10:11:36 19-уми Июни 2025 сол

САЛИМЗОДА: "ИНТИХОБОТИ ОЯНДА ШАФФОФ ХОҲАД БУД"

Ш.Салимзода: "Дар интихоботҳои гузашта фармондеҳон талош доштанд ба порлумон роҳ ёбанд. Вале мудохилаи раиси ҷумҳурӣ аз ин амр монеъ шуд."

 

Мушовири ҳуқуқии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ дар кишвар аз интихоботҳои қаблӣ бакуллӣ тафовут хоҳад дошт. Ба эътиқоди Шерхон Салимзода, бо гузашти 12 сол баъд аз имзои созишномаи сулҳ дар Тоҷикистон шароит барои баргузории интихоботи озод ва демукротик дар ин кишвар фароҳам шудааст. Вай афзуд, ки дар ҷараёни интихоботи қаблӣ мушкилоте дар ин замина вуҷуд дошт.

 

Шерхон Салимзода ин мавзӯъро рӯзи ҷумъаи 18 декабр дар ҳамоише бо ширкати хабарнигорон дар мавриди бозтоби раванди интихобот дар расонаҳои гурӯҳӣ матраҳ кард. Ба гуфтаи вай, дар интихоботҳои порлумонии даҳаи 1990 ва соли 2000 мавориди зиёде мушоҳида мешуд, ки номзадҳо аз роҳи фишор ва тақаллуб вакили порлумон мешуданд.

 

Оқои Салимзода аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар интихоботи соли 2000 дар 41 ҳавзаи интихоботӣ 27 нафар аз фармондеҳони собиқи замони ҷанги дохилӣ номзадии худро пешниҳод карда буданд. Аммо танҳо мудохилаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз вуруди ин афрод ба порлумон монеъ шудааст.

 

Бо ин вуҷуд, оқои Салимзода дар посух ба ин суол, ки оё изҳороти Президент Раҳмон мабнӣ бар ин ки ӯ баргузории интихоботе шаффоф ва демукротик дар моҳи февралро замонат медиҳад, ба маънии набуди чунин замонате дар интихоботҳои қаблӣ нест, гуфт на: "Интихоботҳои гузашта бо вуҷуди камбудиҳо бо меъёрҳои демукросӣ созгор буд.”

 

Вай афзуд: “Дар пайи ошкор шудани камбудиҳо дар ҷараёни интихоботи соли 2000 алайҳи чанд мақоми давлатӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Ҳоло шароити воқеъӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон ҳатто дар муқоиса бо соли 2005 бакуллӣ тағйир ёфтааст ва мо аз таҷрубаи зиндагӣ дар шароити осоишта бархурдор шудаем ва имкони баргузории интихоботи шаффоф ва мунсифонаро дорем.”

 

Оқои Салимзода гуфт, ки ҳоло куллияи кормандони ниҳодҳои давлатӣ дар маҳаллот аз ниҳодҳои зидахл ба таври хаттӣ дастур гирифтаанд, ки бар ҷараёни интихоботи порлумонӣ мудохила накунанд. Дар қавонини Тоҷикистон низ дар ин замина ислоҳоте ворид шуда ва афроде, ки муртакиби ин тахаллуфот мешаванд, ҷарима ва ё муҷозот мешаванд.

 

Гузашта аз ин, ба гуфтаи оқои Салимзода, раиси ҷумҳур ба ҳайъати феълии Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон тақрибан аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсии кишвар намояндаҳоро пешниҳод кардааст, ки ба баргузории интихоботе шаффоф мусоъидат мекунад. Зимнан, ба ин ҳайъат танҳо намояндаи Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ворид нашудааст ва масъулони ин ҳизб чунин амрро ”навъе табъиз ё душмантарошӣ” арзёбӣ кардаанд.

 

Шерхон Салимзода дар посух ба ин суол, ки чаро дар феҳристи ҳайъати ин кумисиюн намояндаи ҳизби сусиёл-демукрот нест, гуфт: “Дар ин бора иттилоъ надорам. Шояд худи ҳизб пешниҳод накарда бошад? Вале дар ҳар сурат, ин амрро набояд “душмантарошӣ” арзёбӣ кард.”

 

Дар ҳамоиши рӯзи ҷумъа оқои Салимзода аз хабарнигорон даъват кард, ки дар пӯшиши муборизоти интихоботӣ фаъол бошанд, зеро “баргузории интихоботи демукротик ба воқеъӣ будани матолиби расонаҳои гурӯҳӣ сахт бастагӣ дорад.”

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/1350-salimzoda-intikhoboti-oyanda-shaffof-khohad-bud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ