| ИСЛОМОБОД ХОСТОРИ ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРӢ БО ДУШАНБЕ ШУД |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 29.07.2010 13:37 | |||
|
Сафири Тоҷикистон дар Исломобод мегӯяд, нахуствазири Покистон сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро қаноатбахш намедонад ва изҳори итминон кардааст, ки ин ҳамкориҳо тақвият хоҳад ёфт.
Нахуствазири Покистон ба як гурӯҳи тоҷирони ин кишвар дастур додааст, барои омӯзиши тарҳи корхонаи нави семент ба Тоҷикистон сафар кунанд ва интизор меравад ин гурӯҳ рӯзҳои наздик вориди Душанбе шавад.
Дар ин мулоқот ҳамчунин сохтмони роҳи автомобилрави миёни ду кишвар аз тариқи долони Вахон, додани замин барои Тоҷикистон дар бандари Гвадари Карочӣ ва дар Пешовар баррасӣ шуд. Тоҷикистон мехоҳад дар ин ду минтақа терминалҳои гумрукӣ бисозад ва онҳоро барои амбор кардан ва ҳамлу нақли колоҳои худ аз роҳҳои обӣ ва сипас тавассути қаламрави Покистон истифода кунад.
Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар иваз ба гузоштани замин дар ихтиёри Тоҷикистон барои сохтмони терминал дар Покистон, ҷониби Тоҷикистон имкон медиҳад, ки Покистон дар сохтмони корхонаҳои семент ва соири корхонаҳои саноатии Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад. Таҳсили ҷавонони тоҷику покистонӣ дар кишварҳои якдигар низ яке дигар аз масъалаҳои мавриди баҳс дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо нахуствазири Покистон буд.
Тоҳири Сафар, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2787-2010-07-29-08-39-38.html
|











