14:44:47 18-уми Июни 2025 сол

БОБОЕВ: БА ПОРЛУМОН ОЛИМОНРО ПЕШНИҲОД КАРДЕМ

Олимҷон Бобоев, раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигрони Би-би-сӣ гуфт, ки вуҷуди "оппонент"-ҳои сиёсӣ дар кишвар рушди демукросиро замонат медиҳад. Дар ин мусоҳиба талош шудааст, барнома ва мавқеъгирии ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки раҳбараш узви кобинаи давлатӣ аст, дар баробари ҳизби ҳоким мунъакис шавад.

 

-Ҳизби Шумо як ҳизби нисбатан ҷавон аст, Шумо бо чӣ барномае вориди корзори интихоботӣ шудед?

 

-Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон то ҳоло 16500 узв дорад ва дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ғайр аз чаҳор ноҳия дар кулли навоҳии кишвар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб фаъолият мекунанд. Ҳадафи ҳизб беҳбуд бахшидан ба мардум аз лиҳолзи иқтисодӣ аст. Аз тариқи ворид шудан ба порлумон, таъсиси фраксия ҳизби ислоҳоти Тоҷикистон дар он ва ба воситаи қонунгузорӣ таҳким бахшидан ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон.

 

-Чанд узви ҳизбро ба интихоботи порлумонӣ номзад гузоштед?

 

-Аз рӯи хатти ҳизбӣ чаҳор нафар пешниҳод кардем ва 9 номзади якмандатӣ пешниҳод шуд. Ин афрод бештар олимони соҳаи иқтисод ҳастанд, ки таҷрибаи сиёсӣ низ доранд. Умуман як қисмати номзадҳои мо дар манотиқи мухталиф чеҳраҳои шинохташуда дар миёни мардум ҳастанд. Бинобар ҳамин мо аъзои худро дар вилоёти мухталиф ҳамчун номзадҳои якмандатӣ пешниҳод кардем. Ман боварӣ дорам, ки онҳо муваффақ хоҳанд шуд, чун барномаи мо бештар дар бораи ислоҳоти иқтисодӣ аст. Медонем, ки мушкилоти зиёде дар ин росто вуҷуд дорад.

 

-Умдатарини ин мушкилот чӣ ҳаст?

 

-Умдатарин мушкил ин норасоии системи бонкӣ ва қарзӣ-пулӣ аст. Мо медонем, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон аз системи пулӣ-қарзӣ ба вуҷуд омад. Ин система аз лиҳози сохторбанбӣ ва вазифаҳое ки дар ин бахш вуҷуд дорад номукаммал будааст.

 

Медонем, ки қаблан пул эквиваленти мол буд, вале имрӯз худи пул ҳамчун мол ба фурӯш гузошта мешавад. Ба ин хотир бозор як андоза ноустувор гардид ва сохторбандии иқтисодии ҷаҳон ҳам вайрон шуд. Бахши асосии барномаи мо такмили ҳамин системаи бонкии пулӣ-қарзӣ аст.

 

Мо тарафдори он ҳастем, ки бонкҳо фоидаи худро на аз соҳае, ки ба он хизмат мерасонанд, дарёфт кунанд, балки дар заминаи ҳамкорӣ бо соҳае, ки бонк бо он кор мекунад суд бинанд. Ин роҳи беҳтари солим гардонидани иқтисод аст. Дар ин росто мо фикру андешаҳои худро дорем ва иброз ҳам кардаем. Ин самти асосии барномаи мо аст.

 

-Ҳадафи хуб аст, аммо бисёреҳо бар ин ақидаанд, ки ҳизби ислоҳоти иқтисоди дар миёни ҷомеъаи Тоҷикистон чандон шинохта нест ва шояд ба ҳамин далел ба порлумон аслан роҳ наёбад. Шумо ба ин савол чӣ ҷавоб доред?

 

-Ҷомеъа ҳар гуна назар дорад. Як теъдод баръакс мегӯянд, ки тарафдорони ҳизби мо бештар шуда истодааст. Аз ин рӯ ман эҳсос мекунам, ки ҳизби мо дар ҷомеъа нуфузе пайдо кардааст. Аз тарафи дигар ҳадафҳое, ки мо дорем ба зиндагии ҳар як кас наздик аст ва ҳар кӣ ба тарафдории ҳизби мо овоз медиҳад, барои беҳбудии худаш овоз медиҳад. Ман боварӣ дорам, ки ба порлумон роҳ меёбем ва як фраксияи ҳизбӣ ҳам созмон медиҳем.

 

-Ақидаи дигар ҳам ҳаст, ки коршиносон мегӯянд замонати ворид шудани Шумо ба порлумон вуҷуд дорад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Шумо мансабдори давлатӣ (Вазири нақтиёт ва алоқа) ҳастед ва Ҳизби халқи демукрот манфиатдор аст, ки дар порлумон ба ҷуз аз онҳо намояндагони аҳзоби дигар ҳам бошанд. Яъне ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ метавонад, дар порлумон нишонаи бисёрҳизбии порлумон бошад.

 

-Ман фикр мекунам, ки сиёсати хирадмандонаи ҷаноби олӣ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ин иборат аст, ки имрӯз ҳам дар кобинаи давлат ва ҳам дар порлумон намояндагони аҳзоби дигар ҳарчи бештар бошанд. Умуман ман фикр мекунам, ки дар ҷомеъаи демукротик бисёрҳизбӣ аз поён то боло бояд таъмин шавад. Ин бисёр хуб аст.

 

-Шумо узви кобинаи давлатӣ ҳастед, бархе аз аъзои шӯрои ҳизби Шумо ҳам ҳамин тур, оё имкон надоред ҳадафҳои худро бидуни ин ки вориди порлумон шавед, пиёда кунед?

 

-Ҳар як мансабдори давлатӣ - хизматчии давлатӣ аст, ки қарори ҳукуматро иҷро мекунад. Танҳо агар дар порлумон ворид шавем ва тавонем фраксияи худро дошта бошем, имкон дорем дар таҳияи қонунҳо бивосита иштирок кунем. Ба ин тартиб, мо метавонем ҳадафҳои ҳизбро ба воситаи қонунгузорӣ ворид кунем, то ин ки мақомоти иҷроия онро татбиқ кунад.

 

-Ба назари Шумо оё вуҷуди мухолифони сиёсӣ барои ҷомеъаи мо лизим аст ва дар ҷомеъаи мо чунин мухолифат вуҷуд доард?

 

-Аслан пешрафти ҷомеъа гуногунфикриро талаб мекунад. Ҳадафи ҳар як ҳизб агар таваҷҷӯҳ кардаед як аст – боло бурдани сатҳи зиндагии мардум. Вале ҳар ҳизб роҳ, усул ва биниши худро пешниҳод мекунад. Агар дар порлумон фраксияҳои гуногун ба вуҷуд ояд, қонунҳо пас аз таҳлил ва баҳсҳои илмӣ таҳия ва тасвиб мешаванд, ки ин хуб аст. Мухолифат ба маънии солим бояд ба вуҷуд биёяд. Оппонент. На мухолифате, ки дар заминаи кинаву душманӣ ба вуҷуд меояд. Мухолифате, ки ҳамчун оина камбудиҳоро ба рӯи ҳамдигар ошкор мекунад.

 

-Шумо вазир ҳастед ва ҳамин ҳоло, ки дар утоқи кории Шумо нишастаем акси Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ҳизби халқи демукрот болои сари Шумо рӯи девор овезон аст. То чи андоза Шумо "оппонент" ҳастед, ё метавонед бошед?

 

-Мо дар ин бора сӯҳбатҳо доштем. Ҳизби мо бо бахшҳое аз барномаи давлат ҳамақида аст. Ҳизби мо дар шӯроҳои ҷамъиятӣ дар мавриди таҳлили вазъи иқтисодии кишвар ва барои пешгирии таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ пешниҳодҳо кардааст. Нисбат ба он масъалаҳо, ки мо биниши мутафовит дорем, барои ба консенсус расидан, ин масъалаҳо баҳсталабанд. Мо бо ҳеҷ ҳизб коалитсия шуданӣ нестем. Мо гуфтем, ки агар ақидаи ҳизби мо бо ягон ҳизби дигар дар ин ё он масъала мувофиқ бошад, дар он сурат мо ҳамкорӣ мекунем.

 

-Дар давраи муборизаи интихоботӣ дар ҳамаи кишварҳои дунё аҳзоби сиёсӣ талош мекунад, ки барномаҳои худро таблиғ кунад. Қонуни мо ҳам дар ин замина муқаррароте дар назар дорад. Шумо барои таблиғи ормонҳои ҳизби худ то чӣ ҳад ба расонаҳои хабарӣ ниёз доред.

 

-Ман аз расонаҳои Тоҷикистон бисёр миннатдорам, ки онҳо пайваста аз фаъолияти ҳизби мо иттилоъ медиҳанд. Сӯҳбатҳо аз тариқи телевизиюн ва ҳам родию пахш шудааст. Мо як клиперо ки таёр кардаем, бо телевизиён музокира дорем, ки онҳоро пахш кунанд. Аз тарафи дигар дар вилоятҳо ва минтақаҳо аз родиё ва телевизиюнҳо барои таблиғи ҳизб истифода карда истодаем. Дар онҷо сӯҳбатҳо бо интихоботкунандагон низ баргузор мешаванд.

 

-Вазъи молии ҳизби Шумо имкон медиҳад, ки бештар аз ин воситаҳо истифода кунед, чун ҳамаи ин ки гуфтед харҷу ҳазина дорад.

 

-Бале, мо аз маблағҳои худи ҳизб пардохт мекунем. Албатта имконияти зиёд надорем ва мо ҳам “Кӯрпая дида поя дароз мекунем”. Маблағ барои таблиғи ҳизб аз қабл муқаррар шуда буд.

 

-Саҳми занону ҷавонон дар ҳизби Шумо чи гуна аст?

 

-Дар ҳизби мо ҷавонон ҳам ҳастанд. Мо ғайр аз ҳавзаҳои умумиҷумҳуриявӣ дар ҳавзаҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ низ номзад пешниҳод кардаем, ки миёни онҳо ҳам ҷавонон ва ҳам занон ҳастанд. Дар ҳавзаи якмандата ду нафар зан пешниҳод кардаем - як нафар аз шаҳри Душанбе, як нафар аз вилояти Суғд. Онҳо шахсиятҳои шинохта, олим ҳастанд. Бовар дорам ин номзадҳои арзанда раъй кофӣ хоҳанд овард.

 

-Бахши азиме аз ҷомеъаи Тоҷикистон ҷавонон ҳастанд ва ин ақида вуҷуд дорад, ки намояндагони порлумони мо аксаран солмандон ҳастанд. Оё то чӣ андоза онҳо манофеъи ҷавонони моро мунъакис кардаанд?

 

-Ман фикр мекунам, ки дар интихоботе, ки дар пеш истодааст ин вазъро иваз мекунад. Ин бор аксари номзадҳо ҷавон ҳастанд, дар миёни номзадҳои мо ҳам ду номзад олими ҷавон ҳаст. Аслан порлумон, ин як ниҳоди қонунгузори таҳлилкунанда ва таҳиякунандаи қонун ҳаст ва одамоне бояд инҷо бошанд, ки олим бошанд, ҷавон ҳам бошанд.

 

Чун ман дар донишкада кор мекардам, ҷавонони зиёд ба ҳизби мо алоқа доранд. Ҳатто раиси яке аз навоҳии шаҳри Душанбе ҷавонест, ки соли гузашта донишгоҳро тамом карда ва вай аз фаъолони ҳизби мо аст. Умуман ҳар коре ки мо мекунем, мо барои ҷавонон мекунем, барои ояндаи ҷавонони мо мекунем. Барои ҳамин бояд ақидаи онҳо ба назар гирифта шавад.

 

-Аммо ин ақида ҳам ҳаст, ки ҷавонони тоҷик чандон огоҳии сиёсӣ надоранд ва ё сиёсатгурезанд. Чаро? Оё метавонем гӯем, ки гуноҳи аҳзоби сиёсӣ аст, ки миёни ҷавонон зиёд кор намебаранд?

 

-Теъдоди ҷавононе ҳам ҳастанд, ки зиёд фаъол нестанд. Вале то ҷое ман бо ҷавонон сару кор доштам, онҳо нисбати сарнавишти миллат бетафовут нестанд, ватандӯст ҳастанд. Ин идда аз ҷавонон кам нестанд. Ман бо онҳо зиёд кор кардаам, медонам.

 

Аммо ин ки аҳзоби сиёсӣ миёни ҷавонон фаъолият намекунанд, дуруст аст. Ба назарам имрӯз марҳилае расид, ки мо як идеи миллии бунёди нерӯгоҳи Роғунро дорем, ки ин амр сарҷамъии ҷавононро ба вуҷуд овард. Вале ҳизбҳо бояд дар байни ҷавонон кор кунанд, маҳфилҳо гузаронанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1804-2010-02-22-16-32-49.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ