09:58:02 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Изҳороти расмии ҲНИТ: Даъват ба бастани ҳизб "фитна" аст

Ҳизби наҳзати исломӣ бо пахши як баёния иқдоми ахири мақомот ва пешниҳодҳо барои қатъи фаъолияти ин ҳизбро "мухолиф ба Қонуни асосӣ" ва "хатарнок барои сулҳу субот" дар кишвар донистааст.

izhoroti-hnit-78654554.jpgШӯрои сиёсии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон садо додани пешниҳодҳо дар бораи бастани ин ҳизби сиёсӣ аз сӯи бархе аз доираҳои динии кишварро "фитнаомез" ва "мухолиф ба Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ" номид. Масъулони ҳизб рӯзи 30 март бо пахши як изҳороти расмӣ гуфтанд, бардоштани ин масъала "барои миллат ва давлат оқибатҳои хуб нахоҳанд дошт".

Рӯзи ҷумъаи гузашта (27 март) дар аксар масоҷиди ҷомеаи кишвар, аз ҷумла дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе ин пешниҳод садо дод, ки ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар Осиёи Миёна, баста шавад.

Домулло Сайидакбар, муовини муфтии Тоҷикистон, дар хутбаи намози ҷумъааш гуфт, ҳоло зарурате барои вуҷуд ва фаъолияти ин ҳизби исломӣ намондааст. Дар хутбаи ӯ ва, ҳамин тавр, имомхатибони дигар дар масоҷиди ҷомеи Тоҷикистон аз намозгузорон хоста шуд, то дастҷамъона ба ҳукумат муроҷиат кунанд, ки мақомот роҳҳои қонунии бастани ҲНИТ-ро пайдо намоянд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсӣ ва сардабири ҳафтаномаи "Наҷот", нашрияи расмии ҲНИТ, мегӯяд, "фаъолияти ҳизби сиёсии характери динидошта меъёри конститутсионӣ буда, натиҷаи як тафоҳуми миллӣ ва омили сулху ваҳдат дар кишвар аст." Ба қавли ӯ, "ҲНИТ ҳамчун ҳизби сиёсии динӣ дар минтақа на танҳо дар барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвар саҳм гузоштааст, балки бо мавқеъҳои созандаи худ дар самтҳои дохилӣ ва хориҷӣҳамчун як нерӯи муътадили сиесӣ эътироф шудааст."

Дар баёнияи ҲНИТ ҳам ишора шудааст, даст задан ба чунин иқдоми, ба гуфтаи масъулони ҳизб "фитнаангез” ва "рискдори сиёсӣ", дар чунин шароит баёнгари он аст, ки "баъзе мақомот аз воқеиятҳо дур рафта, бо бардоштани масъалаҳои ҳассос, вазъи бе ин ҳам бӯҳрониро бӯҳронитар мегардонанд, ки масъулияти оқибатҳои он бар дӯши тарроҳон ва иҷрокунандагони он мебошад".

Баёнияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бесуботӣ дар кишварҳои арабӣ ва исломиро, ки мақомоти тоҷик ҳамеша сокинонро аз он бим медиҳанд, натиҷаи давлатдории бесамари диктаторӣ хондааст. Дар охири ин изҳороти расмии ҲНИТ аз мақомоти зирабти давлатӣ тақозо шудааст, ҷилави "чунин амалҳо ва пешниҳодҳои ғайриқонунӣ ва фитнаомез ҳарчи зудтар гирифта шавад" ва "афроде, ки низоъҳои сиёсӣ ва кинаву адоватро миёни мардуми кишвар ба вуҷуд меоваранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд".

Пешниҳоди бастани ҳизби наҳзати исломӣ ва ё ҳадди ақалл ҳазфи калимаи ислом аз номи ин ҳизб аз соли 2013, дар пайи мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо рӯҳониён матраҳ аст. Охирҳои моҳи феврали соли ҷорӣ низ Абдулҳай Саъдиев, сархатиби ноҳияи Рашт аз раисиҷумҳур хоста буд, аз исми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сифати исломиро бигиранд ва онро ба “ҳизби наҳзати Тоҷикистон” табдил бидиҳанд.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамагӣ баъд аз як рӯзи интихоботи парлумонии якуми март дар посух ба саволи мо, ки оё фикр намекунад, бе ҷой мондани ҳизбаш дар парлумон ишорае ба бастани ҲНИТ дар оянда аст, гуфта буд: "Тақдири ҳар ҳизбро қонун муайян мекунад."

ҲНИТ, ки шумори аъзояшро ҳудуди 45 000 нафар мегӯяд, тибқи натоиҷи эълоннамудаи кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии 1 марти соли ҷорӣҳамагӣ 1,6 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овард ва барои аввалин бор пас аз имзои созишномаи сулҳ, аз курсиҳои парлумонӣ бенасиб монд. Дар гузашта, ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон ду курсӣ дошт ва масъулонаш гуфтанд, дар интихоботи 1 март ба раъйи тарафдорони онҳо хиёнат сурат гирифтааст.

Раҳбарияти ҳизб шикоят доранд, ки тайи чанд соли охир ва бахусус дар пешорӯи интихоботи президентӣ дар соли 2013, фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва аъзову ҳаводоронаш дар марказ ва манотиқи кишвар башиддат афзоиш ёфтаанд. Маъракаи алайҳи ин ҳизб ба роҳандохтаи мақомот дар матбуоти маҳаллӣ бо номи “Анти-наҳзат” маъруф шудааст. Ҳудуди чаҳор сол пеш дар як расонаи русӣ нусхаи протоколи як ҷаласаи махфии ҳукумати Тоҷикистон ҳам нашр шуд, ки бо номи “протоколи 32-20” маъруф аст ва дар он ба роҳандозии маъракаҳои фишору таъқиби аъзои ҲНИТ таъкид мешавад. Аммо мақомот воқеияти ин санадро рад мекунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi