РАҲМОН: "ФАРЗАНДОНИ ХУДРО АЗ МАДОРИСИ ХОРИҶӢ БАРГАРДОНЕД"
Президент Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки фарзандони худро, ки дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд, бозгардонанд. Вай дар сӯҳбат бо сокинони ноҳияи Фархори вилояти Хатлон гуфт: "Онҳо ҳама терурист ва экстремист (ифротгаро) мешаванд." Гузашта аз ин, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор дод, ки дар оянда муҳассилини мадрасаҳо дар хориҷи кишвар "хоинони ватан мешаванд." Оқои Раҳмон афзуд: "Волидайн ба хотири дар оянда сарватманд шудани фарзандон онҳоро барои таҳсил ба мадрасаҳо мефиристанд, вале дар он ҷо онҳо терурисм ва экстремисм омӯзиш мебинанд."
Вай хабар дод, ки давлати Тоҷикистон бо бархе аз кишварҳои исломӣ барои бозгардондани ин ҷавонон вориди музокира шудааст. Эмомалӣ Раҳмон афзуд: "Дар мо донишкадаи давлатии исломӣ вуҷуд дорад, бигзор дар ҳамин ҷо таҳсил кунанд. Агар даркор шуд, кумитаи дин теъдоди зарурии ҷавононро ба мадрасаҳое мефиристонад, ки мо мутмаин ҳастем дар он ҷо ҷавонон танҳо омӯзиши мазҳабӣ мебинанд."
Аз сӯйи дигар, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз ниҳодҳои амниятӣ, интизомӣ ва сохторҳои маҳаллӣ даъват кард, ки назорат бар фаъолияти масоҷид дар дохили кишварро тақвият диҳанд. Ин дар ҳолест, ки тайи чанд соли ахир, ба гуфтаи коршиносон, фишорҳои давлат бар мазҳабиён афзоиш ёфта ва теъдоде аз масоҷид, ки давлат онҳоро ғайрирасмӣ меномад, баста шудаанд.
Вазири маъорифи Тоҷикистон ва сафири ин кишвар дар Покистон борҳо аз шароити будубоши донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаҳои динии ин кишвар изҳори нигаронӣ карда ва хостори бозгардондани онҳо шудаанд. Ҳикматулло Сайфуллозода, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зимни шарҳи изҳори назари оқои Раҳмон гуфт, ки раиси ҷумҳур аз ҳаққи ибрози назар дар бораи ҳар гуна масоил бархурдор аст.
Вале ба гуфтаи вай, чунин ба назар мерасад, ки "ба раиси ҷумҳур иттилоъи носаҳеҳ пешниҳод кардаанд." Зеро, ба гуфтаи вай, наметавон гуфт, ки куллияи муҳассилини мадориси динӣ терурист ё ифротгаро мешаванд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонини Тоҷикистон, танҳо додгоҳ метавонад ҳукм кунад, ки як нафар терурист ё ифротгаро буда ва дар иртикоби ҷароиме даст дорад.
Оқои Сайфуллозода изҳори назари ахири Президент Раҳмонро навъе талош барои маҳдудсозии ҳаққи ҷавонон ба таҳсил, бавижа омӯзиши мазҳабӣ, медонад. Аз сӯйи дигар, ин масъули ҲНИТ ин суолро матраҳ кард, ки чаро оқои Раҳмон ин мавзӯъро зимни дидори худ аз ноҳияи Фархор ба миён гузошт? Ба эътиқоди оқои Сайфуллозода, афзоиши мизони таҳсили ҷавонон дар мадрасаҳо дар ин минтақа чандон эҳсос намешавад.
Вале Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки раванди таҳсил дар марказҳои исломӣ дар хориҷ аз кишвар хосси ҳамаи манотиқи Тоҷикистон аст. Вай гуфт, ки ҳоло мақомот ҳатто иттилоъи дақиқеро дар бораи теъдоди чунин ҷавонон дар ихтиёр надоранд. Зеро, маъмулан ин ҷавонон барои муҳоҷират ба Русия мераванд ва сипас озими кишварҳои исломӣ мешаванд.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар донишгоҳи Алазҳари Миср расман ҳудуди 500 ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд, вале манобеъи ғайрирасмӣ аз вуҷуди беш аз 2000 ҷавони тоҷикистонӣ дар ин ҷо хабар медиҳанд. Теъдоди зиёди ҷавонони тоҷик ҳамчунин дар садорис ва марказҳои исломии Арабистони Саъудӣ, Яман, Эрон ва Покистон таҳсил мекунанд. Дар ду соли ахир теъдоди андаке аз онҳо барои иқомати ғайриқонунӣ аз Миср, Эрон ва Покистон ихроҷ ва ба Тоҷикистон фиристода шудаанд.
Соли гузашта ниҳодҳои интизомиии Афғонистон ҳудуди 15 ҷавони тоҷикро дар Қундуз боздошт ва ба Тоҷикистон бозгардонданд. Ин ҷавонон, ки аз марз ба таври ғайриқонунӣ убур карда буданд, қасд доштанд дар мадрасаҳои Покистон ба омӯзиши мазҳабӣ машғул шаванд.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ки кайфияти таҳсилоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон на ҳамаи алоқамандонро метавонад қонеъ созад. Гузашта аз ин, ба иттилоъи вай, ҳарчанд дар мактабҳои мутавассити Тоҷикистон аз як сол пеш ба ин сӯ омӯзиши дарси "Маърифати ислом" роҳандозӣ шуда, вале то ҳол китоби дарсӣ барои ин фан мунташир нашудааст.
Вале Фаридун Ҳодизода бар ин назар аст, ки эҳтимоли омӯзиши ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои хориҷӣ бар тибқи ҷараёнҳои ифротгаро имкон дорад. Вай гуфт: "Бештари ҷавонони тоҷик ба таври ройгон аз ҳисоби шайхҳо таҳсил мекунанд, ки онҳо аҳдофи дигареро низ дунбол мекунанд."
Оқои Ҳодизода афзуд, ки воқеъан афзоиши теъдоди ҷавонони тоҷик, ки барои таҳсилоти маҳзабӣ ба кишварҳои исломӣ мераванд, ба мушкиле ҷиддӣ табдил ёфтааст, вале ҳалли он аз роҳи маҳдудсозӣ душвор ба назар мерасад. Ва даъвати Президент Раҳмон ба волидайни ин ҷавонон низ муассир нахоҳад буд, зеро онҳо баъид аст, ки ба ҳарфҳои падару модари худ гӯш диҳанд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматулло Сайфуллозода аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки даъвати Раҳмон барои маҳдуд сохтани шароити таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ паёмадҳои иқтисодие низ ба дунбол хоҳад дошт.
Вай гуфт: "Дар сатҳи давлатӣ мушкиле нахоҳад буд, зеро раҳбарони кишварҳои исломӣ низ ба шеваи давлати Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Вале дар пайи чунин изҳорот ҷазби сармояи хусусӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон душвор хоҳад шуд."
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2969--q-----q.html
Шарҳҳо
RSS Обуна