00:12:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Афроди дорои душаҳрвандӣ аз ҳаққи адвокатӣ маҳрум шуданд

Афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда аз ҳаққи фаъолияти адвокатӣ маҳрум гардиданд. Ин амр баъд аз тасвиби иловаҳо ба қонуни "Адвокатура"-и Тоҷикистон амалӣ шуд.

parlament-tajikistan_985415.jpgАфроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатиро аз даст доданд. Ин тағйирот рӯзи 4 ноябр бо пешниҳоди Вазорати адлия ва бо ҷонибдории вакилони Маҷлиси Намояндагон ба қонуни "Адвокатура" ворид шуд. Аммо вакилони мудофеъ ин тасмимро талоши мақомот барои халос хӯрдан аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадо медонанд, ки баъзе аз онҳо дар зиндону боздошт қарор доранд.

Инчунин, бар асоси ин тағйирот вакилони мудофеъ ё адвокатҳо пеш аз шурӯи кор аз санҷиши комиссияи махсуси Вазорати адлияи Тоҷикистон хоҳанд гузашт. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни “Адвокатура” дар назди вакилон гуфт, аъзои ин комиссияи махсус аз ҳисоби кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон иборат хоҳанд буд.

Ба қавли ӯ, вакилони мудофеъ дар тӯли панҷ сол як бор аз санҷиш мегузаранд, ки тартиби баргузорияшро худи адвокатҳо муайян хоҳанд кард. "Ин тағйирот ба хотири ҷалби бештари муттахассисон ба фаъолияти адвокатӣ, аз байн бурдани ҳолатҳои ришватхорӣ, таҳкими фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини адолати додгоҳӣ дар тамоми марҳилаҳо, ҳангоми тафтишот ва мурофиаи судӣ мебошад," - афзуд ӯ.

Бар пояи тағйироти тоза воридшуда ба қонуни “Адвокатура”-и Тоҷикистон, аз ин ба баъд вакилони мудофеъ наметавонанд дар мурофиаҳо аз хешу табори худ ҳимоят бикунанд. Ва адвокате, ки як дафъа доғи судӣ (бо қарори додгоҳ маҳкум шудааст) гирифтааст, дигар ҳаққи фаъолият дар ин бахшро барои ҳамеша аз даст хоҳад дод. “Ҳадаф аз ин навгониҳо беҳтар кардани хизматрасонии вакилони дифоъ аст,” – афзуд вазири адлия.

Файзиннисо Воҳидова, вакили дифои собиқадори тоҷик, дар суҳбат бо мо гуфт муқаррароти нав бисёре аз шахсонро аз имкони пеш бурдани фаъолияти адвокатӣ маҳрум мекунад, ки дар натиҷа шумораи бекорон боз ҳам меафзояд. Вай мегӯяд, “ҳоло як падидае ҷой дошт, ки милисаҳо ва ё кормандони додгоҳу додситонӣ, ки бо ягон ҷурм аз мақомот ронда мешуданд, ба фаъолияти адвокатӣ даст мезаданд. Чунки онҳо маълумоти ҳуқуқшиносӣ дошта, ба ҷуз аз ин касб надоранд ва ночоранд бо адвокатӣ рӯз гузаронанд.”

Воҳидова мегӯяд, манъи ҳимояи вакилон аз тарафи хешу пайвандонашон дар догоҳ низ як навъ маҳдуд кардани фаъолияти адвокатӣ аст. Ин тағйирот ба таъкиди ҳамсуҳбати мо танҳо ба хотири қазияи Бузургмеҳр Ёров рӯи даст гирифта шудааст, то ки бародраш Комилҷон азӯ дар догоҳҳимоя карда натавонад.

Ӯ афзуд, дар ҳоле ки сарнавишти будан ё набудани вакилон ба дасти Вазорати адлия мегузарад, бисёре аз адовакатҳо мустақилияти худро аз даст медиҳанд ва вакилоне, ки аз парвандаҳои пурсарусадо ва шахсони мухолифи давлатҳимоят мекунанд, аз дарёфти иҷозатнома маҳрум мегарданд. Таъйироти охир ба таъкиди Воҳидова як навъ “кашидани ҷилави адвокатҳои саркаш” аст.

Вале вазири адлия Рустами Шоҳмурод ҳангоми баромадаш дар парлумон гуфт, “ҳадаф на кашидани лаҷоми адвокатҳо, балки боло бурдани сатҳи тахассусии онҳост”.

Абдураҳмон Ватанов, додраси собиқадори тоҷик, мегӯяд, воқеан вақтҳои охир савияи касбии адвокатҳо хеле поин рафтааст ва аз ин рӯ зарурат барои танзими фаъолияти онҳо ба вуҷуд омада буд. Ӯ мегӯяд, “барои ҳамин, онҳоро ба қавле “аз ғалбер гузарондан зарур аст”. Чунки аз касбияти вакилони дифоъ ва додситонҳо таъмини адолати додгоҳӣ сахти вобаста аст.”

Тағйиру иловаҳо ба қонуни “Адвокатура” дар ҳоле ворид шуда, ки ба иттилои созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар тайи ду соли гузашта дар Тоҷикистон чор вакили мудофеъ, ки дар парвандаҳои пурсарусадо иштирок доштанд, боздошт шудаанд. Яке аз ин вакилон Шӯҳрат Қудратов гуфта мешавад, ки дар гузашта аз ҳаққи соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов ҳимоят мекард. Акнун тағйироти қабулшуда ба ӯ имкон нахоҳад дод, ки баъд аз раҳоияш аз зиндон ба фаъолияти вакилӣ идома диҳад.

Фахриддин Зокиров, вакили мудофеи дигари Зайд Саидов соли гузашта ҳабс шуда, баъдан мавриди афв қарор гирифт. Аммо имсол ӯро ба иттиҳоми қаллобӣ дубора боздошт карданд. Ҳоло Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони мудофеи шинохта, ки моҳи сентябр аз ҳаққи аъзои боздоштшудаи ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ дифоъ мекард, дар боздошт қарор дорад. Мақомот ӯро низ дар қаллобӣ ва сохтакории аснод муттаҳам медонанд.

Бо ишора ба ин, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд мақомот мехоҳанд аз тариқи тағйиру иловаҳои қабулшуда ба қонун дар бораи фаъолияти адвокатӣ, аз вакилони “гапнодаро” худро халос кунанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi