ПОРЛУМОН ҲАЙАТИ НАВИ КМИР-РО ТАСДИҚ КАРД
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишварро пурра тасдиқ кард. Бар асоси пешниҳоди раисҷумҳур, Мирзоалӣ Болтуев, раиси Комиссияи марказии интихобот ва Мизроб Кабиров, муовини ӯ, ҳамчунон симатҳои худро ҳифз кардаанд. Шаш ҳизби сиёсӣ низ дар ин ҳайат як нафарӣ ва ҲХДТ се намоянда дар ин комиссия дорад. ҲСДТ дар ҳайати КМИР ҳузур наёфтааст.
Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, дар рӯбарӯи вакилони мардумӣ эълон кард, ки ҳамакнун 41 комиссияи ҳавзаӣ бо шумули намояндагони аҳзоби сиёсӣ ташкил хоҳад шуд. Чилу як ҳавзаи интихотии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузор кардани интихобот бошанд.
Яке аз нукоте, ки аҳзоби мухолиф сари он таъкид мекунанд, ҳузури намояндагонашон дар маҳз комиссияҳои ҳавзаӣ ва қитъаҳои раъйдиҳӣ мебошад. Чун протоколҳоро қабл аз ҳама дар сатҳи поин ҳисоб мекнуанд ва ҳузури аҳзоб дар ин сатҳҳо яке аз шартҳои асосии таъмини шаффофияти интихобот номида мешавад. Интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ, қарор аст, рӯзи якшанбе, 28-уми феврали соли 2010 доир шавад.
«Озодӣ »
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1327-porlumon-haati-navi-kmir-ro-tasdiq-kard.html