15:41
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
НИГАРОНИИ КАБИРӢ АЗ БАРХӮРДИ ҲУКУМАТ БА ҲНИТ
Мақолаҳо - Сиёсат
01.09.2010 20:11

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз тағйири муносибати ҳукумати кишвар ба ҳизб изҳори нигаронӣ кард. Ин нукта дар мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, баён шудааст. Раиси ҲНИТ баъд аз мулоқот ба хабарнигорон гуфт, муносибати ҳукумати Тоҷикистон ба ин ҳизби исломӣ баъд аз интихоботи парлумонӣ дар кишвар тағйир хурдааст ва рӯз аз рӯз шадидтар мешавад. Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки сабаби сардии ҳукумат ба ҳизби исломиро намедонад.

 

Ҷаноби Кабирӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳукумат байни исломиёни тундрав ва муътадил фарқ бигузорад ва муносибат ба Ҳизби наҳзати исломиро беҳтар кунад. Мулоқоти ёвари вазири хориҷаи Амрико бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи дидор ва гуфтугӯи ӯ бо раисиҷумҳури кишвар сурат гирифт. Дар мулоқотҳои Роберт Блейк бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон аз дирӯз то ба имрӯз масоили амнияти марзҳо, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва соҳаи кишварзи аз мавзӯъҳои калидӣ буд.

 

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз бузургтарин кӯмаккунандаи Тоҷикистон аст ва аз соли 1992 ба ин тараф як миллиард доллари амрикоӣ кӯмаки билоивазро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст. Оқои Блейк пас аз мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, кишвараш ҳаҷми кӯмакҳояш ба Тоҷикистонро 10 дарсад афзоиш додааст.

 

Тибқи иттилоъи сафорати ИМА дар Душанбе, соли гузашта ҳукумати Амрико барои барномаҳояш дар Тоҷикистон 59 миллион доллар харҷ карда буд ва ин рақам имсол ҳудуди 66 миллион доларро ташкил мекунад. Ин маблағҳо ба таҳкими марз, ислоҳоти адлия ва қонунгузорӣ, беҳбуди стандартҳои зиндагӣ, рушди иқтисод ва кӯмакҳои башарӣ равона шудаанд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3025-2010-09-01-15-13-41.html

 

Миқдори нигориши мавод: 403

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh