имконнопазир мебошанд. Ҳама гуна системаи мураккаб аз зерсистемаҳо иборат аст. Ҳар яки он дар доираи таъмини манфиатҳои худи система ва дар вобастагӣ бо системаи бузург ва ягона хизмат мекунад. Ҳатто системаҳои муқтадир ҳамчун имконот аз захираҳои ақлонӣ ва ҷисмонии зерсистемаҳо бевосита истифода мекунанд. Аз онҳо қувват мегиранд. Чунин хосият марбути афзалиятноки системаи геополитикӣ мебошад. Таърихи нимаи дуюми асри XX ва оғози асри XXI нишонгари он аст, ки системаҳои қудратманд худ системаофарин мебошанд. Таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои бузурги бо ном исломӣ ва ташкилотҳои террористӣ мисоли равшани ин гуфтаҳост. Аммо посухи диалектикии қонунмандии системаҳо аксуламали муносибро ҳам нишон медиҳанд. Тавре ки Ф. Бекон мегӯяд: «касе, ки ғуломи худро аз хурдӣ бо ғизои болаззат эрка мекунад, оқибат онро худписанд дармеёбад» (Бекон Ф., Сочинение в двух томах, М., 1977, стр.436). Аммо ба ин худписандиҳо ва «нақши ҷавру нишони ситами» (таъбири Ҳофиз) он ғуломон нигоҳ накарда, талаботи геополитикӣ эҳсоси манфиатҳои системаҳои бузург тақозо мекунанд, ки чунин зерсистемаҳо бо иқтидорҳои нав ба нав созмон дода шаванд. Натиҷаҳои фоҷиабори он аз раванди аслии воқеоти ҳаёти мусулмонон ва мулки мусулмоннишин аст. Нодида гирифтани ин омил низ дар сиёсатҳои миллӣ хатарнок хоҳад буд.

Тавонмандиҳои системаҳо аз истифодаи ресурсҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ, идеологӣ, динӣ ва ғайра иборатанд. Системаҳои бузург дар навбати худ бо роҳ ва усуле, ки то ҳоло инсоният бо истифодаи охирин имконоти интеллектуалӣ (дарки Замин ва воқеияти реалӣ), ки ҷавҳари онро на тахайюл, афсона ва ё дин, балки илм ташкил мекунад, коркард ва роҳандозӣ шудааст. Расидан ба фаҳмиши моҳияту мазмуни системаҳои бузург ва зерсистемаҳое, ки дар доираи ин манфиатҳо амал мекунанд, равшангари масоили раванди воқеаҳо дар чаҳорчӯби рушди замонии он дар фазои муайян мебошад.

Системаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи банақшагирӣ ва амалкарди сиёсӣ системаҳои сирф субъективӣҳастанд, ҳарчанд ҷавҳари онҳоро талаботи материалӣ, объективӣ ташкил намояд ҳам. Онҳо дар вобастагии кул аз дараҷа ва сифати рушди ақл, фаросат ва илм қарор доранд. Ҳамзамон бояд ба инобат гирифт, ки системаҳои интеллектуалии рушдёфтаи глобалӣ системаҳои одӣ, примитивӣ, тахайюлӣ, эҳсосотӣ, тамоюл ба сарчашмаҳои афсонавӣ ва ормониро ошкоро, мустақиман ва бисёр вақт ноаён дар доираи манфиатҳои худ ҳамчун зерсистема ба таври инструменталӣ, чун восита, олоти бозиҳои геополитикӣ истифода мекунанд. Воқеоти ҷаҳони ислом - Ливия, Миср, Ироқ, Тунис, Сурия, Покистон, Афғонистон ва солҳои 90-уми Тоҷикистон, раванди имрӯзаи ҷалби ҷавонони мусулмон ба ҳаракатҳои террористӣ гувоҳи ин аст. Баъди ворид ё тобеъ гаштан ба ин система наҷибтарин андеша ва шиорҳои нек аз ҷумла ғояи «Муъмин бародари муъмин» баръакс кор мекунад. Акнун муъмин ҳамчун василаи таъмини манфиатҳои он системаи бузург ҷойи куштани бародари муъминашро мекобад. Аз аъмоли террористӣ, сӯзондани ҷову макони нимдошти бародари мусулмонаш лаззат мебарад, қаноатмандӣ эҳсос мекунад. Онро «ҷиҳод» ном мениҳад. Дигаронро ба ин аъмол даъват мекунад. Аммо «бародарони» каме фарҳангии хушлибосаш ба умеди аз даст надодани грантҳо, даъватҳои хориҷӣ, меҳмоннавозиҳо, сайру саёҳатҳо, табобатҳо, тафреҳҳои инфиродӣ ва сарҷамъонаи оилавии беподоши лаби баҳрҳову наҳрҳо ва дигар имтиёзот дар мамлакатҳои маълум, рафту баргаштҳо, салиқаи баланди бепул пешвозу гусел карданҳо дар хориҷи кишвар ба ҳамаи ин аъмоли системаҳои глобаливу минтақавӣ лаб фурӯ мебанданд. Вонамуди рӯзардӣҳам намекунанд. Баъзеашон, қаламу каломе ҳам ки доранд, мақола, муколама, мусоҳиба, мавъизаҳо ва ҳатто «корҳои илмиашон»-ро дар васфи маромҳои он системаҳо, бисёр вақт бошуурона, лекин хеле содалавҳона, аммо қотеона, намоишкорона, барои мадди «он назар» афтоданҳо иброз медоранд. Ҳарчанд ин ашхоси хеле ҳушманд «об додану гулоб талаб кардан»-ҳои муаллифони он системаҳоро беҳтар аз ҳама медонанд. Лекин ҳеҷ гоҳ расман амалкарди онҳоро, нисбат ба миллат, намояндагони мардуми хеш маҳкум намекунанд. Ба ғайр аз пештар бо онон маслиҳатшудаи ишораҳои конфронсӣ ва протоколӣ. Нимғурма. Барои худ безарар. Манфиатӣ. Дар дохили чунин изҳороту баромадҳо оҳанги ниҳоят қотеонаи мазаммат ва гунаҳгор кардани Ватани худ, чоплусӣ ва узрхоҳиҳо аз бегонагон бараъло намудор аст. Инро ҳам аз методҳои зарифи корбарӣ, намунаи устокории системаҳои бузурги қудратӣ, тавонмандии молӣ, ақлонӣ, фаросат ва дониши касбии онон ҳисобидан мумкин аст. Лекин дар ин замина «бародароне», ки дар «ҷабҳа» пайи ҳам «ҷиҳод», ҷонгириву «ҷонфидоӣ» мекунанд, муҳтавои аслро набояд пайхас кунанд. Ҳарчанд ки ҷорчиёни доми системаҳои бузург ва минтақавӣ дар бораи чунин воқеот тафсири худро доранд, аммо софдилона эътироф бояд кард, ки шаклу воситаҳои амалкард ифодаи моҳият аст. Ҳақиқати геополитикиро ҷомасафедони «саршинос» бо тарзи худ фаҳмонданӣ мешаванд. Аммо маълум аст, ки «баръакси ҳақиқат дурӯғ аст. Вақте ки дурӯғҳамчун ҳақиқат фаҳмида мешавад, гумроҳист» (Кант И., Трактаты и письма, М., 1980, стр. 360). Дараҷаи гумроҳиҳо – дараҷаи хавфнокӣ барои ояндасозист.

Назарияҳо, идеяҳо, тасаввуротҳо, даъват ва шиорҳо, тарғиб ва ташвиқҳо худ системаҳои идеологӣ ва иттилоотии алоҳида мебошанд. Агар дар таҷриба ва воқеияти зиндагӣ дар муносибат бо манфиатҳои миллӣ тасдиқи худро наёбанд, ҳечанд. Амалия - сифати аслӣ, шоҳид ва нишонгари мустақими ростиҳост. Муқоиса, таҳлилу арзёбии илмии идеологияҳо ва системаҳои сиёсии глобалӣ ва регионалӣ нишон медиҳад, ки яке дорои донишҳои замонавӣ ниҳоят зирак, ҳушманд ва ақлонӣ, дигаре побанди ҷаҳолату ғафлат, мустаманди нодонӣ ва дар ҳолати такя танҳо ба қувваҳои осмонӣ мебошад. Чунин таносубу тазод барои инсоният, махсусан кишварҳои мусулмоннишин ниҳоят ваҳим ва фоҷеабор хоҳад буд.

Ҳамзамон бояд таъкид сохт, ки дар назарияи муносибатҳои байналмилалӣ мафҳумҳои асосӣ – нигоҳдории статус-кво (бетағйирии вазъ ва мавқеъҳо), инчунин мувозинати қувваҳо ҳамчун омили субот ва амният маҳсуб мебошанд. Аммо мувозинати ақлонӣ, идеологӣ ва интеллектуалӣ, ҳатто илмӣ (тавоноии таҳлил, омӯзиш, баррасӣ, хулосабарорӣ, арзёбӣ ва тасмимгириҳо), мутаасифона, ба назар гирифта намешаванд. Таҷрибаи сиёсати глобалӣ нишон медиҳад, ки маҳз омили сеюм, яъне мувозинат дар сатҳи шуур нишонгари он аст, ки чи тавр системаҳои ақлонӣ, идеологӣ, илмии нав аксаран ба сурати манфӣ бар системаҳои ҳаммонанди анъанавӣ бартарию ғолибият пайдо карда, дар нуқоти мухталифи олам вазъияти байналмилалиро муташанниҷ месозанд ва ҳолати мавҷударо тағйир дода, мувозинатро дар сатҳҳои гуногун вайрон мекунанд. Вазъияти олами ислом аз ин ҷиҳат ҳузновартар ва истеҳзоомезтар аст. Ба қавли Убайди Зоконӣ «Аз нуқулашон мехӯранд ва бар уқулашон механданд». Аз ин рӯ, барои маърифати системавии моҳияти сиёсати ҷаҳонӣ, таносуби амалҳои мутақобили низомҳо ва зернизомҳои сиёсати байналмилалӣ, характери субъектҳои сиёсӣ, равобит ва муносибатҳои онҳо таҳқиқотҳои амиқи илмӣ, таҳлили васеи назарияҳо, консепсияҳо, махсусан ҷанбаҳои татбиқии онҳо бисёр муҳим мебошад. Ба ҳар усул кашфи диалектикаи моҳияти низомҳо, вобастагии зуҳуроти сиёсӣ ва идеологӣ аз он, бояд ҳамчун авлавияти илмӣ дониста шавад. Ба қавли Абуалӣ ибни Сино, бояд моҳияти ашёро дар дохили худи ашё ҷуст. Тибқи ифодаи Гегел: «Моҳият аз дохили худаш ҷило медиҳад ва худро муайян месозад... он танҳо барои худ арзи ҳастӣ намекунад, балки дар пайдарҳамиҳои муттассил зуҳур меёбад. Барои ҳамин он асоси муносибатҳо ҳаст. Муайян кардани моҳият – муайян кардани зуҳурот ва падидаҳост» (Гегел В.Ф., «Работы разных лет», в двух томах, т. 1. , М.,1973, стр. 100).

Ҳамин тариқ, шинохти системаҳои сиёсӣ танҳо бо дарки амиқи моҳияти онҳо дар замон ва фазои муайян барои экстраполятсияи падидаҳо шарти шинохти сиёсат мебошад. Методи системавии таҳқиқи илмӣ восита ва усули асосии объекти омӯзиши сиёсӣ тавассути субъекти омӯзиш маҳсуб мегардад.

Бузургӣ ва муҳимияти илм дар ошкор ва тафсири воқеиятҳое ҳаст, ки тавозун ва баробарии зуҳурот ва моҳиятро ошкор ва тақдири оммаро осон намояд.

Бархӯрди таърихӣ ва ояндабинӣ

Яке аз муҳимтарин хосиятҳои майнаи инсон хотира мебошад. Маҳз он имкон медиҳад, ки таҷрибаи таърихӣҳифз, эҳё, таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва сабақҳои ҳаётӣ аз он гирифта шаванд. Оғози ҳифз кардан аз эҳсос  сарчашма мегирад.

«Имконоти эҳсос карданро табиат ба ҳайвонот ҳам додаст. Дар натиҷаи эҳсос кардан дар баъзе аз гурӯҳҳои ҳайвонот хотира ба вуҷуд намеояд. Дар баъзеи онҳо ба вуҷуд меояд. Барои ҳамин ҳайвоноте, ки хотира доранд, бештар ҳушманд мебошанд, дорои фаҳмиш ва фаросати баландтаранд» (Аристотель, Сочинения в четырех томах, т.1, М, 1975,. стр. 65).

Аристотел яке аз сифоти аслии фаҳм ва фаросатро, ҳатто дар ҳайвонот ҳам, дар вобастагӣ бо унсури хотира медонад. «Хотираи инсонӣҷамъ кардани таҷрибаи гузаштаи инсонӣ ва дар ҳолати зарурӣ ба мақсади азнавсозӣ, рушди ҷомеа ва худи инсон аз нав ба ёд овардани онро дар назар дорад» (Кондаков С., Логический словарь-справочник, М., 1975, стр. 430).

Панд ва андарзҳои «Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир», «Ҳеҷ кас ва ҳеч чиз фаромӯш намешавад», «The mind is man» («Хотираи мард худи мард аст») ва ба инҳо монанд таъкид ба аҳамияти амалии хотира, таҷрибаи таърихӣ менамояд.

Мақсад аз илм он аст, ки донишҳои маҳсули он объективӣ ва аз лиҳози амалӣқобили татбиқ бошанд, ба амният, рушд ва тараққии инсон муосидат кунанд. Нишони аслии дониш - доштани қувваи истеҳсолӣ, қобилияти фаҳми минбаъдаи олами ҳастӣ ва тавони барои фоидаи инсон истифода бурдани он аст. Ин сифат танҳо афзалияти илмҳои фундаменталӣ - табиатшиносӣ нест. Ҳаёт тақозои онро менамояд, ки махсусан илмҳои ҷамъиятшиносӣ на танҳо восита ва омили муайянкунандаи муносибати инсон ба табиат, ҷамъият ва тафаккур бошанд, балки ҳамчун як неруи бузурги таъсиррасонӣ ба инкишофи ҷамъият ва пешрафти тамаддуни башарӣ хидмат карда тавонанд. Табиатшиносӣ низ дар шакли ҳамкорӣ бо илмҳои ҷамъиятшиносӣ сарчашмаи муҳими пешрафти инсонӣ хоҳад шуд.

Омӯзиши таърих, бардошти илмӣ аз қонуниятҳои инкишофи он, омили тақвияти асосҳои назариявии ояндабинии сиёсӣ мебошад. Баррасии таҷрибаи таърихӣ барои ҳаёти имрӯза аҳамияти бузург дорад. Аммо «фавқулода мураккаб будани раванди ҷамъиятӣ-таърихӣ дар вобастагӣ бо душвориҳои илмии омӯзиши он мебошад. Дар таносуб бо табиат ҷамъият на танҳо объекти омӯзиш, балки субъекти омӯзиш низ ҳаст» (И. Ковальченко, «Методы исторического исследования», М., Наука, 1987, стр. 73).

Чунин масъалаҳои омӯзиши таҷрибаи таърихии инсоният ба он сабаб шудааст, ки ҳодисаҳои таърихӣ аз нуқтаи назари манфиатҳои фардӣ, гурӯҳӣ, синфӣ, ҳизбӣ ва миллии субъектҳои сиёсии муайян шарҳу тафсир ёбанд. Аммо чунин камбудии ҷиддӣҳаргиз қимати самараи омӯзиши таҷрибаи таърихӣ ва сарнавишти халқҳоро кам намекунад. Зеро ҳақиқатҳои илмӣ дар масири таърих аксаран чунин мушкилотро паси сар ва мутобиқати донишҳои таърихиро ба воқеият таъмин намудааст. Илмҳои ҷамъиятшиносӣ низ, махсусан фалсафа ва ҳуқуқшиносӣ дар садаҳои ХIX – XX дар натиҷаи дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ дар шинохти падидаҳои таърихӣ ба муваффақиятҳои ҷиддии илмӣ расидаанд. Файласуф, сиёсатмадори машҳур ва муваффақи он замон таъкид  менамояд: «…ҳар як вазъият талаб мекунад, ки он маҳз а) аз лиҳози таърихӣ;  б) маҳз дар алоқамандӣ бо дигарон; в) маҳз дар алоқамандӣ бо таҷрибаи мушаххаси таърихӣ омӯхта шавад». Чунки «гузашта дар замони ҳозира ҳамчун захираи таҷрибаи наслҳои пешин арзи ҳастӣ мекунад» (Иванов Г. М., Исторический источник и историческое познание». Издательство Томского университета, 1973,  стр. 123.)

Дар маҷмӯъ, шинохти дурусти фактҳои таърихӣ барои шинохти имрӯз ва ояндабинӣ ниҳоят муҳиманд. Дар ин бобат кӯшиш кардаем, ки дар атрофи масъалаҳои алтернативии таърих ва ояндабинии сиёсӣ баъзе мулоҳизоти худро баён намоем.

Бояд ба инобат гирифт, ки шаклҳои гуногуни моҳият сабабгори пайдо шудани шакл ва зуҳуроти мувофиқ ба онро тақозо мекунанд. Аммо таърих барои ҳамаи моҳиятҳо имкон, шанси баробар намедиҳад. Дар ин самт он асосҳое рӯйи кор меоянд, ғолиб мебароянд, ки дараҷаи интеллектуалӣ (дониш, малака, таҷриба), арзишмандии сифатӣ ва потенсиали ҳар миллат (қодир будан ба сохтан ва аз ҳама муҳим нигоҳ доштани институти аслии ҷомеа – давлат) ба он мувофиқ бошад. Моҳиятҳое мисли сохтани давлати миллӣ, ки замонати рушди миллӣ аст, дар мисоли давлатҳои пешрафтаи дунё, дар замони муосир ҳаётан муҳим, аммо аз мушкилтарин масъалаҳост. Бояд ба инобат гирифт, ки сохтани давлати миллии пурқувват, мутараққӣ ва дар «оила»-и миллатҳои дунё, рақобатпазир дар системаи манфиатҳои индивидуалӣ, гурӯҳӣ, ҳизбӣ инчунин минтақавӣ ва глобалӣ то кадом андоза мувофиқат мекунад?

Миллатҳое, ки дар бораи ояндаи хеш бо дарки масъулияти ватанхоҳона муносибат мекунанд, тамоми имкониятҳоро барои ҳифз ва рушди давлатдории худ истифода мебаранд. Аз таҷрибаи таърихии дигар миллатҳо сабақ мегиранд. Омӯзгори аслӣ онҳоянд.

Моҳияти ҳаводиси Миср, Ироқ, Сурия, умуман Шарқи Наздик, Афғонистон ва Покистонро пеш аз ҳама бояд дар дохили ҳамин ҷомеаҳо пайдо намуд, таҳқиқ кард ва хулосабардорӣ намуд. Ҳолатҳои дигари имконпазири тараққиёти сиёсӣ дар ин кишварҳо ҳам, албатта, вуҷуд дошт, аммо заиф, норавшан, нотавон. Қувваҳои зиддимиллии дохилӣ ва берунӣ тавъам дасти ба даст аз ин заифиҳо хуб истифода карданду мекунанд. Алтернативаи муқобили ин гуна фитнаҳо - фоҷиаҳо бо садҳо ҳазор ҷонбохтанҳо, вайрониҳо, нобудиҳо шояд баъди чандин даҳсолаҳо пайдо гардад, ё хайр.

Ба ҳамин хотир, фарзияи рушд, тараққиёт ва пешравии миллатро дар асоси манфиати миллӣҳамчун масъулияти умумимиллӣ шинохтан амри зарурӣ барои ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз нажод, эътиқодот, мансубият ба ҳизби сиёсӣ ва табақаи иҷтимоии он маҳсуб мегардад. Дар асоси амалияи фоҷиабори манотиқи номбаршуда ва таҷрибаи талхи миллати тоҷик дар асрҳои миёна ва таърихи навтарин алтернатива ва шанси нав – сохтани давлати миллиро бо кулли нақшаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ боист дар амал ҷонибдорӣ кард, ба он саҳм гузошт, қувват бахшид. Онро бояд қарзи миллатсолорӣҳисобид. Барои халқи тоҷик ин рисолати ҳаётӣ аст. Он ниёз ба ҷоннисорӣ ва қаҳрамонӣ дорад.  Муътақид бояд буд, ки «оянда давоми табиӣ ва ногузири имрӯз аст. Оянда оғози худро аз имрӯз мегирад… Дуруст фаҳмидани алтернативаҳо дар рафти тараққиёти ҷамъиятӣ-таърихӣ имкон дорад. Фақат бояд алоқаҳои наздики диалектикии гузашта, имрӯза ва ояндаро фаҳмид» (Ковальченко И.Д., Методы исторического исследования, М., Наука, 1987, стр. 88).

Интихоби алтернативаҳо ва ҷидду ҷаҳд барои амалӣ сохтани онҳо чизи одӣ нест. Онҳо дар заминаи талаботу эҳтиёҷоти гурӯҳҳои иҷтимоӣ рӯи кор меоянд. Талабот дар шакли манфиат зуҳур меёбад. Муҳимтарин манфиат, бешубҳа, манфиати миллӣ аст. Асоси онро амният, сулҳу субот, пойдории давлати миллӣ, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар назар дорад, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихӣ дар ин замина роҳнамои санҷидашуда маҳсуб мегардад. 

Характери миллӣ ва маънавиёти миллӣ

Чи тавре ки хотирнишон гардид, олимони шинохтаи сатҳи байналмилалӣ тавоноии давлатро дар хислат, характери миллӣ ва маънавиёти миллӣ мебинанд. Он дар эҳтимолияти рафторҳои сиёсӣ, сабк ва усули муносибатҳо, тасмимгириҳо ва шеваи амалӣ кардани онҳо зуҳур меёбад.

Омӯзиши характери миллӣ барои шинохти миллатҳо ба мақсади тасмимгириҳо ва дониста амал карданҳо, албатта, чизи нав нест. Мифология, таърих, адабиёт, санъат, муносибатҳо ва рафторҳо дар доираи манфиатҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, этникӣ, динӣ ва ғайра маводи аслӣ барои омӯзиши характери миллӣ мебошад. Этнография – илме, ки тарзи зиндагӣ урфу одати халқҳо, маданияти моддиву маънавии онҳоро меомӯзад, усулан бо манфиатҳои сиёсии давлатҳо робитаи амалӣ дорад. Экспедитсияҳои машҳуре, ки зоҳиран барои мақсадҳои этнографӣ нишон дода мешуданд, аз ҳадафҳои геополитикӣ холӣ набуданд. Онҳо аввал ҷойи худро меомӯзанд, баъд пойи худро мегузоранд. Ин гуна омӯзишҳо дар замони муосир беш аз пеш ривоҷ ёфта истодаанд. Бо кулли имкониятҳое, ки барои онҳо қобили фикр ва татбиқ аст, ин давлатҳо, хосатан абарқудратҳо, сиёсати дилхоҳи худро пайгирӣ мекунанд.

Вожаи «миллат» таърихи қадима дорад. Ҳамчун истилоҳ дар гардиши асрҳо эволютсияи ниҳоят ҷиддӣ дидааст. Он аз ин ҷиҳат мавзӯи баҳси мо нест. Аммо хотирнишон бояд сохт, ки тафсири аслӣ, решагии калима, ки муроҷиат ба шакли лотиниаш «natio» мебошад, маънии халқро дорад. Дар тафсири сиёсӣ, ҳатто таҳлили бадеӣ истилоҳи «миллат» аз асли семантикии худ на чандон фосилаи зиёд дорад. Ба андешаи мо, он такмил ёфтааст, мушаххастар шудааст. Халқҳо асос ва субъекти аслии ташкил кардани давлатҳо гаштаанд. Давлатҳои пешқадамтарини дунё давлатҳои динӣ, теократӣ нестанд. Онҳо давлатҳои миллӣ мебошанд ва дар такя бо арзишҳои умумиинсонии дунявӣ барои зиндагии инсон, новобаста аз мансубияти ирқӣ, нажодӣ, динӣ, бунёд ёфтаанд.

Дар сурате, ки миллат ҳамчун субъекти асосӣ дар созмон додани давлати дунявӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти шоистаи инсон нақши меҳвариро касб кардааст, дар фарҳанг ва тамаддуни ғарбӣ он истилоҳан бо мафҳуми «давлат» муродиф дониста мешавад. Масалан, дар номи бузургтарин ташкилоти универсалии олам – Созмони Милали Муттаҳид калимаи «миллат» бо мафҳуми «давлат» муродиф дониста мешавад. 

Моҳияти миллат дар характери миллат ифода меёбад. Характери миллӣ – меъёри асосии арзёбии ҳар миллат аст. Он дар системаи муносибат ба тақдири худи миллат ва дар муносибат бо дигар миллатҳо зоҳир мешавад. Характери миллат дар муқоиса бо дигар миллатҳо муайян, мушаххас ва арзёбӣ карда мешавад. Характери миллӣ бо худшиносии миллӣ сахт вобаста аст. Ҳар дуи он дар шинохти мансубияти шахс ба худи миллат, дар тақдирсозии он миллат аз лиҳози маъно муродиф мегарданд. Дар муайян кардан ва баҳо додан ба характери миллӣ суханҳо, шиорҳо, назарияҳо, таъбири ҳиссиёт аҳамияти камтар доранд. Амали намояндаи миллат баёнгари аслии сифати миллист. Предмети аслӣ, ки муносибати намояндаи миллатро дар доираи худшиносии миллӣ муайян мекунад, манфиати миллӣ мебошад. Дар ин майдон рафтори индивидуалии як нафар ё чанд нафар дар замон ва макони муайян наметавонад ҳамчун характери миллӣ эътироф шавад, ҳарчанд ишора ва намуна аз он аст. Чи тавре ки таъкид гардид, сафарбар гаштани миллат дар тӯли таърих барои таъмини манфиатҳои миллӣ ва эътирофи барҳақи онҳо на танҳо тавассути худи миллат, балки субъектҳои берунӣ, характери миллиро тақвият медиҳанд. Характери миллӣҳам на танҳо барои худи миллат ҳаётан муҳим аст, балки он ҷанбаи баинобатгирии заруриро аз ҷониби субъектҳои беруна дар назар дорад.

Ҳамин тариқ, донистани характери миллӣ омили муҳими ояндабинии рафторҳои сиёсист. Бархӯрд бо ҳар миллат дар оилаи миллатҳо, банақшагирии муносибатҳо, рафторҳо, вокунишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва албатта, забткориҳо ва тахрибкориҳо ҳам бо ба инобат гирифтани характер ва урфу одати ҳар миллат анҷом мепазиранд. Барои осонии фаҳми масъала донистан ва ба инобат гирифтани назарияи антропологӣ - илмӣ «гузаштан аз морфология, физиология ва нажоди инсон ба таърих» (Энгельс Ф. Диалектика природы, М., 1978, саҳ. 148) дар муқоиса бо муносиботи субъектҳои сиёсӣ дар сатҳи муносиботи байналмилалӣ дорои аҳамияти хоса мебошад.

Бинобар ин, ба хотири «мувофиқат кардани илм ба талаботи иҷтимоӣ» (таъбири К. Маркс), баланд бардоштани эҳсоси масъулияти олимон ҷиҳати эҳёи тамоми мероси ақлонӣ ва хислатан фалсафии бузургони худ дар чаҳорчӯби манфиатҳои миллӣ ва танзими амалияи сиёсӣ, таҳкими он бо характер ва ахлоқи миллӣҳамчун соҳаи қобили таҳқиқҳамеша зарур хоҳад буд. Дар таҳқиқотҳои илмӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои таърих, фалсафа, адабиётшиносӣ, очеркҳои бадеӣ - таърихии халқи тоҷик ин масъалаҳо шарҳу тафсири муайяни худро ёфтаанд. Вазифаи илм аст, ки онҳо мавриди омӯзиш, таҳлил, тадқиқ ва арзёбӣқарор бигиранд, ба як системаи муайян дохил карда шуда, барои истифода дар амалияи иҷтимоӣ пешкаш гарданд. 

Илова бар ин, ҳамчун намуна мо бо баъзе аз ишораҳои файласуфи бузурги олмонӣ Г.В.Ф. Гегел оид ба характери миллӣ муроҷиат мекунем. Ҳарчанд аз тафсирҳои мазкур зиёда аз дусад сол гузашта бошад ҳам, онҳо аҳамияти илмӣ, методологӣ, назариявӣ ва амалии худро гум накардаанд. Ин олими шинохта дар мавриди характери миллӣ сухан гуфта, омилҳои ҷуғрофӣ ва релефро дар шаклгирии характери миллӣ аз муайянкунандаҳо меҳисобад. Ҳангоме ки Гегел вобастагии хислати миллатҳоро ба омилҳои номбаршуда вобаста медонад, чунин таъкид мекунад: «Баъди он ки кӯшиши шарҳ додан кунем, ки фарқиятҳои қитъаҳои олам фавқулода нестанд, балки ҳатто заруранд, ҳамзамон фаҳмонданием, ки ин фарқият дар дигаргун сохтани сифатҳои ҷисмонӣ ва рӯҳии инсон то чи дараҷа муассир мебошанд» (Гегель Ф., Энциклопедия философских наук, т. 3, Философия духа, М., 1977, стр.61).

Гегел дар бораи яке аз миллатҳо ҳарф зада таъкид мекунад: фалон мардумро (мо аз истифодаи номи мушаххаси он халқ, ки муаллиф овардааст, амдан худдорӣ мекунем) «бояд ҳамчун миллати ибтидоӣ шинохт, ки он ҳанӯз нисбат ба ашёҳое, ки ӯро иҳота кардаанд, муносибати аслӣ зоҳир наменамояд. Ононро мефурӯшанд ва охиринҳо ба ин имкон медиҳанд. Қатъӣ фикр намекунанд, ки ин одилона аст ё не… Дар дини ин халқ ким-чӣ хел зуҳуроти кӯдаконае эҳсос карда мешавад… Эҳсоси олии худро онҳо ба ҳар як санге, ки пеш меояд, мансуб медиҳанд, онро мавриди саҷдаи худ эълон мекунанд…» (Ҳамон ҷо, саҳ. 61).

Дар бораи ахлоқ ва маънавияти яке аз халқҳо, ки аз миллати шаҳрсозу тамаддунофарини тоҷик калламанораҳо сохтааст, Гегел ҳушдор медиҳад: «… ба онҳо ҳаракоти ба ягон натиҷаи поянда наоварандае хос аст, ки ин халқро ба монанди анбӯҳи малах ба сарзаминҳои халқҳои дигар шӯри сафарбаркунӣ менамояд… (Ҳамон ҷо, саҳ. 61).

Дар бораи аврупоиҳо, ки дараҷаи олии тараққиёти илму фан ва зисти инсониро барои худ таъмин намудаанд, Гегел менависад: «Ба аврупоиҳо сифати абадии аз худ кардани Дониш хос аст, он чизе, ки ба дигар нажодҳо бегона мебошад. Онҳо ба Дунё таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, мехоҳанд фаҳманд, чизеро, ки дар муқобилашон истодааст. Бояд кулли зуҳуроти оламро дарк намоянд, ки чи гуна тасниф мешаванд, дар асоси кадом қонуниятҳо амал мекунанд, афкор ва мантиқи онҳо аз чӣ иборат аст… Олами бегонаро мехоҳанд назди худ бо ҳамон неруе таслим созанд, ки ин олам ба онҳо итоат кунад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 65).

Садсолаҳост, ки Аврупо ба доварони дунё табдил ёфтааст. Солорӣ бар маҷмӯи имконот (иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра) онҳоро дастболо кардааст. Аммо Гегел дар ин муъҷиза фақат як чизро сабаби роҳнамо будани мардумони қитъа эътироф намудааст – майли фавқулодаи аврупоиён ба омӯхтани Илм, Дониш. Ба илм майл доштан, дар ин асос табиату ҷамъиятро идора кардани онҳо аз ҷониби донишманди бузург ҳамчун характер, ҳувияти миллии мардумони ин қисмати Замин эътироф гаштааст. Рӯйирост, бепарда, бо виқор онро «сифати абадии ба дигар халқҳо бегона» номидааст. Хулосааш он аст, ки «тавоно бувад, ҳар ки доно бувад». Ҳарчанд кулли Аврупо ин таъбирро баъди панҷсад соли Фирдавсии бузург (940 - 1020) дар шакли «Knowledge is power» («Дониш тавоноист») моли Ф. Бекон (1561 - 1621) эътироф кардаанд.

Гегел амиқан муътаъқид аст, ки характери миллӣ аз муҳимтарин омили муайянкунандаи тақдири миллат мебошад: «Мо дар ин ҷо маҳз ба он сабаб ба характери миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунем, ки он ҷанин аст барои рушди таърихи миллат» (Ҳамон ҷо, саҳ. 66).

Эҳтимол меравад, ки ибораи номии «одоби миллӣ» дар шакли англисии  «national moral» (ва русӣҳам) аз ҷиҳати структураи орфоэпӣ ва вазни семантикӣҳиссиётро нисбат ба ин зуҳурот бештар ифода менамояд.

Ба ҳар навъе ки бошад, ба ақидаи мо, «одоби миллӣ» шакли мутамаркази мафҳуми «характери миллӣ» - ро дар назар дорад. Он муносибати ахлоқии миллатро ба имрӯзу ояндаи хеш дар бар мегирад. Одоби миллӣ на танҳо ҳисси маънавӣ, рӯҳии халқро нисбат ба тақдири худаш таҷассум менамояд, балки масъулиятнокии миллатро дар замони муосир, инчунин ояндаи наздику дур ва махсусан дар лаҳзаҳои тақдирсоз, нишон медиҳад. Бешубҳа, дараҷаи шуурнокӣ, муносибат ба илму дониш, муттаҳидӣ, иродаи паси сар кардани мушкилот, бовар ба тақдири созандагии Ватан ва иштироки фаъол дар он, омилҳои муҳим ва нишонгари моҳияти одоби миллӣ мебошанд.

Ба таъкид ва тасдиқи афкори Гегел баъд аз ду аср Г. Моргентау (1904 – 1979), ки пештар ишора ба ӯ карда будем, оид ба нақши ҳаётан муҳим доштани ҳарактери миллӣ бо таъкид ва масъулиятшиносии олимона менависад: «Бе характери миллӣ тавоноии миллӣҳеҷ аст. Ҳама гуна қудрати моддӣ ё имконоти дигар мувоҷеҳ ба барабас рафтан ва нокомист» (Morgenthay H., Politics Among Nations The Struggle for Power and Peace, New York, 1964, , р.138).

Дар тӯли таърих яке аз шаклҳои муқобилати як миллат алайҳи миллати дигар - мубориза барои заиф ва нобуд кардани ҳувияти миллии рақиб аст. Дар коҳиш додани ҳувияти динӣ ягон абарқудрат манфиатдор набуд ва нест. Чи тавре ки таърих нишон медиҳад, ҳувияти динӣҳама вақт барои мақсадҳои онҳо созгор буд. Муносибати душманона ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абунасри Форобӣ, Абумансур Муҳаммад ибни Аҳмад Дақиқӣ, Носири Хисрав, Убайди Зоконӣ, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин, Тошхоҷа Асирӣ, Садриддин Айнӣ ва дигар бузургон на ҳамчун фард, инсони одӣ, балки аз рӯйи фаъолият - эҷодиёти онҳо ҳамчун родмардони миллати тоҷик, тарғибкунандагони аслият, бузургӣ ва ҳувияти ин халӯи куҳанбунёд  дар хотираи бадхоҳони миллати мо нақш баста буд. Имрӯзҳо аз дараҷаи таваҷҷуҳи хориҷиён ба ходимони дин, дар муқоиса бо олимони меҳанпараст, ҳамин оинро метавон мушоҳида кард, баҳо дод, хулоса баровард, ояндабинӣ кард.

Хулоса

Проблемаи эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ аз печидатарин масъалаҳои илмӣ ва амалӣ мебошад. Ҳангоме ки предмет ва объекти ояндабинӣ муайян мегардад, барои ҳалли масъала истифодаи имконоти аксарияти илмҳои табиӣ ва ҷамъиятшиносӣ зарурат пайдо мекунад. 

Таҷрибаи фоҷиабори муосир бозгашти инсонро ба масъалаи шуур, структураи он, омилҳои шаклгирӣ ва рушди ин маҳсули майнаи инсон беш аз пеш ҷалб мекунад. Гоҳо хаёл самти муайянкунандагии шуурро нисбат ба ҳастӣ мегирад. Аммо бозгашт он аст, ки фақат фитнаҳои ҳастӣ ва манфиати инсонӣ шуурро василаи бозиҳои бамақсадрасӣ кардааст. Ниқоб аз рӯйи ин мубҳамият кашидан ва ояндаро равшан кардан мансуб ба Илм аст.  

Мавзӯъҳои аслӣ дар эҳтимолияти равандҳои сиёсӣ – поя ва сифати худшиносии миллист. Ба фикри мо, дар чаҳорчӯби тадқиқоти илмӣ ибораи охирин бояд аз тасаввуроти бадеӣ то андозае фосила дошта бошад. Ба ҳақиқат, ҳолати воқеӣ наздик шавад. Сохт, структура ва системаи он бо хосиятҳо, муносибатҳо, омилҳо ва қонуниятҳои пайдоиш, шаклгирӣ ва рушду тараққии он мавриди омӯзиши ҷиддӣқарор бигирад. Ҷараёни чунин омӯзиш дар тӯли таърих ба саволи мушаххас дар бораи он ки чаро раванди барои миллат, давлат ҳаётан зарур ба он шакле, ки манфиатҳои миллиро таҷассум мекард, ҳаракат накард ва ё баръакс, посухи муносиб надод. Характери усулӣ доштани чунин омӯзиш зарур аст, тасдиқи худро дар муайян кардани ҳолати воқеии имрӯза, ба хотири ислоҳи камбудиҳои ҷиддӣ, махсусан дар соҳаи тарбияи насли ҷавон, оне, ки тақдири давлатдории оянда ба онҳо вогузор карда мешавад, таҷассум ёбад. Бояд равандҳои эҳтимоми манфии оянда дар воқеияти кунунӣ ислоҳ гарданд.

Ҷараёни ҳаводис ва рушди он аз мақсадгузорӣ ва имконоти рақиб ҳам вобастагӣ дорад. Тахрибкории системавӣ ва муваффақонаи бадхоҳон нисбат ба миллат дар шароити имрӯз аслан бо «дастпӯшак» амалӣ карда мешавад. Онҳо, чи тавре ки хотирнишон гашт, хулқу атвори миллиро дар дараҷаи тахассусӣ бо ҷалби олимон, тадқиқоти фундаменталӣ, «экспертҳои маҳаллӣ», ташкилотҳое, ки худашон пул медиҳанд, номгӯйи корҳои илмӣ ва пурсишҳову анкетасозиҳою назароомӯзиҳо тадқиқ мекунанд. Дар ин кор «нухбагони» дохилӣ, ҳамчун методи лабаратории «намуна аз матоъ» барои хориҷиён истифода мешаванд. Натиҷаи он дар ситодҳои махфӣ муҳокима мегарданд. Хулоса мебароранд, ки аз намояндагони ин ё он миллат чӣ гуна ғулом (таъбири файласуф ва сиёсатмадори англис Френсис Бекон) метавон сохт? Ғуломи ҷисмонӣ? Ғуломи маънавӣ? Ғуломи экспертӣ? Ғуломи суханчин? Ғуломи сухангӯй? Ғуломи қалам? Ғуломи калом? Ғуломи мавъизаҳо? Ғуломи самтнишондеҳ барои амалияи террористӣ? Ғуломи ҷиҳод? Ғуломи даҳшатафканӣ? Ғулом – террорист? Ва ғайра. Ба ин ғуломон чӣ гуна либос пӯшонд? Онҳоро чӣ гуна унвон дод? Вобаста ба характер – қимати миллат, аниқтараш намояндаи миллат нархҳо муайян мегарданд. Ин ҷо дигар муносиботи бозорӣ ба кор медарояд. Ҳарчанд маълум аст, ки ин ғуломон чандон гарон намеистанд: шуури шаклгирифтаи зиддимиллӣ. Андак пайса. Кулоҳгузорӣ. Наполеон хотиррасон кардааст: «Дидаам, ҳимояи манфиати миллат ба қимати ҳазорҳо ҷон гарон, аммо фурӯхтани он бар савдогарон ба як нон арзон» меафтад (Robert I. Fitzhery, editor, Harper Book of Quotations, New York, 1998, p.198). Дар ҷои дигар ин шахсияти бузург ба ҳамватанонаш хушдор медиҳад: «Франсузҳо, ватанатонро дӯст доред. Кӯшиш накунед, ки монанд ба ягон миллати дигар бошед. Чунки дар дунё нест миллате, ки майли монанд шудан ба франсузро дошта бошад» (Ҳамон ҷо, саҳ. 198). Албатта, ҳарф сари ҳувияти миллӣ ва худшиносии миллӣ меравад. 

Ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва баъзеи дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба ғайр аз омилҳои мавриди назар натиҷаи суйистифодаҳо аз заифии характери миллист. Аммо куштор, террор, валангор кардани хонаву дари мардум, сарсону саргардонии миллат, аз даст рафтани қаламрав ва мустақилияти миллӣ ва ба ҳамин монанд фоҷиаҳои ислоҳнопазирро ба ягон намуди далел, сабаб, баҳона, шиор сафед кардан мумкин нест. Боиси таассуф аст, ҳар миллате, ки аз берун идора карда мешавад, ё намояндагонаш манфиатҳои бегонагонро дар ҳар шакл, ҳамчун манфиатҳои худӣ талқин мекунанд, барои ба рӯзи нек расидан мушкили сахт мебинанд. 

Ҳамзамон мо ба фикри Гегел, ки мегӯяд: «пеш аз ҳама бояд розӣ  шуд ба андешае, ки фарқияти миллӣҳамчунон бетағйир мемонад, мисли фарқияти ирқӣ, нажодӣ… Тағйир наёфтани боду ҳаво, ҳама хосият ва шароитҳое, ки миллат дар он мавзеъ ба тарзи доимӣ зиндагӣ мекунад, омили асосӣ барои тағйир наёфтани характер мегардад» (Гегель Ф., Энциклопедия философских наук, т. 3, Философия духа, М., 1977, стр.61), ҷонибдор буда наметавонем. Андешаи комил, ба назари мо, он аст ки омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ нисбат ба омилҳои ҷуғрофӣ ба характер ва маънавиёти миллӣ таъсири бештар доранд. Агар ин тавр намебуд, панҷоҳ сол пеш касе дар кишвари он тарафаи уқёнус тасаввур карда наметавонист, ки намояндаи қораи «мустасъаф» раҳбари аввали кишвари бузург мегардад.

Таҷрибаи таърихӣ нишонгари он аст, ки тақдири равандҳои ояндаи миллат мансуби худи миллат аст. Аз нигоҳи илмӣ, бо истифодаи мафҳумҳои дақиқи расидан ба моҳият ва дарки зуҳурот дар доираи методҳои санҷидашуда - муносиботи системавӣ ва таърихӣҳалли бисёр масъалаҳои амалиро осон мегардонад. Дар ин маврид, махсусан, омили таърихӣ аз муайянкунандаҳост.

Пояи аслии ҳама гуна эҳтимолиятҳо раванди воқеаҳо, бештар аз ҳама ба инсони мақсадгузор вобастагии пурра дорад. «Сабаби ҳамаи сабабҳо мақсад ва ё худ вуҷуд доштани мақсад аст» (Ибни Сино, Асарҳои мунтахаб, М., 1980, саҳ. 129). Аммо ин вобастагӣ беш аз ҳама ба мақсади шахсияти хирадманди Тақдирсоз ва Ободкор, ки барои манфиатҳои миллӣҷонфидоӣ мекунад, тааллуқ дорад.

Таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамакнун намунаи барҷаста ва олии чунин Шахсият, таҷассумгари асили манфиатҳои миллатро, ки барои ӯҷонфидоиҳо мекунад, барои ҳазор соли дигар дорад. Ин Симо лоиқи омӯзиш, таҳқиқ, баҳрабардории маънавӣ, ба хотири тарбияи рӯҳияи наслҳои имрӯз ва ояндаи миллат, сарбаландии диёри арҷманд ва бегазандии он зарурати муайянкунандаи ҳаётӣ дорад. Миллат бо чунин Фарзанд зиндаву ҷовид хоҳад монд.   

Манбаъ: http://jumhuriyat.tj/



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi