16:19:04 23-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/28_--01-a-aaaaaadu-rahbar_222.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/28_--01-a-aaaaaadu-rahbar_222.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/28_--01-a-aaaaaadu-rahbar_222.jpg'

СУХАНРОНИИ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ НАВРӮЗИИ ЭРОН

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросиме барои аввалин ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Теҳрон, пойтахти Эрон, ширкат ва суханронӣ кард. Тибқи иттилоъи расонаҳои эронӣ, дар ин маросим, ки рӯзи шанбеи 27 март баргузор шуд, раисони ҷумҳурии Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Ироқ ва ҳамчунин муъовини нахуствазири Туркия ва вазири хориҷаи Озарбойҷон низ ширкат доштанд.

 

Гуфта мешавад, маросими марбут ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки аз барномаҳои мухалифе иборат аст, рӯзи якшанбе дар шаҳри Шероз, дар ҷануби Эрон идома хоҳад ёфт ва Президент Аҳмадинажод дар он ҷо суханронӣ хоҳад кард. Оқои Раҳмон зимни суханронии худ тамоми мардуми оламро, ки Наврўзро чашн мегиранд, ба муносибати ҷаҳонишавии ин иди бостонӣ ва "афзояндаи дӯстиву рафоқат" миёни фарҳангҳову тамаддунҳои гуногунро табрик гуфт.

 

Вай гуфт, ки Наврӯз пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз аст: "Аз даргоҳи Худованди карим дархост мекунам, ки иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстиву бародарӣ баҳравар кунад. Ҳамчунин Наврӯз ба истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳову бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоъидат мекунад."

 

Дар ҳамоиши наврӯзӣ дар Теҳрон роҳбарон ва намояндагони дигар кишварҳо низ суханронӣ карданд. Вазири хориҷаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, зимни суханронии худ гуфт, ки ба таври минтақаӣ таҷлил шудани иди Наврӯз ду сол қабл миёни се кишвари ҳамзабон – Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон, дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оғоз ёфта ва соли гузашта дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон идома ёфт ва имсол ба навбати баргузориаш дар Эрон Наврўз иди ҷаҳонӣ шуд.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Теҳрон бо ҳамтои эрониаш мулоқоте анҷом додааст. Зимни мулоқот оқои Раҳмон аз Эрон барои дастгирӣ ва пуштибонӣ аз нахустин иҷлоси Шўрои вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Кунфронси Исломӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, ки моҳи майи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, арзи сипос намудааст.

 

Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамтои худ даъват кардааст, ки дар ҳамоиши байналмилалии "Об барои ҳаёт – солҳои 2005-2015", ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ширкат кунад. Ба гуфтаи Махмуди Аҳмадинажод, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангӣ ва ғайра миёни Тоҷикистону Эрон ҳеч монеъае вуҷуд надорад.

 

Тибқи иттилоъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, оқои Раҳмон низ аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар арсаҳои энержӣ, зербиноҳои арсаи таробарӣ ва саноеъ изҳори қаноъатмандӣ кардааст.

 

Хамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз рафти сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтўда-2, тахсиси 5 милюн дулор барои анҷоми корҳои сохтмонии тунели "Истиқлол" ва аз оғози раванди таҳияи мустанадоти фаннию иқтисодии тарҳҳои бунёди нерӯгоҳҳои обии Шӯроб ва Айнӣ изҳори хушнудӣ кардааст. Ба гуфтаи манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, руасои ҷумҳурии ду кишвар таваҷҷӯҳи зиёде ба ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон мабзул доштаанд.

 

Руасои ҷумҳур аз ҷумла хостори суръат бахшидан ба таҳияи тарҳҳои сохтмони роҳи заминӣ миёни Тоҷикистону Эрон аз тариқи қаламрави Афғонистон шудаанд, ки масири он аз Панҷи Поён шурӯъ шуда ва аз тарифи Қундуз–Пули Хумрӣ–Мазори Шариф–Шибирғон–Маймана–Ҳирот ба Машҳад мерасад,

 

Онҳо тарҳи бунёди роҳи оҳан дар масири Румӣ–Панҷи Поён–Қундуз–Мазори Шариф–Ҳирот–Машҳад ва кашидани хатти интиқоли барқи Роғун–Сангтўда–Мазори Шариф–Ҳирот–Машҳадро низ баррасӣ кардаанд. Манобеъи дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафараш ба Эрон бо Алии Хоменаӣ, раҳбари Эрон, низ дидор ва гуфтугӯ мекунад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2008-2010-03-28-12-39-40.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ