13:50:26 02-уми Июни 2025 сол

РОҲЕ КИ ТУ МЕРАВӢ БА ТУРКИСТОН АСТ

Дар пайравии мақолаи журналисти вахдатофар ва миллатгаро Сайёфи Мизроб «Интеллигентсияи тоҷик ва авом» ё ки чӣ тавр аъзоёни Ҳизби сотсиал-демократӣ дар вилояти Бадахшон бар иттиҳоди мардуми тоҷик рахна мезананд. Ҳамчун зодаи ш.Хоруғ, ки муддатҳост дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон - Душанбе сукунат менамоям ва аз арзишҳои умумитоҷикӣ пайваста муҳофизат кардаам, мақолаи «Интеллигентсияи тоҷик ва авом»-ро, ки бо қалами журналисти забардаст С.Мизроб нигошта шуда хонда, ба фикр фурӯ рафтам.

 

Ба ақидаи журналист нохун задан бар арзишҳои хурд ва майдае аз қабили арзишҳои «ҷанубӣ» ва «шимолӣ», адабиёти лаҳҷавӣ, эҳёи алифбои забонҳои помирӣ, ки дар маҷаллаи «Чатри симин» тарғиб мешавад, дар сурати мавҷуд будани алифбои тоҷикӣ ҳаммонанд ба «ихтирои ҷадиди велосипед» медонам. Вале ҳамчун иштирокчии конфронси банйалхалқии «Забонҳои таҳти таҳдид ва таърих, чун бадахшониасл аз ҳифзи забонҳои помирӣ муҳофизат менамоям, агар ин иқдомот бадани миллати ягона ва куҳанбунёди тоҷикро рахна назананд. Мо бояд бисёртар дар бораи муштаракоти фарҳангӣ ва зотии худ андеша кунем, на дар бораи ихтилофоти хурде, ки ҳар як фарзанди хонавода онҳоро дорост. Барои эъмори арзишҳои умумимиллӣ ва асолати тоҷикият мо қурбонии зиёд додаем ва қурбонии аввалин дар ин росто Шириншои Шотемури қаҳрамон аст, ки шиори зиндагиаш «Ҳар куҷо бошам бо тоҷикон бошам» будааст. Бо изҳори ҳамраъйӣ мехостам мушкилоти дигарро дар ин мақола матраҳ созам, ки аз ин масоили хурду реза болотар аст ва иртиботи ногусастанӣ аз мавқеъгириҳои интеллигентсияи тоҷик, аз ҷумла дар Бадахшон дорад.

 

Сафаре ки ба ш.Хоруғ дар соли гузашта доштам, дар қатори мушоҳидаи дастовардҳои муҳими иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ камбудиҳои ҷиддиро умуман дар ташаккули мафкуравии баъзе аз намояндагони  қишрҳои аҳолӣ ва мавҷуд будани халои сиёсӣ эҳсос кардам. Ин худ дасту панҷа пайдо кардани созмону аҳзоби тахрибкоре, аз ҷумла, дар ҳудуди вилояти Бадахшон мебошанд, ки мутобиқи технологияҳои ифлоси сиёсӣ дар байни мардум нуфуз пайдо карда, решаи таҳҷоӣ ё бумӣ надоранд.

 

Ин пеш ва беш аз ҳама ба фаъолияти Ҳизби сотсиал-демократӣ бо роҳбари Р.Зоиров дар Бадахшон иртибот мегирад, ки баъзе бадахшониҳои авомфиреб ва ибнулвақту фурсатталабро (хонда шавад: Абдулназаров Амният, Шонусайриев Шодавлат, Марат Мамадшоев, Мунавваров Мунавваршо, Шерзамонов Алим) дар гирди худ ҷамъ оварда, нақшаи шикастани иттиҳоди мардуми тоҷикро доранд.

 

Маълум аст, дар сурате мардуми тоҷик дар атрофи идеяи миллӣ, аз ҷумла сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун талош доранд, берун аз чавкоти «маслиҳатхона»-и миллӣ худро канора гирифтан, хатоест нобахшиданӣ. Бубин, ки бадахшониёни баору номус, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, маблағҳои калон ба хазинаи Роғун сарозер кардаанд. Ростӣ, шоир дуруст гуфтааст,

 

Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,

Дар Ватанбудаи бе ёди Ватан бе Ватан аст.

 

Ҳатто як нафарашон аз ш.Самара зиёда аз 1 млн сомонӣ маблағ ирсол кардааст, ки боиси таҳсину офарини тамоми тоҷикон аст. Дар муқоиса бо ин, амалҳои нораворо Алим Шерзамонов, муовини тозатаъини Ҳизби сотсиал-демократӣ ва роҳбари бахши Бадахшонии ин ҳизб тарҳрезӣ мекунад ва сиёсати пардапӯшонаи роҳбари узбекгарои худ Р.Зоировро дар Бадахшон роҳандозӣ карданист.

 

Чӣ умумиятест тоҷики куҳистониро бо тангчашмони биёбонгарди гӯсфандчарон ё меҳоҳанд сиёсати ҳамсояи шимолии моро, ки муҷиби бадбахтиҳои гузашта ва ҳозираи мост пиёдасозӣ кунанд? Ба тоҷикони худфурӯхтае монанд бошад, ки Самарқанду Бухороро бо ду дасти адаб ба аҷнабиён доданд ва боз ҳам ангушти ҳайрату пушаймонӣ кашиданд. Ё мехоҳанд ба ин восита тухми низоъ ва тафриқа дар ҷомеаи тоҷикон дар самти Бадахшон эҷод намоянд.

 

Мӯйсафедони рӯзгордида ва ҷавонони бофарҳанги Бадахшон бо ин саволҳо зиёд саргардонанд. Ба ибораи онҳо «хунбаҳои бадахшониёнеро, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ аз ҷониби воҳидҳои низомии Узбекистон дар манотиқи кишвар кушта шуданд ва акси онҳо дар Музейи ш.Хоруғ мунъакис шудааст, шерзамоновҳо медода бошанд, ки боз ҳизби дигари бе решаву пайванди бобоӣ бо ишораи намояндагони Узбекистон татбиқ мекунанд.

 

Ё истилоҳи усули «бобзамин»-ро аз ёд бурдаанд, ҳифзи марзу бум амри виҷдонист, на ин ки бо такя ба хориҷиён муомилагарӣ кардан. Ин роҳи маслиҳат нест, Алим чун, роҳе ки ту меравӣ ба Туркистон аст, баргард, агар мехоҳӣ ба камбудиҳои ҷомеа нишон диҳӣ, ба ҳизбҳое рӯ биёр, ки асолати миллӣ доранд ва аъзоёни он фарзандони ин марзанд. Дар сурати ғайр нақши ту ба хоин Ҳоҷӣ Маҳмуди бухороӣ монанд хоҳад шуд, ки ба хотири манфиатҳои дурӯзаи разилонаи хусусиаш Чингизхони хунхорро ба Осиёи Марказӣ дар асри 13-ум роҳбаладӣ карда буд.    

 

Чун узви собиқи оппозитсияи тоҷик ман шоҳиди тарҳрезии чунин технологияҳои сиёҳе, ки аз ҷониби Тошканд ба шерозаи ваҳдати мардуми тоҷик дар Бадахшон ворид мегашт, будам. Аз ҷумла вақте ки қумондон Навоиро бо назардошти робитаҳои хешутабориаш бо қумондони узбектабори «Фронти халқӣ» Ибод Бойматов, доираҳои худфурӯхтаи узбекгарои Тоҷикистон, аз ҷумла собиқ раиси вилояти Суғд Ҳомидов дар ҳудуди ноҳияи Рӯшон узбекбаталон таъсис дода, бар зидди Ҳукумати Тоҷикистон дар миёнаҳои солҳои 90-ум хезонданӣ буданд, хуб дар ёд дорам.

 

Шукрона ин нияти бадхоҳон бо зӯри худи мардуми Бадахшон ва интеллигентсияаш решакан шуд ва имрӯз Навоӣ ба меҳнати осоишта даст зада, сиёсати имрӯзаи Ҳукуматро ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунад. Нақши ту Шерзамонови интеллигент дар ин замони сарнавиштсоз чӣ хоҳад буд? Аммо дар ин дилхоҳ вақт, ки вақти тасмимгирӣ дар интихоботи Парлумонист, ҳаракатҳои ингуна аҳзоб, ба мисли ҲСДТ «ҳавзи обро тираву хоколуд сохта, моҳӣ гирфтан»-ро мемонад.

 

Барои мо фаҳмост, ки ин ҳизбгароӣ вобастагӣ бар ҳукмфармои халои сиёсии баъди суқути Иттиҳоди Шуравӣ дошта аз тарафи  Зоиров баринҳо моҳирона истифода мегардад. Оё Алим Шерзамонов ҳамчун аҳли тариқати исмоилияи низорӣ медонад, ки Аълоҳазрат Оғохони 4-умро чандин солест, ки ба ш.Тошканд роҳ намедиҳанд? Хазинаи Оғохон, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, хосатан Тоҷикистон  рушду нумӯъ дорад.

 

Мо бояд аз Э.Раҳмон, чун абармарди сиёсӣ сипосгузор бошем, ки баъди таъқибу ранҷ ва зиллатҳои 860 сола, баъди сипоҳдории қалъаи Аламут ба мо бародарвор иҷозат дод, то пешвоямон Оғохони 4-умро бубинем. Дар ёд дорӣ Алим, бобоёни мо дар ин роҳ шаҳодат доданд ва гӯшаи хаёлашон намеғунҷид, ки боре Имоми Замонро мебинанд. Дар ҷои сипосгузорӣ мо ба ҳизбгароӣ оғоз ва мехоҳем бар ивази некӣ бадӣ биёварем, ки ин салоҳи кор нест.   

 

Ва боз шунидаем, ки Шерзамонов Алим фарди роҳгумзада ва асолатбохтаеро чун роҳбари узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша М.Муҳаммадбоқиров, ки бо амалҳои ҷинояткоронаи хеш ба фаъолияти мустақилонаю рӯзмарраи мақомоти давлатии маҳаллӣ халали ҷиддӣ эҷод менамоянд, шахси боэътимод бар хилофи моддаи 38-уми қонуни «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» интихоб кардааст, ки бо амалу ҳаракатҳои ҷиноиаш худсарона ба ташвиқу тарғиби намояндаи ҲСДТ дар Шуғнон, Роштқалъа ва ш.Хоруғ даст задааст.

 

Бо истифода аз зуру таҳдид ва ҳиси баланди маҳалгароӣ ҷавонони бадахширо, ки толиби илму фан ва илмҳои замонавӣ ҳастанд, ин шахси боэътимоди худномгирифта Муҳаммадбоқиров ба сӯи худ гаравида, аз пайраҳаи илму савод канорагирашон мекунад. Ҳушёр бошед, ҷавонон, ки душман дар камин аст.

 

Дар охир ба А.Шерзамонов гуфтанием:

 

Ин шунидастӣ, ки турке васфи ҷаннат чун шунид,

Гуфт бо воъиз: Онҷо ғорату куштор ҳаст

Гуфт: На! Гуфто: Батар бошад зи дӯзах он биҳишт,

К-андар ӯ кӯтаҳ бувад аз ғорату куштор даст.  

                                                                                               А.Ҷомӣ.

 

Ақдоди Абумуслим

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1599-2010-01-22-19-26-50.html

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 22.04.2011 17:10
bOVAR KUN 6 DAQIQAAM SARF SIRF SHUD, CHI AFSONAI AHMAQONAE NAVISTAI CHI ABLAHONAE ZOIROV TOJIKA TOJIKOSH FAHMO!!!!!!!! TU UZBAKI BOVAR KUN !!! VOQEIYAT IN AST KI DAR POMIR TOJIKI ASLIE NEST. INRO METAVONI AZ KITOBI SADDI SUGDI ATO HAMDAM PAYDO KUNI
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854