«Ҷавонон ва маърифати ҳуқуқӣ!»
Маъмулан, на танҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам, чӣ дар гузаштаи таърихӣ ва чӣ имрӯз, масъалаҳои марбут ба ҷавонон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат қарор дорад. Хоссатан, дар давраҳои қадим масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти махсусу аввалиндараҷа дошт ва ба ҷавонон ҳамчун нерӯи азими ҷисмонӣ диққат медоданд ва онҳоро аз лиҳози руҳиву равонӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини амнияти кишвар ва ба хотири амалӣ намудани мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлатӣ омода ва истифода мекарданд.
Давлати мо, яке аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (беш аз 70% аҳолиро шахсони то 30 сола) дар дунё ба шумор рафта, аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо нерӯи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Чунонки ишора намудем, дар шароити муосир танҳо доштани нерӯи ҷисмонии холис барои рушди як кишвар кифоя нест, балки баръакс, баъзан мавриди истифодаи нодуруст қарор гирифтани он, дарди сари як давлату ҳукумат шуда метавонад.
Аз ин рӯ, нерӯи ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шараф аст, ки агар он сарчашмаи тавлидкунандаи идеяву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, ободкориву бунёдкорӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошад. Яъне, вақте ин маҷмӯи бузург аз миқдор ба сифат гузарад. Ё ба қавли Абулқосим Фирдавсӣ «Пароканда лашкар наояд ба кор, Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор». Танҳо доштани лашкари зиёд кофӣ нест, балки муттаҳид, боазму иродаи матин, ҷасур ва соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ будани ҷавонон мавриди ифтихор ва шарафмандӣ мебошад.
Албатта, барои он, ки як давлат соҳиб ва барандаи нерӯ ва захираи муайяни ҷисмониву зеҳнии ҷавонон бошад, аввал вақт, дуюм барномаи мушаххас, сеюм - иқтисодиёти тараққикарда ва ниҳоят иродаи сиёсии роҳбарияти кишвар лозим аст. Аз сабаби он ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, давлат дар ин муддат аз як тараф вақти лозимаро аз даст дод ва аз ҷониби дигар рушди иқтисодии кишварро таъмин карда натавонист, ки ин ҳама боиси чандсолаҳо қафо мондани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардид.
Вале, баъди ба вуҷуд омадани оромӣ дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат ва Президенти Тоҷикистон ҳам ба рушди иқтисодиёт ва ҳам ба беҳтар намудани сифати илму донишомӯзии ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣи ҷавонон корҳои зиёд ба анҷом расонида шудаанд.
Аз ҳамин лиҳоз бояд ҷавонон ҷавобан ба ғамхориву дастгирии давлату ҳукумат барои ватану миллати хеш содиқона хизмат намоянд. Чуноне, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади хеш қайд намудаанд: «Ҷавонони кишвар бояд рисолати таърихии хешро дар назди хотираи ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуда, тамоми нерӯи ҷисмониву ақлонии худро ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии сарзамини аҷдодиямон, бо донишу ҳисси баланди миллӣ, баланд сафарбар созанд».
Хотиррасон бояд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 9 -уми апрели соли 1997 зери №691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар ин асос дигар санадҳои ҳуқуқӣ қабул гаштаанд. Дар зарфи бештар аз 28 соли қабули ин фармон ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ имконият пайдо гашт, ки дониши ҳуқуқии шахрвандон ва хосатан ҷавонон боло бурда шуда, аз лиҳози маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ҷавонон баъдан дар ҷомеъа нақши бузургеро дар роҳи таъмини волоияти қонун ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамътятӣ ба роҳ монанд. Имрӯз ҷавонони мо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (прокуратура, амният, милиса, гуирук, адлия, андоз ва ғайраҳо) ҳамчунин дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо нақши калидӣ доранд ва дар таҳкими қонуният бешак маърифтнокию маълумоти ҳуқукии онҳо нақши асосиро дар ҷомеъа бозида истодааст, ки ин боиси ифтихор низ ҳаст.
Масалан, аз тарафи кормандони ҷавони прокуратураи вилояти Хатлон ба тарбияи ҳуқуқӣ дар ҷомеъа диққати зиёде дода шуда, дар 6 моҳаи аввали соли 2025 соли равон дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеъа бо мавзӯъҳои гуногуни ҳуқуқӣ бештар аз 2700 маротиба баромад намуда, тариқи васоити ахбори омма доири мавзӯъҳои ҳуқуқӣ ин кормандони ҷавон бештар аз 360 маротиба баромад намудаанд. Бешак онҳо хизмати олии худро дар тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеъа гузоштаанд.Кормандони ҷавони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти судӣ низ хизмати худро дар ин ҷода гузоштаанд. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ ва паҳн гардидани таассуб дар байни ҷавонон омили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, маърифатӣ, динӣ ва пеш аз ҳама надоштани дониши ҳуқуқӣ мебошад. Умуман хатари созмонҳои ифротгаро барои миллати тоҷик, ҷомеаи тоҷик, давлати Тоҷикистон ва аҳли башар бисёр ҷиддӣ буда, бетарафӣ ва бепарво будан нисбат ба ин падида оқибатҳои ниҳоят бад дорад. Хосатан бо дарназардошти фарҳангу анъана, шакли диндорӣ, шароити иҷтимову иқтисодӣ, сиёсиву геополитикӣ, мушкилоту хатарҳои минтақаи Осиёи Марказӣ паҳн гардидани ифротгароии динӣ мушкилоти зиёдро ба миён меорад.
Бо ҳамин маънӣ, пешниҳоди Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оиди соли 2016-ро эълон намудани «Соли ҷавонон» дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай бисёр бамаврид ва муҳим ва сари вақт қабул гашта буд. Дар ин асос маърифатнок гаштани ҷавонон дар роҳи пешгирии чунин хатарҳои глобалӣ барои ҷомеъа аҳамияти авалиндара дошта, ҷавонони мо имрӯз дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб ва нигоҳ доштани тартиботи ҳуқуқи дар ҷомеъа ва баланд бардоштани дониши ҳуқукии ҷавонони сатҳи маърифати ҳуқуқияшон паст нақши мондагор доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат ба саҳми ҷавонон дар ободию созандагии кишвар ҳама вақт дар баромадҳояшон, азҷумла дар Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати махсус медиҳанд.Азҷумла дар дар яке аз Паёми навбатии худ Роҳбари давлат чунин менигорад:
«Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеъии пешрафтаи ҷомеъа,хулоса,ояндаи давлат буда,фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад!»
Имрӯз дар ҳақиқат ба ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад, то ин қишри ҷомеа ба самти созандагӣ, бунёдкорӣ, суботофарӣ ва рушди ҷомеа сафарбар ҳама вақт майл дошта бошанд. Дар замони ҷаҳонишавии тамадунҳо майл намудани қишри алоҳида ҷавонон ба сӯи харобкорӣ, ифротгароиву тундгароӣ ва терроризм дар кишварҳои зиёди олам ҷой доранд ва бо сиёсати дурусти пешгирифтаи давлатамон метавонем, паҳншавии ин омили хатарзоро дар ҷомеъаи кишварамон пешгирӣ намоем. Барои ин кор, албатта заҳмату кӯшиши бештар, барномаи таълимӣ-маърифатии ҳуқуқии пухтаву санҷида ва сармоягузории зиёд лозим мебошад ва дар ин асос маърифати баланди ҳуқуқии ҷавонон метавонад ин омилҳои номалуби ҷомеъаро хунсо намояд.
Дар масъалаи таълиму тарбияи ҳуқуқӣ дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати ҳуқуқи насли ҷавон муқаррар намудани талаботи сахт ва ба роҳ мондани низоми нав аз корҳои муҳимтарину аввалиндараҷа ба назар мерасад. Имрӯз яке аз масъалаҳои асосии ҷавонони тоҷик ин боз ҳам марифати ҳуқуқӣ буда, боқӣ дигар мушкилиҳо ба он сахт вобастагӣ дорад ва роҳи ҳаллӣ ин соҳа аз чӣ гуна идома ёфтани раванди таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бисёр вобаста аст.
Бояд гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш бисёр бамаврид таъкид намуданд, ки Ҳукумату давлат барои рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ чизеро дареғ намедорад.
Ҷавони соҳиби маърифати баланду ҳушманд ҳам аз лиҳози рӯҳиву равонӣ омодаи шароиту воқеият ҳаст ва бештар аз он, худ ба таври мустақилона дунболи орзуву мақсадҳояш меравад.
Яке аз машҳуртарин президентҳои ИМА дар таърихи беш аз 200 солаи ин кишвар Франклин Рузвелт замоне дар як баромадаш чунин иброз намуда буд:
«Мо наметавонем ҳама вақт барои ҷавононамон ояндаеро бунёд кунем, вале метавонем ҳамеша онҳоро барои оянда омода созем». Аз ҳамин нуқтаи назар, баланд шудани маърифати ҳуқуқии ҷавонон дар роҳи волоияти қонун ва маърифаткунонии ҷомеъа дар кишвар нақши намоёне аз худ ба ҷой хоҳад гузошт. Аз ин рӯ бахусус дар соли сипаригаштаи 2024, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гашта буд, қишри ҷавони ҷомеъаи мо дар ин ҷода корҳои зиёдеро анҷом дод ва умед мебандем, ки дар оянда низ талошҳо дар ин самт зиёд хоҳанд шуд. Хосатан, дар ҳоле, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат тибқи Паёми навбатии худ ба МО Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 28-уми декабри соли 2024 ба масъалаи ташаккулдодани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон таваҷҷӯҳи хосае зоҳир намуд.
Баланд гаштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон имкон медиҳад, ки онҳо барои замони оянда ҳамчун парчамбардори миллат омода бошанду зиндагии хешро мутобиқ ба диду назар, хоставу ормони хеш бунёд намуда, обрӯву эътибори Ватани худ - Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боло бардоранд ва мояи ифтихори миллат бошанд!
Варқаи Зайниддин,ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1