01:10:33 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Рисолати таърихии наҷотбахши миллат


Соли 2015 дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ва раванди тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, пойдор намудани истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдат ва якпорчагии кишварамон саҳифаи навро боз намуд.

Pravitelstva-Respubli_21458.jpg

9 декабр Маҷлиси Намояндагон ва 18 декабр Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» -ро қабул намуданд, ки он баъд интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт. Баррасӣ ва қабули қонуни мазкурро метавон ҳамчун натиҷаи рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар марҳилаи нави таърихӣ, дастоварди муҳимми мардуми тоҷик, истиқрори сулҳу ваҳдат, боло рафтани обруй  ва эътибори байналмилалии давлатамон маънидод намуд.

Тамоми дастовардҳои давлати мо дар давраи соҳибистиқлолӣ бо ном, кору пайкор, фаъолияти ҳадафмандона, азми қавӣ ва неруи созандаи  сарвари давлати точикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон робитаи мустақим ва ногусастанӣ дорад. Аксарияти мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки дар кадом давраи мушкил ва тақдирсози миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он рӯзгори мудҳишу сангин ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо намеравад, зеро ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ натанҳо ба мардум ва давлати тозаистиқлоли мо хисороти бузурги моддӣ ворид намуда, садҳо ҳазор ҳамватанони моро гурезаву саргардон намуд, балки кишварро ба вартаи нобудӣ оварда буд.

Бузуртарин хизмати сарвари давлати Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки аз рӯзҳои аввал, дар шароит ва вазъияти мураккабу бесуботӣ масири асосии сиёсати давлатро муайян намуда, барои аз байн бурдани мухолифатҳо ва расидан ба сулҳи пойдор сайъу талоши беназир намуд ва дар ниҳоят мардуми тоҷикро ба сӯйи барқарор намудани сулҳу ваҳдат роҳнамоӣ намуд. Роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ роҳи ҳамвор ва осон набуда, ба роҳбарияти нави кишвар бо сардории Эмомалӣ Раҳмон лозим омад, ки қариб панҷ сол ҳадафмандона барои расидан ба мақсади муқаддас - дастёбӣ ба сулҳу оштӣ, ба даст овардани ваҳдати миллат сайъу талош намояд ва Ватани азизамонро аз парокандагӣ ва хатари нестшавӣ наҷот диҳад. 

Барои расидан ба ормонҳои миллӣ сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз худ ғайрату ҷасорат, иродаи устувор, қатъӣ ва қавӣ, садоқати бепоён ба миллату Ватан, азхудгузарӣ ва ҷоннисорӣ нишон дод. Сафари роҳбари давлат тобистони соли 1996 ба қароргоҳи президенти Афғонистон Бурҳонниддин Раббонӣ, ба минтақаи Хостдеҳ дар шимоли он кишвар намунаи равшани азми қавӣ барои расидан ба мақсади ниҳоӣ – таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистони азизамон мебошад. Дар он замон дар кишвари ҳамсоя ҷанги шадиди шаҳрвандӣ идома дошт ва дар ҳар ноҳияи он даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳ нуфуз дошта, ба муқобили якдигар муборизаи мусаллаҳона мебурданд.

Муҳофизони сардори давлат тавсия надоданд, ки дар сурати мавҷуд набудани кафолати амниятӣ ва роҳнамоии ниҳодҳои қудратии Афғонистон, ҳайати давлатӣ бо сардории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дохили хоки Афғонистон ворид гардад. Маҳз рафтори ҷавонмардонаи сардори давлат имконият фароҳам овард, ки дар роҳи расидан ба сулҳу субот қадами устувор гузошта шавад ва эътимоди ду тараф дар роҳи ба имзо расонидани созишномаи ниҳоии сулҳқавитар гардад.

Ҳамзамон, дар шароити душвори нимаи аввали солҳои 90-ум сардори давлат ба ҳалли масъалаҳои зиёди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ - барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи зарурӣ, барқарор кардани иқтисоди харобгашта, ба Ватан баргардондани бештар аз як миллион  гурезаҳо, барқарор намудани даҳҳо ҳазор манзилҳои харобгашта дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат ва барқарор намудани робитаҳои байналмилалӣ машғул буд.

Дар солҳои идомаи ҷанги хонумонсӯз Сарвари давлати тоҷикон тамоми мардуми Тоҷикистонро ба сулҳ, ваҳдат, оштии миллӣ, авфи умумӣ ва ҳамдигарбахшӣ даъват намуда, ин арзишҳои муқаддас ва ормонҳои миллиро вазифаи ососии барнома ва ҳадафҳои фаъолияти худ қарор дода буд. Хушбахтона таҷрибаи роҳбарияти Тоҷикистон дар таъмини сулҳ аз тарафи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамчун намунаи беҳамтои сулҳофарӣ эътироф гардида, барои кишварҳои гирифтори муборизаҳои шадиди сиёсӣ дастурамали воқеии расидан ба сулҳу субот ва ваҳдат мебошад.

Мардуми ноҳияи Бохтар ин дастоварди бузурги миллатамон – дастёбӣ ба сулҳ ва хотима додани ҷанги хонумонсӯзро, ки танҳо натиҷаи ҷасорат ва иродаи қавии Сардори давлатамон буд, аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтару хубтар дарк менамоянд, қадр менамоянд ва арҷ мегузоранд, зеро ҳеҷ дигар аз ноҳияҳои ҷануби кишварамон дар солҳои аввали даргириҳо мисли ноҳияи Бохтар зарари моддӣ, ҷонӣ ва маънавӣ надида буданд. Боварӣ дорем, ки Ватани маҳбубамон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, устувор гардонидани низоми давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ пеш рафта, ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣҷойгоҳи худро қавитар месозад.

Раҷабалӣ Давлатзода – муовини Раиси ноҳияи Бохтар



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi