| ЗАРИФӢ: ТОҶИКИСТОН АЗ БАРНОМАИ ҲАСТАИИ ЭРОН ҶОНИБДОРӢ МЕКУНАД |
| Мақолаҳо - Сиёсат | |||
| 29.07.2010 17:26 | |||
|
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки Эрон дар Тоҷикистон як силсила барномаҳои иқтисодиро роҳандозӣ ва сармоягузорӣ мекунад ва аз ҷумла изҳори итминон кардааст, ки нерӯгоҳи Сангтӯда - 2 то соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ сохта мешавад.
Дар ду моҳи пеш Шӯрои Амнияти СММ даври чоруми таҳримҳо алайҳи Эронро ҷорӣ намуд. Ин таҳримҳо ба манзури даст барноштани Эрон аз барномаи баҳсбарангези ҳастаияш мебошад. Кишварҳои ғарбӣ даъво доранд, ки Эрон таҳти пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаӣ, қасди тавлиди силоҳи ҳастаиро дорад. Аммо Эрон ҳамвора инро рад карда ва гуфтааст, ки барномаи ҳастаияш дар ростои баровардани ҳадафҳои сулҳомез, барои тавлиди нерӯ ва низмандиҳои пизишкист.
Ба думболи СММ, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо низ таҳримҳои якҷонибаеро алайҳи Эрон ҷорӣ намуданд. Ин таҳримҳо бастани ҳисобҳои бонкии ширкатҳои вобаста ба барномаи ҳастаии Эрон, манъи фурӯши силоҳ он кишвар ва соир маҳдудиятҳоро барои мақомоти эронӣ пешбинӣ мекунад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2790-2010-07-29-12-28-06.html
|











