«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
“Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем”.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҷомеаи башарӣ ҳар халқу миллат барои роҳ ёфтан ба арсаи байналмилалӣ ва нишон додани мавҷудияти худ кӯшишҳои бемислро анҷом медиҳад. Барои эҳтиром ва эътироф намудани он ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ ба даст овардани истиқлолият ва эътирофи истиқлолияти давлат аз ҷониби субъектони байналмилалӣ шарти асосии муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Инак, аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 сол сипарӣ мегардад, ки ин муддат барои мардуми тоҷик давраи муаррифӣ ва эҳёи миллати тамаддунсолори тоҷик ба ҷаҳониён арзёбӣ мегардад.Тоҷикистоне, ки дар авохири асри пор бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гашта, бӯҳронҳои вазнини иқтисодиро аз сар гузаронида буд, тавонист дар муддати начандон зиёде ба як биҳишти сайёра мубаддал гардад, ки ин аз кӯшиш ва заҳматҳои пайвастаи фарзандони фарзони он,аллалхусус Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Хотиррасон бояд кард,ки аз замоне, ки инсоният дар рӯи замин арзи вуҷуд намудааст, ҳаёти ҷамъиятӣ дар чорчӯбаи меъёрҳои он ба танзим дароварда мешавад, ки онҳоро худи одамон кор карда баромадаанд.
Ин меъёрҳо, ки мо имрӯз онҳоро зери мафҳуми қонунгузорӣ дарк менамоем, инъикоскунандаи ҳаёти ҷамъиятии ҳар як давлат буда, дар он тамоми паҳлӯҳои сохти давлатдорӣ, хусусиятҳои миллӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳар як давлат рӯи кор оварда шудааст. Бояд гуфт, ки миллати тоҷик як миллати дар тӯли таърих азияткашида, аммо нигаҳдорандаи забону таърих ва фарҳанги худ буда, тавонист зимоми давлатдории худро маҳз бо соҳиб шудан ба истиқлолияти навини худ ба вуҷуд оварад.
Самараи судманд ва файзбори ҳамин неъмати бебаҳо аст, ки Тоҷикистон забон, таърих, фарҳанг, маданият, расму оин ва худро нигоҳ дошта, дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ қонунгузориҳои миллии бо меъёрҳои байналмилалӣ ва сазовори номи давлати соҳибихтиёр кор карда барояд.
Тамоми дастовардҳоеро, ки тӯли 35 соли Истиқлолияти давлатӣ насиби халқу миллати мо гардиданд, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон ҳаст, зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёд имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд.
Истиқлолияти давлатӣ дар низоми нави ҳуқуқии қонунгузории Тоҷикистон заминаи устувори ҳуқуқию ташкилиро гузоштааст.
Дар тӯли 35 соли Истиқлолияти давлавтӣ садҳо қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва барои иҷро вогузор карда шудаанд, ки воқеан ҷавобгӯи талаботи рӯзмарраи инкишофи ҷомеа ва ниёзҳои миллии кишвар ба ҳисоб мераванд.
Барои боз ҳам устувортар намудани мавқеи худ ва ҳамчун кишвари ягона, демокративу ҳуқуқбунёд муаррифӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии башорат аз соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии кишвар медиҳад.
Таърих гувоҳ аст, ки давоми зиёда аз 70 соле, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ қарор дошт, бо ном ҳам бошад, дорои Конститутсияи худ буд, ки он якчанд маротиба дар ин давра бо таѓиру иловаҳои начандон ҷиддӣ ва таҳрирҳои нав сабти ном карда буд. Ин Конститутсияҳо ба таври модулӣ аз Конститутсияи СССР рӯбардор карда мешуданд ва ҳангоми қабули онҳо сохти давлатории миллии ҷумҳурӣ, хусусиятҳои хоси таърихию фарҳангӣ ва ахлоқию динии мардум қариб, ки ба назари эътибор гирифта намешуданд.
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мардуми шарифи Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ 6 ноябари соли 1994 Конститутсияи миллии худро қабул намуд, ки дар оянда ин санади олии қонунгузорӣ ба рушду камолоти пояҳои давлатдории мо заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Меъёрҳои Конститутсияи навини Тоҷикистон аз қабили “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст” (моддаи 2), “Инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд” (моддаи 5), “Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад” (моддаи 32), “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиѓу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти падару модар масъул мебошанд” (моддаи 34) ва боз чандин меъёрҳои дигари Конститутсияи давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро номбар кардан мумкин аст, ки аз тамадуни зиёда аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик ва фарҳанги қадимаи маънавию ахлоқӣ ва динии мо сарчашма гирифтаанд.
Дар Конститутсияи ҶТ соҳиб¬их¬тиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ме¬бошад.
Бояд гуфт,ки дар зарфи 35 соли истиқлолият, механизми таъмини ҳуқуқии давлати соҳибистиқлол рушду нумӯъ ёфт. Дар ин давра қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёде қабул карда шуд, ки айни ҳол ин қонунҳои мукаммал мавриди амал қарор дошта, ба воситаи онҳо соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, маданӣ, экологӣ ва ғайра ба танзим дароварда шуданд.Дар баробари ин санади асосӣ инчунин дар ин замон боз як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар қабул гардиданд, ки як низоми мукаммали қонунгузории миллиамонро ташкил медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён таҷрибаи хуби мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани меъёрҳои ахлоқиро нишон дод.
Мисоли инро мо дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дида метавонем, ки давлатҳои минтақа аз ин таҷрибаи мо самаранок истифода мебаранд ва ин қонунҳои қабулгашта дар кафолати таъмини рушди қонунгузории миллӣ заминаи устувор гузоштанд.
Истиқлолият рамзи соҳибдавлатии мардуми сарбаланду мутаммадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хосса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ пайдо кард.Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзистии осоишта кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони кишвар ин дастоварди арзандаро қадр намуда, чун гавҳараки чашм бояд эҳтиёт намоем.
Таъкид намуданд ба маврид аст, ки дар баробари соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ вазифаи ҳар яки мо васеъ ва сермаҳсул гардида, кишвари азизамон бошад ба сӯи ҷомеъаи демокративу дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.Ҳоло, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари озод эътироф шудааст, мо шаҳрвандони он бояд мисли ангуштони як даст, фарзандони як модар амал намуда, дар бунёди Тоҷикистони навин саҳм бигузорему, бо исми миллати худ ифтихор намоем. Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик роҳи пурсаодати фардоро кушод.
Танҳо бо роҳи ваҳдат ва меҳнати ҳалол метавонем истиқлолияти худро ҳифз кунем ва ватани азизамонро ободу зебо гардонем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 16-уми декабри соли 2025 вобаста ба ҷашни дарпешистодаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки “Пешниҳод менамоям, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ» эълон карда шавад.Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам.
Роҳбари давлат дар фарҷоми баромадаш изҳор дошт, ки соли 2026 барои мо соли таърихӣ - соли ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ аст.
Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Тайи панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд.То рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем.
Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд»!
Дар ҳақиқат ҳар яки мо бояд дар ин соли чашн аз пештара беҳтару хубтар фаъолият дошта бошем то Тоҷикистони азизро боз ҳам ободу зебо гардонем ва кишварамонро ба як кишвари марказмеҳварии шарқу ѓарб табдил диҳем!
Варқаи Зайниддин, Ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон,мушовири адлияи дараҷаи 1
















