05:09:41 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaakabiri-m-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaakabiri-m-hnit-2.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/06_--01-a-aaaaakabiri-m-2.jpg'

МО АЗ ҲНИТ ЧӢ МЕХОҲЕМ?

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди баргузории боз як интихоботи сиёсӣ дар кишвар гардиданд, ки натиҷаҳои он ҳанӯз ҳам дар маркази таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии дохилию хориҷӣ ва нозирону коршиносони ватанию байналмиллалӣ қарор дорад.

 

Гарчанде интихоботи 28 феврал аз ҷониби нозирони байналмилалӣ (намояндагони Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайраҳо) шаффофу одилона арзёбӣ гардида бошад ҳам, вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба чунин баҳогузорӣ розӣ нест. Ҳизби номбурда бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ вокуниши хешро дар муқобили ин натиҷаҳо ба таври расмӣ баён дошта, аз шикоят бурдан ба додгоҳи кишвар хабар додааст. Шӯрои сиёсии ҳизб бо як қарор интихоботи мазкурро ғайришаффоф ва мухолиф бо меёърҳои демократӣ эълон кардааст. Ба гуфтаи Кабирӣ нозирони онҳо дар ҷараёни интихобот тақаллубукорию қонуншиканиҳоро аз сӯйи мақомоти давлатии маҳаллӣ ва масъулони қитъаҳои раъйдиҳӣ ошкор кардаанд.

 

Номбурда изҳор доштааст, ки ҳизбаш 30 дарсади овозҳоро ба даст овардааст ва мувофиқи ин нишондод бояд 4 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон насиби онҳо мегашт, вале Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон онро 7,7 дарсад эълон карда, ҳамагӣ 2 ҷойро барои онҳо пешниҳод намудааст. Аз ин лиҳоз, феълан наҳзатиҳо ба рақамҳои эълоншуда бовар надошта, эътироз баён намуда истодаанд.

 

Ҳамзамон, М.Кабирӣ аз номи Шӯрои ҳизб эълон доштааст, ки ба таври қонунӣ дар ин бора ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд ва тамоми роҳу василаҳои эътирозро (гуруснанишинии сиёсӣ, гирдиҳамоию роҳпаймоӣ, ё даст кашидан аз мансаби вакилӣ дар парлумон) барои исботи воқеият  ва дифоъ аз ҳуқуқҳои пайравонаш истифода хоҳад кард.

 

Дар заминаи ин даъвои наҳзатиҳо ман ҳамчун нозир ва коршиноси сиёсӣ бори дигар ба он воқеаҳои солҳои 90-ум рӯ оварда, хотиррасон карданиам, ки маҳз оқибати истифода аз чунин усулҳои (гуруснанишинӣ ва роҳпаймоӣ) дар боло таъкиднамудаи ҷаноби Кабирӣ Тоҷкистонро ба майдони ҷангу хун кашид. Аз ин рӯ, яке аз сабабҳои то ба ҳол аз ҷониби аксарияти мардум дастгирӣ наёфтани наҳзатиҳо ба ин омил вобаста аст.

 

Зеро, мардуми ҷангдида ва шоҳиди он воқеаҳо аз чунин гурӯҳҳои мазҳабию динӣ ҳанӯз ҳам ҳарос доранд. Албатта, ин ҷо «бод додани коҳи кӯҳна» (манзур воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон) шарт нест, чунки шукри Яздони пок баъди ба ризоияти миллӣ расидан гунаҳкорон авф ва кинаву адовати қавмию мазҳабӣ аз байн рафт.  Акнун бояд кӯшид, ки ҷомеаи наву мутараққӣ бунёд сохт ва дар он ҳамагон новобаста аз дину мазҳаб ва қавму миллат саҳмгузор бошанд.

      

Имрӯз саҳми ҲНИТ дар рушди ҷомеаи тоҷикон баробари дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар мушоҳида мешавад. Тӯли 10 соли ахир ҳизб дар миёни мардум нуфуз пайдо кард ва ахиран дар интихоботи парлумонии соли 2005 ба Маҷлиси Олӣ роҳ ёфт, ки ҳамаи ин бо шарофати сиёсати дурусту хирадмандонаи Ҳукумати Тоҷикистон муяссараш гардид. Феълан ҳам ҳукуматдорони кишвар ба фаъолияти он мухолиф набуда, озодона амал карда истодааст ва бояд гуфт, ки ҲНИТ дар миқёси Осиёи Миёна ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил ягона ҳизби исломиест ки, дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудааст.

 

Вале кас дар ҳайрат мемонад, ки ҳадафи эътирозу норозигиҳои наҳзатиҳо дар муқобил ба Ҳукумату сиёсати он дар баробари ҳамаи ин имкониятҳо ва шароити ба миёноварда аз чӣ иборат бошад. Агар мақсад танҳо роҳ ёфтан ба парлумон бошад, пас ҳамин 2 намоянда барои эшон басанда аст ва агар ниятҳо ғаразнок бошанд, Худованд паноҳ дорад. Агар ба ин ақида бошед, ки танҳо аз мавқеи парлумони касбӣ мардуми мусулмонро дифоъ мекунед, пас, хато мекунед.

 

Бародарони аҳли ислом, наҳзатиҳо, алҳамду лиллоҳ, мо ҳама мусулмонем ва пайравӣ аз Имоми Аъзам (Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит) мекунем, пас, биёед чун ин мутафаккири барҷастаи ислом ҳамагӣ дар хизмати мардум бошем. Ин донишманди оламшумул, ки имрӯз касе аз миёни пешвоёни Шумо шояд аз афкори илмии ӯ ба хубӣ огоҳ набошанд ва худ ба саргузашти ӯ ошно ҳастед, ҳеҷ гоҳ майл ба дарбор надоштанд ва мудом аз ҳаргуна мансаб даст мекашиданд, вале ҳамеша дар байни мардум буданд.

                                       

Ҷаноби Кабирӣ Тоҷикистонро дар як марҳилаи ҳассос қарордошта муаррифӣ намуда, ба ин ақидааст, ки баргузории чунин интихоботи пур аз тақаллуб ба он зарбаи ҷиддие хоҳад зад. Манзур аз ин зарбаи ҷиддӣ чӣ бошад, номаълум. Фақат гуфтаниам, ки сабур бошанд, зеро тибқи як ояти қуръонӣ, ки худ аз он огоҳ аст, «Худованд собиронро дӯст дорад».

 

Ба гуфтаи раиси ҲНИТ,  ҳадафи онҳо аз ошкор кардани бастаи тақаллуб ва қонуншиканиҳову интиқодашон аз ин интихобот халалдор кардани вазъи сиёсии Тоҷикистон нест, балки онҳо хоҳони интихоботи шаффофу озод ва ҷилавгирӣ аз хиёнат ба амонати мардум будаанд. Ҳамчунин, гуфтааст, ки «мо намехоҳем ба хотири интихобот ба чеҳра ва нуфузи миллату давлат халал ворид кунем, зеро мо наметавонем манфиатҳои давлату миллатро болотар аз манфиатҳои ҳизбӣ ва гурӯҳӣ гузошта бошем».

 

Дар робита ба ин гуфтаҳо бояд таъкид кард, ки ҳар як изҳороти ҲНИТ тавассути М.Кабирӣ таҳлилу хулосабарориҳоро талаб менамояд, чунки ин даъвоҳо гоҳе мухолифи ҳам садо медиҳанд. Чунончи, ҷаноби Кабирӣ дар боло ба эътирозу муборизаҳои ҳуқуқӣ тавассути ҳаргуна амалҳо (гуруснанишинию роҳпаймиҳо) ишора мекунад, ки ин худ далели нооромии вазъ хоҳад буд. Баъдан, агар мақсад ҳимояи манфиатҳои ҳизбию гурӯҳӣ набошад, пас, ҳама ин даъвоҳои беасос ва шикоят бурдан ба додгоҳ ба кадом хотир аст?

 

Ба назари ман ҳамчун коршинос, ҳамаи ин бозиҳои сиёсии ҲНИТ шояд ба хотири шинохти он ба ҳайси як қувваи бузурги оппозитсионӣ дар як кишвари мусулмонӣ роҳандозӣ шуда, эҳтимол нақшаи он хориҷ аз кишвар бо дасти «ҳомиёни» онҳо бо мақсади мустаҳкам намудани мавқеи хеш дар минтақа тарҳрезӣ шуда бошад. Вагарна чаро чунин мекунанд. Ман бо итминони комил арз карда метавонам, ки дар вилояти Суғд шафофтарин раъйпурсӣ доир гашт.

 

Номзадҳои ҲНИТ, бахусус Илҳомҷон Ёқубов, Муҳибулло Қурбон ва дигарон ба пуррагӣ муборизаи озодонаи пешазинтихобитӣ бурданд. Расмҳо ва барномаҳои интихоботии онҳо озодона дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои шаҳрҳои Хуҷанду Исфара овозен буданд ва ҳар касе мехост озодона аз онҳо мутолиа менамуд. Вале чи бояд кард, ки халқ номзадҳои лоиқи худро интихоб намуд. Ин аст муборизаи сиёсӣ ва бояд ба ин мардонавор иқрор шуд.

    

 

Агар ҲНИТ ва тарафдорони он Тоҷикистон ва манфиатҳои давлатию миллии онро эҳтиром дошта бошанд, бояд дар чунин давраи ҳассоси муборизаҳои геополитикӣ дар минтақа, бахусус дар роҳи ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, дар даврае, ки Тоҷикистон ва мардуми бонангу номуси он дар танҳоӣ ба мушкилиҳои мураккабтарин дар раванди давлатдории худ ва фишору таҳдидҳои беруна рӯ ба рӯ гардидааст, сарҷамъӣ ва ваҳдати овозадори тоҷикиро ҳифз намояд.

 

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҲНИТ ва пайравони он имрӯзҳо фақат ва фақат ҳаминро талаб доранд. Шарафу номуси миллӣ, фарҳанг ва маданияти баланди сиёсии ҲНИТ метавонад обрӯ ва нуфузи онро дар ҷомеа боз ҳам боло бурда, эҳтиромашро дар арсаи минтақавӣ ва байналмиллалӣ ҳамчун ҳизби боинтизом ва дар ҳақиқат созанда афзунтар намояд.

 

Мо мехоҳем, ки ҲНИТ ҳимоятгари аслии манфиатҳои миллӣ ва давлатии Тоҷикистон бошад.  

 

Мирзоалии Аббос,

коршиноси мустақил

http://www.ruzgor.tj/siyosat/1877-2010-03-06-09-55-38.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi