ЯТИМОВ БА ҶОИ АБДУРАҲИМОВ
Барканории Хайриддин Абдураҳимов бо се муовинаш аз раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва интисоби ду нафари наздик ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарии ин ниҳод аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ, ба як мавзӯъи аввали вирди забони маҳофил табдил шудааст. Албатта, дар баробари боздошти Иброҳим Насриддинов, маҳбуси собиқи Гуантанамо ва яке аз тарроҳони фирори пурсарусадои 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амният.
Ба назари аксар, маҳз ҳамин “фирори аср” ба карйераи Абдураҳимов ва муовинонаш нуқта таммат гузошт. Вале бо омадани Саидмӯъмин Ятимов, сафири собиқи Тоҷикистон дар Брюссел, оё метавон мунтазири кадом ислоҳоти решаие дар фаъолияти ин баландтарин ниҳоди амниятии кишвар шуд?
ДУ ХАБАРИ ПУРСАДО
Хабари барканории Хайриддин Абдураҳимов бо се муовинаш ва интисоби Саидмӯъмин Ятимов ба раҳбарии кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар рӯзи 11-уми фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита тақрибан ҳамзамон бо хабари боздошти нафари нахустин аз ин маҳбусони фирорӣ дар канори шаҳри Ваҳдат нашр шуд. Ва боз чӣ нафаре! Маҳбуси собиқи зиндони амрикоии Гуантанамо Иброҳим Насриддинов, ки баъди раҳоияш аз он боздоштгоҳ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, яке аз се созмондиҳандаи зиндоншикании шаби 23 август шумурда мешавад.
Муҳаммадҷон Назриев, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон: “Аз ҷониби кормандони вазорати умури дохилӣ, дар самти ноҳияи Файзобод Насриддинов Иброҳим Раҷабович, соли таваллудаш 1974, зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон дастгир ва безарар карда шуд, ки аз ӯ як туфангча ва як норинҷак мусодира карда шуд. Дастгиршуда бо моддаҳои 32, яъне сӯъиқасд ба куштор, моддаи 104(куштор) ва 195(ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ доштани яроқи оташфишон) ба мӯҳлати 23 сол ҳукм ба зиндон шуда буд.”
ҲАЛҚА БЕ ФИРОР ҲАМ ТАНГ ШУДА БУД
Сарусадоҳо дар бораи имкони истеъфои Хайриддин Абдураҳимов дар Душанбе ҳанӯз чанд моҳ қабл аз фирори маҳбусон дар пайи боздошти яке аз наздикони ӯ - муовини фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон Саймуддин Мирзоев бо иттиҳоми гирифтани ришва ба маблағи 15 000 доллар баланд шуда буд. Нозирони умур мегуфтанд, ки ҳалқа дар гардани Абдураҳимов батадриҷ тангтар мешавад ва ғолибан бо барканории ӯ аз мақом анҷом хоҳад шуд.
Вале тунд шудани талотум ва маҷрои ҳодисот баъд аз фирори маҳбусон кори вазири амният ва муовинонашро дар ҳамагӣ 11 рӯз тамом кард. Ин қазия барои афрод ва гурӯҳҳои фурсатҷӯ ва ҷоҳталаб аз ҷумла дар дохили худи кумитаи амният низ фурсате дигар дод, ки беибо ба ғарқ кардани Абдураҳимов ва тими ӯ бипардозанд.
САРТАРОШӢ ҚАБЛ АЗ ФИРОР
Ангушти иттиҳом ба сӯи ҳамдигар баланд кардани ниҳодҳои мухталифи интизомӣ дар роҳи ҷустуҷӯи гунаҳкори фирори ин 25 маҳбус амре оддӣ шуд ва намунаи барҷастааш ҳам сухангӯи идораи зиндонҳои вазорати адлия Парвин Ализода буд, ки дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ масъулияти он “фирори аср”-ро бо таъбирҳое хеле шоирона ба дӯши масъулини кумитаи амният гузошт. Ниҳоде, ки ба ишораи хонум Ализода, давлати Тоҷикистон амнияташро ба дасти он супурдааст.
Парвин Ализода аз ҷумла гуфт: “Аз соати 22.10 то 1.20 маҳбусон бепарво ришу фашу мӯйи сарҳояшонро тозаву батартиб оварданд, либосҳои низомӣ пӯшиданд, аслиҳаи ғаниматро ба мошинҳо ҷо ба ҷо намуданд. Ин масъала, ки онҳо чӣ гуна аз мавҷудияти анбори силоҳ дар СИЗО хабар доштанд, чунучароҳои зиёдеро ба дунбол дорад. Вуҷуди амбори аслиҳа дар дохили СИЗО магар мумкин аст? Чунин ба назар мерасад, ки барои зиндоншиканҳо чунин илтифотро раво дида бошанд, то онҳо бидуни заҳмат аслиҳаву либосҳои низомии дилхоҳашонро муфту ройгон ба каф оварда, ба сӯди фирор истифода кунанд.”
ПОСУХИ ДАВЛАТ БА ҚАЗИЯ
Генерал-полковник Хайриддин Абдураҳимов, ки 54 сол дорад ва донишкадаи омӯзгории Душанбеву мактаби олии КГБ-и СССР-ро хатм карда, аз соли 1999, инак 11 сол боз раҳбарии кумита, қаблан вазорати амниятро бар ӯҳда дошт, ҳамроҳ бо се муовинаш - Қосим Ғаффоров, Аҳтамшоҳ Саидшарифов ва Хуршед Хайраков – дуруст дар рӯзи 11-уми фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи ин кумита, воқеъ дар дохили боздоштгоҳи рақами аввали Душанбе аз мақом рафт.
Генерали мустаъфии тоҷик Абдуллоҳ Ҳабибов барканории Абдураҳимовро баҳои раҳбарони давлат ба қазияи фирори маҳбусон ва иқдоме дуруст мешуморад: “Чунки ин ашхос аз ӯҳда кор набаромаданд ва бо амале, ки ҷой дорад, ба обрӯву эътибори давлати Тоҷикистон хеле халалдор шуд, паст рафт.”
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стротежӣ, ниҳоди вобаста ба дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон низ мӯътақид аст, ки истеъфои раҳбарони кумита хулоса ва натиҷаи мантиқии фаъолияти онҳост: “Агар дар сатҳи поёнии ҳар идорае воқеае рух диҳад, масъулият бояд ба гардани шахсони аввал бошад. Инҷо шубҳае ҳам буда метавонад ва тамоми мардум инро гуфта истодааст. Аммо таъкид кунам, ки ҳамаро саросар муҷозот намекунанд. Худи Ятимов ҳам муовин буд, вале ӯро барканор накарданд. Онҳое ки ба ин қазия дахл доштанд, онҳо ҷазо мегиранд, на тамоми идораи амният.”
АЙБ ДАР ФАСОД АСТ, НАФАҚАТ ДАР АБДУРАҲИМОВ
Вале ба бовари таҳлилгари тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, решаи қазия хеле амиқтар аз иштибоҳҳои шахсии Абдураҳимов ва муовинони ӯст, балкӣ об аз дардҳои рештари ҷомиа мехӯрад: “Ин ду ҷиҳат дорад. Аввал ин ки омил ва сабабҳои ҳодиса аз мушкилоти умумии давлатдорӣ бармеояд, яъне идоранашаванда будани фасод, камбудиҳо дар амалӣ гардондани сиёсати кадрӣ, маҳаллгароӣ ва харидуфурӯш шудани ҳама гуна арзишҳо. Сониян, бархе рақобатҳои носолим миёни Абдураҳимов ва собиқ роҳбарони зинаҳои Хатлон ва ҷумҳурии мақомоти амният.”
АММО ЯТИМОВ
Саидмӯъмин Ятимов, раиси нави кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 55 сол ва 5 фарзанд дошта, соли 1976 донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва соли 2003 бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллиро хатм карда, ва доктори улуми сиёсист. Ӯ то соли 1992 дар ҳукумати ноҳияи Фархор мудири шӯъба буд, баъдан ба ҳукумати вилояти Хатлон ва аз соли 1996 ба кори дипломатӣ гузашт. Аз соли 2000 то 2005 муовини вазири амният, сипас муовини аввали вазири хориҷа ва аз соли 2007 сафири Тоҷикистон дар Брюссел, дар мақари созмонҳои пурнуфузе, чун ИА ва паймони низомии НАТО буд. Моҳи майи имсол ба Душанбе баргашт ва дубора муовини вазири амният таъйин шуд.
УМЕДҲО ЗИЁДАНД
Интизорот аз раиси нави кумитаи амнияти миллӣ ба сурати умум гарму мусбат аст. Таҳлилгарон ба чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла инглисӣ балад будани Саидмӯъмин Ятимов, таҷрубаи кораш ҳам дар кумитаи амният ва ҳам дар ниҳодҳои дипломатӣ, аз ҷумла 3 соли сафирӣ дар Брюсселро аз имтиёзҳои ӯ медонанд, вале мегӯянд, ки Ятимов дар ҳоле ба раёсати кумитаи амният омад, ки зарурати ислоҳоти куллӣ дар кори ин ниҳоди асосии амниятии Тоҷикистон дигар як амре воҷиб шудааст.
Сайфуллоҳ Сафаров аз Маркази таҳқиқоти стротегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд: “Саидмӯъмин Ятимов дар дохили ҳамин кумита тарбия ёфтааст, кадри бевосита амниятӣ мебошад. Ба ғайри ин, як шахси хеле принсипиалӣ, дақиқкор ва қотеъ аст. Ва шояд дар ҳамин давраи сахт омадани чунин шахс тартиботро дар ин система хуб кунад, чунки масъалаҳои хеле зиёде дар ҳар вазорати мо ҳаст, аз ҷумла дар кумитаи амният ҳам. Масъалаи кадрҳо ҳаст, масоили дигари мушкиле ҳаст, ки онҳоро бояд Ятимов бо таҷруба ва донишу фаҳмише, ки дорад, ҳалл кунад, то давлати Тоҷикистон аз нигоҳи амниятӣ аз ҳама гуна хафву хатар эмин бошад.”
“ҒАРБӢ”-И СЕВВУМ ДАР ҲУКУМАТ?
Хабарнигори тоҷик Хуршеди Атовулло ба як паҳлуи дигари масъала низ ишора мекунад ва мегӯяд, баъд аз Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷа Саидмӯъмин Ятимов севвумин нафаре дар кобинаи вазирони Тоҷикистон шуд, ки баъд аз кори дипломатӣ дар Ғарб вориди ин кобина шудааст: “Вақте ки Ҳамроҳхон Зарифӣ ба мақоми вазири хориҷа омад, хеле гарм истиқбол шуд ва собит ҳам кард, ки яке аз беҳтарин вазирҳои ҳукумати феълист. Ва имрӯз ҳам, ки аз Ятимов ҳамчун аз як шахси хеле фарҳангӣ ва донишманд, ки доктори илмҳои сиёсист, ном мебаранд, фикр мекунам, ин шояд идомаи ҳамон сиёсати табдили насли кӯҳна бо насли нав ва андешаи қадим бо андешаи ҷадид бошад.”
Таҳлилгар Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, Абдураҳимов ва Ятимов ба сурати умум аз ҳамон як клани ҳоким намояндагӣ мекунанд, вале ӯ умедвор аст, ки раиси нав худро аз манфиатҳои танги гурӯҳиву маҳаллӣ болотар бигирад: “Чун як давраи муайян Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалии аврупоӣ муаррифӣ кард, умедворем, кӯшиш мекунад, ки дар фаъолияти кумитаи амният шаффофиятро таъмин карда ва самарабахшии фаъолияташро дурусттар ба роҳ гузорад.”
ЧИЗЕ ДИГАР НАХОҲАД ШУД
Амнияти Абдулназар, таҳлилгари масоили амниятӣ аммо зиёд бовар надорад, ки ин тағйироти кадрӣ ба ислоҳоти ҷиддие дар низоми амниятии Тоҷикистон мунҷар шавад: “Ин кумита аз нигоҳи сифат ва тахассус рабте бо КГБ-и замони Шӯравӣ надорад. Дар кумитаи амният интихоби кадр аз рӯи садоқат ба раҳбари ин ниҳод ваё аз рӯи маҳаллу шиносбозӣ асту халос. Мутахассисони хуб изамони шӯравӣ аз сабаби фишор кумитаро тарк гуфтанд. Ва имрӯз бовар дорам, ки бо ин ҷоийивазкунӣ тағйире ба амал нахоҳад омад. Меъёри интихоб дар ин ниҳод ҳамчунон на тахассус, балкӣ аз кадом маҳалл будан ва садоқат ба ин ё он фард аст.”
Бо ин ҳол, ба эътиқоди аҳли назар, кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, боқӣ ниҳодҳои амниятиву интизомии кишварро ислоҳоти ҷиддие лозим ҳаст, ки бояд акнун бо дасти оқои Ятимов анҷом шавад. Сарҳанги мустаъфӣ Абдуқодир Қосимов мегӯяд, фирори маҳбусон фақат як пораи ба чашм намоёни кӯҳяхи мушкилоти кумитаи амният буд. Сарҳанги мустаъфӣ Қосимов рӯи кор овардани кадрҳои ҷавонро шарт ва муҳим мехонад, вале генерали мустаъфӣ Абдуллоҳ Ҳабибов баръакс, ба зарурати ба сохторҳои амниятӣ баргардондани афсарони собиқадор таъкид мекунад.
ҚИБЛАИ КГБ ҲАМОНО МАСКАВ АСТ?
Амнияти Абдулназар мегӯяд, маъмурони амниятии Тоҷикистон то ҳол бо шеваҳои қадиму дигар корношоями бозмонда аз даврони Шӯравӣ ва ҳатто бо таҷҳизоти кӯҳнаи низ бозмонда аз он замон кор мекунанд, ки дар шароити пешрафти лаҳза ба лаҳзаи илму фанн, аз ҷумла фанновариҳои таҷассусӣ аслан қобили қабул нест. Бархе интисоби Ятимов ва Умаров ба ду мақоми аввали раҳбарӣ дар кумитаи амнияти миллиро ҳамчунин ба идомаи талошҳои Душанбе ҷиҳати заифтар кардани авомили рӯ ба Маскав дар ин ниҳоди муҳими амниятӣ ва рӯи кор овардани афроди наздиктар ба раисиҷумҳур марбут мекунанд.
Оқои Абдулназар бо таваҷҷӯҳ ба манбаъи маоши бахши аъзаме аз маъмурони кумитаи амният масъалаи авомили нуфузии Русия дар сохторҳои ин кумитаро масъалае барои раиси наваш оқои Ятимов фавқулодда муҳим баршумурд: “Онҷо нафароне ҳам кор мекарданд, ки душаҳрвандӣ доранд. Байни онҳо генералҳо ҳам ҳастанду сарҳангҳо ҳам. Ва онҳое, ки ба истеъфо баромадаанд, нафақаи онҳо аз Тоҷикистон агар ҳамагӣ 200-300 сомонӣ бошад, Русия ба онҳо 2 000-3 000 сомонӣ пул медиҳад. Пас онҳо ба кӣ хидмат мекунанд? Кто платит, тот и заказҳвает музҳку. Онҳо ба Русия хидмат мекунанд, на ба Тоҷикистон.”
АБДУРАҲИМОВ КУҶО РАВАД?
Аммо ончӣ ки дар фармонҳои раисиҷумҳур норӯшан монд, ин аст, ки оё Хайриддин Абдураҳимов ва се муовини ӯ баъд аз тарки мақом “бо хоҳиши худ” куҷо хоҳанд рафт? Таҳлилгарон бо ёдоварӣ аз собиқаи чунин рафтанҳо дар арши сиёсии Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки шояд Абдураҳимов ва тобеъони ӯ баъди андаке фурӯ нишастани оташи ҷанҷоли фирори маҳбусон ба мақомҳои каме поёнтар таъйин шаванд ваё ҳатто ба кори дипломатӣ гузаранд. Албатта, агар мояи қаҳри Душанбе аз ин чоргона маҳдуди танҳо ин як қазияи фирори 25 маҳбус бошад, на чизи бештар.
Мирзои Салимпур, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3035-2010-09-03-05-18-48.html