16:29
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
СӮҲРОБ ШАРИФОВ: УЗБАКИСТОН БОЯД СИЁСАТИ ХУДРО ТАҒЙИР ДИҲАД
Мақолаҳо - Сиёсат
15.07.2010 19:06

Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Узбакистон бояд муносиботи худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла бо Тоҷикистонро бознигарӣ кунад. Ӯ гуфтааст, ҳаводиси Қирғизистон зарурати ин амрро собит кардааст. Оқои Шарифов дар ин бора имрӯз дар ҷамъи хабарнигорон дар шаҳри Душанбе зимни як нишасти матбуотӣ изҳори назар кардааст.

 

Сӯҳроб Шарифов гуфтааст, пас аз ҳаводиси Қирғизистон доираҳои сиёсии Узбакистон бояд ҷиддӣ сари вазъи минтақа андеша кунанд ва бархурд ба ҳамсоякишварҳоро тағйир бидиҳанд. Бино ба иттилои хабаргузории «Авесто», раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон сиёсати Узбакистонро яке аз омилҳои сар задани нооромиҳо дар ҷануби Қирғизистон унвон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳаводиси Қирғизистон собит кард, ки дар Осиёи Марказӣ ягон кишвар пешво нест ва ҳарфи аввалро дар ин минтақа абарқудратҳо мегӯянд.

 

Ҷаноби Шарифов таъкид кардааст, ки мушкили аслии равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбакистон эҷоди монеаҳо барои транзити қаторҳо тавассути қаламрави Узбакистон боқӣ мемонад. Ва дар пайи ин мушкил Тоҷикистон талош дорад роҳҳои алтернативии автомобилгард ва роҳи оҳанро ифтитоҳ кунад, ки боиси «нороҳатии иддае аз абарқудратҳо» шудааст.

 

Сӯҳроб Шарифов ба ин ақида аст, ки кишварҳои минтақа бояд барои таъмини суботу амният як созмони муштараки ҷилавгирӣ аз нооромиҳоро таъсис дода шавад. Сӯҳроб Шарифов ҳамчунин гуфтааст, қувваҳое вуҷуд доранд, ки талош мекунанд, ҳамаи минтақаи Осиёи Марказиро ба минтақаи доғ ва саҳнаи низоъ табдил кунанд, аммо ба сурати дақиқ аз кадом қуввахи хосе ном набурдааст.

 

Гуфтанист, айни ҳамин матлабро, ду рӯзи пеш Исфандиёр Раҳими Машоӣ, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Эрон низ зимни натиҷагирӣ аз сафараш ба Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки абарқудратҳо дар пайи роҳандозии низоъ ва хушунат дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд. Аммо Сӯҳроб  Шарифов, ҳамзамон таъкид кардааст, ки субот ва амнияти комил дар Тоҷикистон таъмин аст ҳеҷ қуввае қодир ба халалдор намудани авзои сиёсӣ дар Тоҷикистон нест.  

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2687-2010-07-15-14-08-12.html

 

Миқдори нигориши мавод: 303

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh