13:30:50 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗДОШТИ 18 УЗВИ ҲИЗБУТТАҲРИР ДАР СУҒД

 

Вазорати кишвари Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти вижаи кормандони пулиси дар устони Суғд дар чанд рӯзи ахир 18 узви гурӯҳи мамнӯъи Ҳизбуттаҳрирро боздошт кардаанд. Манобеъи пулис мегӯянд, ҳамаи ин афрод зери синни 30 сол ва аз ҷумлаи афроди бекор будаанд.

 

Аҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвар, рӯзи сешанбеи 9 июн ба Би-би-сӣ гуфт, ки бештари ин афрод шабномаҳо ва кутуби ҳизбуттаҳрирро бо худ доштанд. Оқои Асадуллоев афзуд: "Амалиёти вижаро кормандони бахши мубориза бо ҷароими созмонёфта дар устони Суғд анҷом додаанд. Ва ҳоло низ ин амалиёт дар ин устон идома дорад. Таҳқиқоти парвандаҳои ҷиноии ин афрод низ идома дорад."


Ҳизбуттаҳрир аз соли 2001 бад-ин сӯ дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ буда ва дар соли 2008 тибқи мусаваббаи додгоҳи олии ин кишвар созмоне ифротгаро хонда шудааст.


Халои зеҳнӣ 


Раҳмон Улмасов, коршиноси сиёси мегӯяд, ҳангоме ки дар ҷомеъа халои зеҳнӣ пайдо мешавад, бархе аз ҷавонон дар интихоби фаъолиятҳои худ ба иштибоҳот роҳ дода ва дар ҷомеъа аҳзоб ва фирқаҳои тундрав пайдо мешаванд. Оқои Улмасов мегӯяд: "Бархе аз ҷавонон дар Тоҷикистон ҳоло дар сардаргумӣ қарор доранд. Ва он идда аз ҷавононе ки аз ҷиҳати сиёсӣ қавӣ нестанд ба узвияти ҳамчунин ҳизбоҳи тундрав мешаванд. Зеро ин ҷавонон аз зиндагии имрӯзаи худ қаноатманд нестанд. Агар мехоҳем, ки ҷавонон роҳгумзада нашаванд, бояд ба онҳо аз кӯдакӣ яъне аз дабиристон то мадориси олӣ омӯзем, ки ҳақиқат чист ва дуруғ кучост."


Татяна Хитюкина вакили мудофеъ дар устони Суғд мегӯяд, ки расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноии афроде ки барои ҷурми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт мешаванд аз соири парвандаҳо фарқ дорад.


Вай гуфт: "Дастарсии ин афрод ба вукалои мудофеъ хеле мушкил аст. Пайвандони афроди боздоштшуда низ имкони мулоқот бо онҳоро дар ҷараёни бозрасӣ надоранд. Маълум нест, ки онҳо дар чи вазъе бозпурсӣ мешаванд,яъне оё ба ҳангоми бозпурсӣ шиканҷа сурат мегирад ё не."


Ба гуфтаи хонум Хитюкина маъмулан афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт шудаанд, намехоҳанд вукалои мудофеъи онҳо зан бошад. 


Ҳарчанд омори дақиқ, дар мавриди теъдои ҷавононе, ки дар даҳ соли ахир барои узият дар Ҳизбуттаҳрир боздошт ва зиндонӣ шудаанд маълум нест, гуфта мешавад, ки дар зиндоҳои Тоҷикистон теъдои қобили мулоҳизаи ҷавонон барои узвият дар ин ҳизб ба сар мебаранд. Дар даҳаи нахусти фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон, яъне аз соли 1990 то 2000, дар ин кишвар ҳамасола беш аз 50-70 нафар аз ҷонибдорони Ҳизбуттаҳрир боздошт ва аз сӯйи додгоҳҳо барои муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ мешуданд.


Вале омори расмӣ ҳокист, ки дар ду сол қабл, боздошти аъзои ин гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон коҳиши қобили мулоҳиза доштааст. Қаблан теъдои чунин ҷавонон аз 15 то дусад нафар талақӣ мешуд.


BBC

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi