15:56
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
ТОҶИКИСТОН БА ҚИРҒИЗИСТОН КУМАКИ НИЗОМӢ МЕКУНАД
Мақолаҳо - Сиёсат
02.07.2010 16:58

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот бо дабири кулли Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа феҳрасти кумакҳои низомии Тоҷикистон ба Қирғизистон дар чаҳорчӯби ин созмонро ироа кардааст. Дар ин бора аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар доданд. Вале дар мавриди он, ки кумаки низомии Тоҷикистон аз чӣ иборат хоҳад буд, то ин лаҳза иттилоъе пахш нашудааст.

 

Николай Бордюжа, дабири кулли СПАД, пас аз дидор ва гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон эълон кард, ки дар ин мулоқот натоиҷи боздиди ӯ аз манотиқи хушунатзадаи Қирғизистон ва чораҳои фаврӣ барои таъмини субот ва амният дар ин кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

 

Ба гуфтаи Бордюжа, Эмомалӣ Раҳмон итминон додааст, ки Тоҷикистон то ҳадди имконе, ки сохторҳои низомияш дорад, ба Қирғизистон кумаки худро ироа хоҳад кард. Ҷаноби Бордюжа афзуд, "мо ҳатто наҳваи кумаки низомӣ ба Қирғизистон ва масъалаи ба кадом ниҳодҳои ин кишвар супурдани аслиҳа ва дигар лавозимоти низомиро баррасӣ кардем".

 

Тарҳи кумакҳои низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Қирғизистон 14-уми июн дар нишасти изтирории дабирони Шӯрои амнияти ин созмон дар Маскав омода шуда буд. Тибқи ин тарҳ, кишварҳои узви СПАД, ба хусус Русия ва Қазоқистон, ба мақомоти амниятии Қирғизистон чархболҳо, зиреҳпӯшҳо, мошинҳои боркаши низомӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти фаннӣ ироа хоҳанд кард. Вале дар ин нишасти изтирорӣ Созмони Паймони амнияти дастҷамъӣ эълон намуд, ки нерӯҳои посдори сулҳро ба Қирғизистон ворид нахоҳад кард.

 

Николай Бордюжа дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе вазъи феълии ҷануби Қирғизистонро рӯ ба беҳбуд номид ва гуфт, дар ҷараёни боздид аз вилоятҳои Уш ва Ҷалолобод шоҳиди бозгашти гурезаҳо ва эътидоли вазъ дар ин манотиқ шудааст. Вале, ба гуфтаи ӯ, имкони дубора сар задани нооромиҳо вуҷуд дорад. Вай тарҳи кумаки низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ба Қирғизистонро барои таъмини амният ва коҳиши ташаннуҷ дар ин кишвар хеле муҳим хонд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2595-2010-07-02-12-02-41.html

Миқдори нигориши мавод: 331

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh