ДАЪВАТ БАРОИ ИТТИҲОДИ ДЕМОКРАТҲОЮ СОТСИАЛИСТҲО
Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон ҷиноҳҳои мухталифи ду ҳизби "Демократ" ва "Сотсиалист"-ро ба иттиҳод даъват кардааст. Гуфта мешавад, дар ин сурат ин ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар интихоботи ояндаи порлмуонӣ аз шонси бештаре барои пирӯзӣ бархурдор хоҳанд буд.
Вале чунин ба назар мерасад, ки барои иттиҳоди гурӯҳҳои мухолифи ҳизби Демократ ва сотсиалист ҳануз мавонеъи зиёде вуҷуд дорад. Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон ба Би-би-сӣ хабар дод, ки ин ниҳод аз гурӯҳҳои мухолифи назири ҳизби Демократ ва сотсиалисти Тоҷикистон даъват карда, ки то замони баргузории интихоботи порлумонӣ дар соли оянда бо ҳам муттаҳид шаванд.
Вай афзуд, ки ахиран ин кумиссиюн аз Вазорати адлияи Тоҷикистон феҳрасти ҳашт ҳизби сиёсии ин кишварро дарёфт кардааст, ки аз ҳаққи ширкат дар интихоботи оянда бархурдор ҳастанд. Дар ин феҳраст ҳизби Демократи Тоҷикистон ба раҳбарии Масъуд Собиров ва ҳизби сотсиалисти кишвар ба раҳбарии Абдуҳалиӣ Ғаффоров ба унвони аҳзоби расмӣ номнавис шудаанд.
Вале ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, “пӯшида нест, ки ҷиноҳҳои дигари ин ҳизбҳо низ вуҷуд доранд ва Кумиссиюни марказии интихобот алоқаманд аст, ки куллияи нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар интихоботи порлумонӣ бархурдор бошанд.” Ба ин далел, Кумиссиюни марказии интихобот барои муттаҳидшавии ин ҷиноҳҳо даъват кардааст. Оқои Додоҷонов афзуд, ки “дар ин сурат нерӯи ин ду ҳизб афзоиш ёфта, онҳо аз шонси бештаре барои пирӯзӣ дар ин интихобот бархурдор хоҳанд шуд.”
Зимнан, дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2006 Ҳизби Демократи Тоҷикистон ба ду ҷиноҳ тақсим шуд. Ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҳизб, ки соли соли 2005 додгоҳ ӯро ба иттиҳоми иртикоби чанд ҷурм барои 23 сол равонаи зиндон кард, ин интихоботро таҳрим карданд. Иддае аз аъзои ин ҳизб қабл аз он интихобот бо баргузории анҷумане изтирорӣ Масъуд Собировро раҳбари худ интихоб карданд ва Вазорати адлияи Тоҷикистон ин гурӯҳро ба расмият шинохт.
Сипас, гурӯҳе аз аъзои дигари ин ҳизб аз ҷиноҳи оқои Собиров бо баргузории анҷумане ҷудогона Саидҷаъфар Исмоновро раҳбари худ интихоб кард, вале давлат ин гурӯҳро ба расмият нашинохт. Дар зарфи се соли ахир мухолифатҳо миёни ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва Масъуд Собиров чанд дафъа дар додгоҳ низ муҳокима шуд. Дар ниҳоят, додгоҳ ҷонибдорони оқои Искандаровро аз корбурди исми ҳизби Демократ ба ҳангоми муъаррифи худ мамнӯъ сохт.
Сарнавишти Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон низ ба наҳваи мушобеҳе ҷиноҳбандӣ шуд. Ин ҳизб, ки дар даҳаи 1990 аз сӯйи Сафаралӣ Кенҷаев таъсис шуда буд, ҳоло аз ду ҷиноҳе иборат, ки давлат ҷонибдорони Абдуҳалим Ғаффоровро ба расмият шинохтааст. Талошҳои бамаротиби Мирҳусейн Назриев, ки ҳоло низ худро раҳбари ин ҳизб муаррифӣ мекунад, барои ҳалли ин қазия аз тариқи додгоҳ натиҷае дар пай надошт.
Дар ҳоле, ки Абдуҳалим Ғаффоров аз ҷонибдорони ҷиноҳи мухолиф барои пайвастан ба ҳизби сотсиалист ба раҳбарии худ даъват мекунад, Мирҳусейн Назриев изҳор дорад, ки дар пайи талошҳои ниҳодҳои давлатӣ “барои бадномсозии ҳизби сотсиалист ба раҳбарии вай, дар ду соли ахир теъдоди ҷонибдоронаш коҳиш ёфтааст.”
Оқои Назриев бар ин назар аст, ки танҳо дар сурати эътироф шудани расмияти Ҳизби сотсиалист ба раҳбарии вай, ҷонибдоронаш барои иттиҳод бо ҷонибдорони Абдуҳалим Ғаффоров омода хоҳад буд. Раҳматулло Валиев, ки худро муъовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров медонад, мегӯяд, ки талошҳои онҳо барои иттиҳод бо ҷонибдорони Масъуд Собиров натиҷае надодааст. Далоили ин амр аз сӯйи ҳар ду ҷониб мухталиф арзёбӣ мешаванд.
Вале ҳам Раҳматулло Валиев ва ҳам Масъуд Собиров иддаъо доранд, ки бештарин теъдоди Демократҳои Тоҷикистон аз раёсати онҳо пуштибонӣ мекунанд. Аз сӯйи дигар, Раҳматулло Валиев мегӯяд, ки ба баргузории анҷумани муштараке бо ҷонибдорони Масъуд Собиров омода аст, вале дар ин маврид набояд ҷониби мухолиф шарт пеш гузорад, ки онҳо бояд раёсати оқои Собировро эътироф кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Масъуд Собиров эълом дошт, ки қарор аст 26-уми декабр анҷумани қаблазинтихоботии Ҳизби Демократи Тоҷикистон баргузор шавад ва дар кори он феҳрасти номзадҳои ин ҳизб барои ширкат дар интихоботи ояндаи порлумонӣ таҳия хоҳад шуд. Раҳматулло Валиев мегӯяд, ки агар дар мавриди баргузории анҷумани муштараке тавофуқ ба даст наояд, намояндаҳои Демократҳо аз ҷумлаи ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Искандаров метавонанд дар интихобот тавассути феҳрасти аҳзоби дигари сиёсӣ ширкат кунанд.
Би-Би-Си