22:14:36 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Нахустин иҷлосияи парлумони бе оппозитсия

Рӯзи сешанбе, 17 март нахустин иҷлосияи ҳайати нави Маҷлиси намояндагон баргузор мешавад. ҲХДТ дар ин ҳайати назар ба парлумони қаблӣ 7 курсӣ камтар доштааст.

parlament-12325689457845.jpgРӯзи 17 март ҳайати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон барои ташкили нахустин иҷлосия дар шаҳри Душанбе ҷамъ хоҳад шуд. Мақомоти Маҷлиси намояндагон гуфтаанд, вакилони ҷадид метавонанд  барои ширкат дар ин иҷлосия рӯзҳои 13-16 март сабти ном кунанд.

Иҷлосияи нахустин Маҷлиси намояндагонро, тибқи анъана, бояд кӯҳансолтарин вакили интихобшудааш кушояд. Нахустин иҷлоси ҳайати қаблии ин маҷлисро дар соли 2010 академик Амир Қароқулов, раҳбари ҳизби аграрии Тоҷикистон боз карда буд. Аммо академик Қароқӯлов дар баҳори соли 2014 даргузашт.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 март ба мо гуфт, иҷлосияи якуми парлумони навро Абдуҳалим Ғаффоров, вакил аз ҳизби сотсиалт ба унвони кӯҳансолтарин вакил дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон хоҳад кушод. Ғаффоров 24 декабри соли 1951 ба дунё омада, 63 сол дорад.

Ба гуфтаи Муҳаммадато Султонов, дар иҷлосияи нахустин бештар масоили ташкилӣ, аз ҷумла ташкили кумитаҳову кумиссиюнҳои парлумон ва интихоби раисони ин ниҳодҳо баррасӣ хоҳад шуд. Ва, албатта, як мавзӯи асосии рӯзи аввали иҷлосияи аввали ҳайати нави парлумон пешбарии номзадҳо ва интихоби раиси Маҷлиси намояндагон хоҳад шуд.

Ин курсӣ тибқи қонунҳои нонавиштаи арсаи сиёсии Тоҷикистон, марбути намояндагони шарқи ин кишвар аст ва тайи 5 соли охир ин мақомро Шукурҷон Зуҳуров, зодаи водии Рашт ва вакил аз ҳавзаи Рашт бар дӯш дошт. Зуҳуров ин навбат низ аз ҳамон ҳавзаи Рашт ба намояндагӣ аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ) вакил интихоб шудааст ва ба эҳтимоли ғолиб бори дигар ба мақоми раиси Маҷлиси намояндагон пешбарӣ ва бо дарназардошти дар дасти ҳизби ҳоким қарор доштани аксари курсиҳои парлумон интихоб хоҳад шуд.

Парлумони нав: Кӣ бурду кӣ бохт?

Таносуби нирӯҳо дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон тақрибан ҳамонест, ки буд. Танҳо бо ин фарқ ки ин навбат ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) барои бори аввал дар 4 интихоботи Маҷлиси намояндагон садди 5-дарсадиро убур накард ва ба парлумон роҳ наёфт. Дар иваз ҳизби демократ (ҲДТ) тавонист раиси кунуниаш Саидҷаъфар Исмоновро аз ҳавзаи Фархор вориди парлумон кунад ва ҳизби сотсиалист (ҲСТ) низ аз рӯйхати ҳизбӣ раисаш Абдуҳалим Ғаффоровро вакил кард. Ин 2 ҳизб ба ин тартиб, барои бори якум ба Маҷлиси намояндагон роҳ пайдо карданд.

Ҳизби демократ дар Шӯрои олӣ, парлумони вақти Тоҷикистон, ки соли 1990, вақте Шӯравӣҳанӯз побарҷо буд, интихоб шуда буд, ду вакил – Аслиддин Соҳибназаров ва Бозор Собирро дошт. Ҳизби сотсиалист низ дар солҳои 90 дар Шӯрои олӣ чанд вакил ба раҳбарии раисаш Сафаралӣ Кенҷаевро дошт, вале баъди таъсиси Маҷлиси намояндагон ин ду ҳизб дар 3 интихоботи қаблӣ муваффақ ба дарёфти курсии вакилӣ нашуда буданд.

Аз нигоҳи афзоиши шумори курсиҳояшон дар Маҷлиси намояндагон шояд “баранда”-ҳои расмии интихоботи рӯзи 1 марти парлумони Тоҷикистон ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва  ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) бошанд, чунки ҲИИТ тавонист шумори курсиҳояшро аз 2 ба 3 ва ҲАТ аз 2 ҳатто ба 5 бирасонад. “Баранда”-ҳои дигар номзадҳои ба истилоҳ мустақил ё “худпешбар” мебошанд, ки ин дафъа 4 тани онҳо ба парлумон роҳ ёфтаанд.

Ба ҷуз аз ҲНИТ, ки ҳарду курсиашро аз даст дод, як бозандаи дигари интихоботи парлумонӣҳизби коммунист аст, ки ин навбат  танҳо 1 курсӣ ба даст овард.  Тартиби уфти шумори курсиҳои вакилии коммунистҳо дар Маҷлиси намояндагон тибқи формулаи прогрессияи арифметикист, вале ба самти баръакс: Ин ҳизб дар интихоботи соли 2000 8 курсӣ ба даст овард, дар соли 2005 – ду маротиба камтар, яъне ҳамагӣ 4 курсӣ, дар интихоботи соли 2010 боз ду маротибаи дигар камтар, яъне 2 курсӣ, ва джар интихоботи соли 2015 бо идомаи ҳамин “анъана” боз нисфи курсиҳояшро аз даст дод.

Тавре яке аз шореҳони умур шӯхиомез мегӯяд, агар ин “анъана” ҳамин тавр идома ёбад, дар интихоботи соли 2010 ба ҲКТ дар Маҷлиси намояндагон ҳамагӣ ... ним курсӣ хоҳад расид.

Вале тарафдорони ҳизби ҳоким мегӯянд, танҳо ҲКТ ё ҲНИТ нестанд, ки дар интихоботи рӯзи 1 март шикаст хӯрданд. ҲХДТ низ, бино ба ҳисобҳо, назар ба 55 курсие ки дар парлумони қаблӣ дошт, ин навбат 7 курсӣ (!!!) камтар ба даст овардааст.

Бо ин вуҷуд, аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 48 курсӣ, ё 76 дарсадаш дар дасти намояндагони ин ҳизб қарор мегирад. Аз тарафи дигар, аксари шореҳон аҳзоби дигари роҳёфта ба парлумон – ҲАТ, ҲИИТ, ҲДТ, ҲСТ ва як вакили ҲКТ-ро низ аҳзоби ба сурати умум “кисагӣ” ва муттаҳиди ҳизби ҳоким ба қалам медиҳанд ва мегӯянд, ҳатто вуҷуди дағдағаи ҲАТ, ки мегӯяд, фраксияи алоҳидае дар парлумон ташкил медиҳад, дар ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагон вакиле намондааст, ки аз ҳукумат танқид кунад. Дар ҳайати қаблии парлумон ин гуногунандеширо, албатта, то ҷое ва гоҳ-гоҳ, ду вакили ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ ва ду вакили ҲКТ – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков ва баъзан бархе намояндагони худи ҳизби ҳоким, аз ҷумла шодравон Сӯҳроб Шарифов, таъмин мекарданд.

Аз 63 вакили парлумони кунунӣ 12 нафар занонанд, ки 6 нафар аз ҳавзаҳои инфиродӣ ва 6 тани дигар аз рӯйхати ҳизби ҳокими ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагон шудаанд. Аз ин 11 вакили зан 11 нафараш аз ҲХДТ буда, танҳо Мавзуна Шарофиддинова, вакил аз ҳавзаи Исфара ҳамчун номзади «худпешбар» муаррифӣ шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi