10:02:16 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Саймӯъмин Ятимов: "Дар Сурия фарзанди мансабдорон низ ҳастанд"

Саймӯъмин Ятимов дар сӯҳбаташ бо донишҷӯёни донишгоҳи Кӯлоб аз ҳузури фарзанди баъзе мансабдорон дар ҷангҳои Сурия хабар дода, аз бархеи онҳо ном гирифт, аммо гуфт, "ин барои берун нест".

yatimov.s._544546465.jpgСаймӯъмин Ятимов - раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҳоле ки аз ҳузури тоҷикон дар ҷангҳои Сурия интиқод мекард, гуфт, ҳатто писарон ва ё наздикони баъзе аз афроди мансабдор дар ин набардҳо иштирок доранд. Оқои Ятимов рӯзи шанбеи 11 апрел дар сӯҳбати расмияш бо донишҷӯёни донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои тақвияти гуфтаҳои худ аз чанд афроди шинохтаи Тоҷикистон ном бурд, аммо гуфт, "ин барои берун нест".

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ афзуд, то кунун танҳо аз минтақаи Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия 33 тан кушта шуда, дар ҳоли ҳозир 10 нафар бо зану фарзандонашон дар майдони ҷанг қарор доштаанд. Барои мисол, ӯ аз Комил Иззатов ва Абдусалом Одинаев ном гирифт, ки аввалӣ зодаи ноҳияи Мӯъминобод ва дувумӣ аз шаҳри Кӯлоб буда, бо кӯдаконашон дар Сурия будаанд.

Генерал Ятимов афзуд, "таҷрибаи толибсозӣ аз худи кӯдакон шурӯъ шуда буд, ки ҳеч ба ақли инсон рост намеомад. Акнун ин кори санҷидашударо абарқудратон нисбат ба миллати тоҷик ва Осиёи Миёна истифода мекунанд."

Вале изҳороти Саймуъмин Ятимов дар бораи иштироки писарон ё наздикони афроди мансабдор ё шинохтаи Тоҷикистон дар ҳолест, ки рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ сарҳанг Давлат Назаров, муовини сардори хадамоти ҷилавгирӣ аз ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони вазорати умури дохилӣ дар як нишаст дар Душанбе гуфта буд, "то ба ҳол ҳеч мавриди пайвастани фарзандони мансабдорони тоҷик ба ҳизбу равияҳои мамнӯъ ба мушоҳида нарасидааст."

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар идомаи сӯҳбаташ бо донишҷӯёни Кӯлоб аз роҳандозии "як бозии бузурги идеологӣ" дар Тоҷикистон ҳам ҳушдор дод ва аз хадамоти махсуси баъзе кишварҳои хориҷӣ танқид кард, ки барои ба ҳам задани субот бо созмонҳои муташаккили ҷиноӣҳамкорӣ карда, барои онҳо маблағҳои бебаркаш медиҳанд.

Ятимов дар тобистони соли гузашта дар ҳамоиши вазорати умури дохилӣ дар масъалаи "Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод" низ хитоб ба аҳли толор, ки дар он дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлативу интизомии Тоҷикистон намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доштанд, аз ҷумла гуфта буд:

"Дар атрофи Тоҷикистон вақтҳои охир бозиҳои бузурги геополитикӣ-идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба мафиати Тоҷикистон хидмат намекунанд. Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд."

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар ин нишаст ибтидо ба англисӣ суханронӣ кардаву баъдан сӯҳбатҳояшро бо забони русӣҳам хулоса кард, аз бурдани номи ягон кишвари мушаххас ва ё хадамоти он худдорӣ варзид. Ӯ танҳо гуфт: "Ин корҳоро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд."

Тоҷикистон бо беш аз 8 миллион аҳолиаш аз нигоҳи иқтисодӣ фақиртарин кишвари пасошӯравӣ ба шумор рафта, бо вуҷуди эълони сиёсати “дарҳои боз” аз нигоҳи сиёсӣ то ҳол асосан дар меҳвари Маскав мечархад. Маскав, ки баъди бӯҳрони Украина дучори таниши шадиде бо Ғарб шуда ва ин ҳатто нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст, ки шояд дигарбора ба мисли Шӯравии пешин якҷоя бо чанд низоми дигари худкома худро бо як “девори оҳанин” ё дақиқтараш “чордевори оҳанин” аз боқии дунё, бахусус аз Ғарб ҷудо кунад. Дар чунин сурат, суол ин аст, ки Тоҷикистон дар кадом сӯи ин “чордевори оҳанин” хоҳад монд?

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi