12:23:15 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАСҶИДИ МАҲАЛЛАИ ЗАРАФШОН БАСТА ШУД

 

 Маъмурони амниятӣ шаби гузашта масҷиде дар маҳаллаи Зарафшон, дар ҳумаи ғарби пойтахти Тоҷикистонро баста ва теъдоде аз намогузоронро боздошт кардаанд.

Ин масҷид дар гузашта дар миёни сокинони шаҳри Душанбе бештар ба унвони "масҷиди салафиҳо” ё “масҷиди мулло Сироҷиддин” шӯҳрат дошт. Манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ин ҳодиса изҳори беиттилоъӣ карданд. Вале манобеъи Вазорати кишвар мегӯянд, ки баста шудани фаъолияти ин масҷид ба амалиёти маъмурони амниятӣ рабт дорад.

Ба гуфтаи Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати кишвари Тоҷикистон, нерӯҳои пулис дар ин амалиёт ба маъмурони амниятӣ мусоъидат кардаанд, вале аз натоиҷи он иттилоъ надоранд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, ҳудуди соъати нӯҳи шоми рӯзи сешанбеи 23 июн маъмурони амниятӣ ва пулис бо чанд утубус ба маҳаллаи Зарафшон ворид шуда ва масҷиди воқеъ дар ин маҳаллро ба иҳотаи худ даровардаанд.

Сипас, ба гуфтаи онҳо, куллияи намозгузорон бо утубус ба боздоштгоҳ интиқол шудаанд. Вале рӯшан нест, ки оё дар миёни афроди боздоштшуда худи мулло Сироҷиддин низ, ки бархе ӯро ба салафигарӣ мутаҳам мекунанд, буда ё хайр.

Дар ҳоле ки манобеъи пулис теъдоди боздоштшудагон дар ин амалиётро 40 нафар арзёбӣ кардаанд, бархе аз шоҳидони айнӣ теъдоди ин афродро ҳудуди сад нафар хонданд.

Онҳо гуфтанд, ки маъмурони давлатӣ атрофи масҷидро ба иҳота гирифта буданд ва намегузоштанд, ки касе аз намозгузорон берун равад. Шоҳидони айнӣ афзуданд, ки дар миёни боздоштшудагон кӯдаконе низ буданд, ки барои адои намоз аз маҳаллоти мухталифи шаҳр ба ин масҷид омада буданд.

Ба гуфтаи онҳо, аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе волидони бархе аз ин кӯдакон ба маҳалли ин масҷид омада ва аз сокинони манозили атроф дар бораи фарзондони худ иттилоъ ҷамъ мекарданд.

Зимнан, дар моҳи январи соли ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон бо судури мусаввабае фирқаи салафия дар ин кишварро мамнӯъ эълом кард. Он замон таъкид шуд, ки ин амр бо дархости Додситонии кулл сурат гирифтааст.

Ин дар ҳолест ки дар як соли ахир баҳсҳо дар бораи наҳваи намозгузории бархе аз ҷавонони таҳсилкарда дар кишварҳои арабӣ, ки худро салафӣ медонанд, дар миёни пешвоёни дин дар Тоҷикистон шиддат гирифта буд.

Ҳамчунин мушоҳида мешуд, ки пайравони фирқаҳои салафӣ ва ҳанафӣ, мазҳаби аслии пайравони ислом дар Тоҷикистон, дар шаҳрҳои бузург дар масоҷиди ҷудогона намоз мегузоранд. Ҳамчунин иддае аз руҳониёни саршинос аз ин ду гурӯҳ ҳамдигарро ба низоъангезӣ муттаҳам кардаанд. 

Агар пайравони фирқаи салафӣ будани афроди боздоштшуда дар ҷараёни амалиёти шаби гузаштаи ниҳодҳои амниятӣ таъйид шавад, пас барои бори нахуст хоҳад буд, ки ҷонибдорони фирқаи салафӣ дар Тоҷикистон мавриди таъқибу муҷозот қарор мегиранд. Тибқи қавонини Тоҷикистон афроди мазнун ба пайравӣ ва узвият дар фирқаи салафӣ то дувоздаҳ сол ба зиндон маҳкум мешаванд. Вале бори нахуст нест, ки пайравони гурӯҳҳои мухталифи исломӣ дар Тоҷикистон боздошт мешаванд.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ маъмурони амниятӣ дар масҷиди мавсум ба "Умари Форуқ" дар маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе ҳудуди 150 нафарро, ки гӯё пайравони гурӯҳе мавсум ба “Ҷамоъати таблиғ” будаанд, боздошт карда буданд.

Сипас, бархе аз пайравони ин гурӯҳ дар вилояти Хатлон низ боздошт шуданд. Мақомоти Вазорати кишвар эълом карда буданд, ки бештари ин афрод баъдан аз боздоштгоҳ озод шуданд, вале алайҳи чанд тан аз онҳо барои узвият дар гурӯҳҳои мамнуъи исломӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи масъулони вазорати кишвар, тибқи ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон “Ҷамоъати таблиғ” дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом шудааст ва узвият дар он ҷурм маҳсуб мешавад.

Зимнан, дар ин авохир теъдоди афроде, ки ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мамнӯъи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт мешаванд, низ дар ҳоли афзоиш будааст.

BBC 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi