09:06:09 19-уми Июни 2025 сол

ПАРВАНДАИ МАРБУТ БА МИРЗО ЗИЁЕВ

Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки таҳқиқи ҷиноии марбут ба собиқ вазири умури изтирорӣ ва фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозисюни тоҷик Мирзо Зиёев поён ёфта, парвандаи ӯ ба Додгоҳи Олӣ супурда шуд.

 

Додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов мегӯяд, Мирзо Зиёев якҷо бо 49 тани дигар ба ташкили гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва қасди ҳамла ба маҳбасҳо барои озод кардани маҳбусон айбдор мешаванд. Аз ин шумор 6 нафарашон шаҳрванди Русия ва 5 нафарашон шаҳрванди Узбакистон буда, 8 тан дар маҷмӯъ узви ҲИУ будаанд. Вай аз додани иттилои бештар худдорӣ кард. Ба маълумоти манбоеи ғайрирасмӣ, пажӯҳишро дар ин бора асосан Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон анҷом додааст.

 

Номи Мирзо Зиёев тобистони имсол дар робита бо вазъ дар ноҳияи Тавилдара ва дар ҳоле дубори сари забонҳо шуд, ки нерӯҳои амнитяӣ ва интизомии Тоҷикистон гуфтанд, дар ин ҷо амалиёти "Кӯкнор-2009"-ро оғоз кардаанд. Пеш аз шурӯи ин амалиёт дар бораи бозгашти яке аз фармондеҳони сробиқи мухолифон Мулло Абдулло Раҳимов аз Афғонистон ба шарқи Тоҷикистон овозаҳо паҳн шуд.

 

Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як изҳороти муштарак хабар доданд, ки дар ҷараёни ин амалиёт Мирзо Зиёев, собиқ вазири умури изтирорӣ ва фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозисюни тоҷик кушта шудааст. Дар ин баёния гуфта мешуд, пас аз боздошт шуданаш, Зиёев изҳори омодагӣ кардааст, ки ба қатъи даргирӣ ва халъи силоҳи гурӯҳи мусаллаҳ мусоидат хоҳад кард.

 

Аммо, ба қавли Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ҳангоми расидан ба мавзеъи таҳти назорати фармондеҳи дигар Неьмат Азизов дар тирандозиҳои дуҷонинба ба ҳалокат расидааст. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин 5 шаҳрванди Русия кушта шуданд, ки гуфта мешавад, аз як сӯ ба аъмоли террористӣ ва аз сӯи дигар дар қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд. Дар изҳороти ниҳоии худ мақомоти Тоҷикистон Мирзо Зиёевро низ ба ин гурӯҳ шомил донистанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1319-parvandai-marbut-ba-mirzo-ziyoev.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ