15:16:10 17-уми Июни 2025 сол

ИСТҚБОЛИ СОБИРОВ АЗ МУҲОКИМАИ ҚАЗИЯИ ИСКАНДАРОВ

Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон аз баррасии қазияи Маҳмадрӯзи Искандаров дар додгоҳи Урупо истиқбол кард. Вай гуфт, ки ба додгоҳҳои Тоҷикистон эътимод надорад ва хостори рӯшан шудани қазияи раҳбари пешини ҳизби демукроти ин кишвар дар додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо аст. Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз ҷонибдорони оқои Искандаров интихоби Масъуд Собиров ба симмати раҳбари ҳизби демукротро ғайриқонунӣ медонанд.

 

Интизоре меравад, Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо 23 сентябр баррасии қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаровро оғоз кунад. Вай соли 2005 ба сурати машкук дар Русия нопадид шуд ва сипас мақомоти Тоҷикистон аз боздошти вай дар фурӯдгоҳи Душанбе хабар доданд. Оқои Искандаров гуфта буд, ки ӯ аз сӯйи афроди номаълум дар Маскав рабуда шуда ва ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

 

Вале мақомоти интизомии Тоҷикистон ин иддаъоро карда ва гуфта буданд, ки оқои Искандаров зимни вуруд ба Тоҷикистон, дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт шуд. Ин дар ҳолест, ки ҷонибдорони оқои Искандаров бо такя ба як санади расмии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ниҳодҳои интизомии Русия оқои Искандаровро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардаанд”.

 

Бо ин вуҷуд Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2005 оқои Искандаровро барои иртикоби чанд ҷурм, аз ҷумла сирқати маболиғи давлатӣ, фаъолиятҳои теруристӣ ва таъсиси гурӯҳи ғайримуҷози мусаллаҳ барои 23 сол равонаи зиндон кард. Ҳудуди се сол пеш Анна Ставитская, вакили мудофеъи Маҳмадрӯзӣ Искандаров алайҳи давлати Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо барои одамрабоӣ ва истирдоди ғайриқонунӣ шикоят бурда буд. Ҳамакнун қарор аст баррасии қазия дар ин додгоҳ оғоз шавад.

 

Масъуд Собиров, раҳбари феълии ҳизби демукроти Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки аз ин тасмими додгоҳи урупоӣ истиқбол мекунад. Зеро ба борвари вай “дар ҷараёни баррасии ин қазия дар Страсбурги Фаронса ҷузъиёти боздошт ва истирдоди Маҳмадрӯзӣ Искандаров ошкор хоҳад шуд”.

 

Вай таъкид кард, ки нисбати оқои Искандаров “эҳтироми хос дорад” ва ӯро аз раҳбарони аслии ҳизби демукроти Тоҷикистон медонад. Оқои Собиров гуфт: “Дар сурати озод шудани Маҳмарӯзӣ Искандаров аз зиндон, мо омода ҳастем анҷумани ҳизбро баргузор ва мавзӯъи интихоби дубораи оқои Искандаров ба симати раҳбари ин ҳизбро баррасӣ кунем”.

 

Маҳмадрӯзӣ Искандаров замоне боздошт ва муҷозот шуд, ки раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон буд, вале баъд аз судури ҳукми додгоҳ алайҳи оқои Искандаров, идар суфуфи ин ҳизб шикоф ба вуҷуд омад. Нахуст Масъуд Собиров бо баргузории як анҷумани изтирорӣ аз сӯйи ҷонибдорони худ раиси ҳизби демукрот интихоб шуд. Сипас Саидҷаъфар Исмонов, ки аз ҷонибдорони Масъуд Собиров буд, бо баргузории анҷумани ҷудогона аз сӯйи гурӯҳи дигари демукротҳо низ раиси ҳизби демукрот эълом шуд.

 

Вале вазорати адлияи Тоҷикистон дар соли 2006, дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кившар аз миёни се ҷиноҳи ҳизби демукрот демукрот, танхо ҷиноҳи Масъуд Собировро ба расмият шинохт. Он замон ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров интихоботро таҳрим карда буд. Зарфи ду соли ахир миёни ҷонибдорони оқои Искандаров ва Собиров чанд қазияи додгоҳи сурат гирифт ва дар ниҳоят додгоҳ ҳукм баровард, ки ҷонибдорони Маҳмадрӯзӣ Исканадров дигар наметавонанд, худро намояндагони ҳизби демуркот муъаррифӣ кунанд.

 

Дар ҳамин ҳол, ба эътиқоди соҳибназарон, ҳатто агар Додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо собит созад, ки ниҳодҳои интизомии Русия дар қазияи рабуда шудани Маҳмадрӯзи Искандаров мушорикат кардаанд, додгоҳ метавонад, таҳо тасмиме алайҳи давлати Русия бигирад. Вале мавзӯъи озодии оқои Искандаров аз зиндон дар салоҳияти ин додгоҳ набудааст.

 

ДОДГОҲИ АВРУПО ШИКОЯТИ ИСКАНДАРОВРО БАРРАСӢ МЕКУНАД

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3143-2010-09-18-05-41-32.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ