05:05:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Терроризм марз надорад

"Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надоранд, балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист»-чунин омадааст дар Паёми табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ҳамоиши байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ», ки имрӯз дар Душанбе оғоз гардид.

konfronsi-islomi-874521.jpgПаёми табрикии Сарвари давлати Тоҷикистонро ба иштирокдорони конфронс Абдуҷаббор Раҳмонзода Ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа расонда, доир ба мавқеъ ва тадбирҳои сари вақт андешидаи давлат ва роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷилавгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ ибрози назар намуд.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Терроризм чун вабои асри 21 имрӯз аҳли сайёраро ба ташвиш андохта, хусусияти ҷаҳонӣ касб намудааст ва барои ҷомеаи башарӣ таҳдидҳои нав ва сангинро эҷод менамояд. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки аз сӯи бархе кишварҳои абарқудрат созмон дода шуда, сармоягузорӣ мегарданд ва бо истифода аз номи дини мубини Ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин як конфронси бонуфуз дар Душанбе бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ифротгароии динӣ дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддӣ ва устувор дошта, хостори ҳамкории қавӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои мӯътабари байналмилалист.

Бояд тазаккур дод, ки дар конфронси байналмилалӣ, ки ҳадафаш  баррасии паҳлӯҳои муборизаи беамон бо ифротгароии динӣ ва шинохту собит сохтани дини мубини Ислом ҳамчун дини поку беолоиш, ваҳдату таҳаммулгароист, намояндагони беш аз 15 кишвари ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ширкат доранд.

Дар конфронс дар радифи намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, рӯҳониён, коршиносони масоили динӣ, инчунин беш аз 30 шахсияти бузург ва уламои шинохтаи кишварҳои ҷаҳони ислом ва бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, назири  Фезо Нуманай сардори Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Шайх Алӣ Муҳиддин ал Қарадоғӣ -дабири кулли Иттиҳоди ҷаҳонии уламои мусалмонон, Қатар, Файзмуҳаммад Усмонӣ-вазири ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Оятуллоҳ Муҳсини Ароқӣ- дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломии Ҷумҳурии исломии Эрон, Шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода-раиси идораи мусулмонони Қафқоз, Амир Мирзо Суҳайл котиби Вазорат оид ба корҳои дини Ҷумҳурии исломии Покистон, Оразбек Молдалиев - директори Комиссияи давлатии оид ба корҳои дини назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Азалбек Габит- муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон, Муҳаммад Тоҳир-раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии исломии Покистон, Дамир Ҳазрат Муҳиддинов муовини якуми раиси Раёсати уламои мусулмонони Русия ва дигарон доир ба мавқеи кишварҳояшон дар мубориза бар зидди терроризм, роҳҳои тақвияти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб, таҳкими иттиҳоду ваҳдат ва ҳамраъйӣ байни мусулмонони ҷаҳон, ҳифзи асолати дини мубини Ислом аз ҳар гуна хатар ва таҳдидҳои замони муосир, бахусус  ҳаракату гурӯҳҳои террористию ифротӣ табодули назар карданд.

Баргузории ҳамоиши байналмилалии «Ислом зидди экстремизм ва терроризми динӣ» дар Душанбе дар ҳолест, ки имрӯзҳо дар бархе аз кишварҳои ҷаҳони Ислом, хусусан давлатҳои арабӣ- Сурия, Ироқ, Яман, инчунин Афғонистон амалҳои террористӣ доман густурда, вазъи сиёсӣ дар ин кишварҳо ноором боқӣ монда, мардуми осоишта қурбони амалҳои разилонаи гурӯҳу ҳаракатҳои  терророристӣ ва ифротӣ гардидаанд.

Хусусан зуҳури Давлати Исломии Шому Ироқ дар қаламрави Сурия ва Ироқу Яман, ки аз сӯи абарқудратҳо созмон дода шудааст, барои амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдидҳои навро эҷод сохтааст. Ин раванд мусулмонони ҷаҳонро ҳушдор медиҳад, ки зери шиори «муъмин бародари муъмин» кору зиндагӣ намоянд, то ваҳдати мусулмонон таҳким ёбад ва фирефтаи иғво ва макри душманони дини мубини Ислом нагарданд, зеро хоинони Ислом ва мусулмонон доимо дар каминанд, то нақшаҳои нопоки худро нисбат ба дини Ислом, ки дини раҳмату таҳаммулгароист, амалӣ созанд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi