15:55
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВИКТОР ИВАНОВ
Мақолаҳо - Сиёсат
01.07.2010 11:42

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти назорат бар маводи мухаддири Русия мулоқот кард. Номи Виктор Иванов ба далели ибрози андешаҳояш роҷеъ ба бозгашти марзбонони рус ба ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар маҳофили Тоҷикистон матраҳ аст. Дар мулоқоти мазкур, ба сурати умум, наҳваи мубориза бо маводи мухаддир ва ҳамоҳангии талоши ду ҷониб дар ростои ҷилавгирӣ аз қочои он мавриди баррасӣ мебошад.

 

Виктор Иванов, қаблан чандин навбат иброз дошта буд, ки марзбонони Русия бояд дубора ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистонро бар ӯҳда бигиранд. Ба ақидаи оқои Иванов, бозгашти нерӯҳои русӣ ба марз метавонад аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ба Русия ҷилавгирӣ кунад.

 

Аммо маълум нест, ки дар мулоқоти дар ҳоли ҷараён миёни Раҳмон ва Иванов масъалаи бозгашти нерӯҳои русӣ низ матраҳ ҳаст ё не. Виктор Иванов ба манзури ширкат дар нишасти шӯрои ҳамоҳангсози ниҳодҳои муборизакунанда бо маводи мухаддири кишварҳои узви СПАД ба Душанбе омадааст. Ин нишаст қарор аст, рӯзи ҷумъаи 2-юми июл дар шаҳри Душанбе доир шавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2585-2010-07-01-06-44-47.html

 

Миқдори нигориши мавод: 272

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh