САФАРИ РАҲМОН БАРОИ ШИРКАТ ДАР ҲАМОИШИ СММ
Субҳи рӯзи шанбе, Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҳамоиши Маҷмаъи Умумии СММ озими Ню-Йорки Амрико шуд. Бар асоси иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурӣ оқои Раҳмонро дар ин сафар Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷа, Эркин Раҳматуллоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳурӣ ва Абдулло Элдошев, муъовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамоиши раҳбарони кишварҳои узви ин созмон, ки аз 20 то 22 моҳи ҷорӣ дар Ню-Йорк баргузор мешавад, бо даъвати Бон Куи-мун, дабири кулли созмон барои арзёбии пешрафт ба сӯйи ҳадафҳои тавсеъаи ҳазора сурат мегирад. Яке аз аҳдофи аслии СММ аз роҳандозии барномаи "Ҳадафҳои тавсеъаи ҳазора", ки дар Ҳамоиши Ҳазораи СММ дар соли 2000-ум тасвиб шуда буд, ин аст ки то соли 2015 шумори афроде, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд ба нисф расонда шавад.
Бон Ки-мун гуфтааст, бо дарназардошти бурду бохтҳо ва бӯҳронҳои тозае, ки барои пешрафт ба сӯйи коҳиши панҷоҳдарсадии фақр дар дунё таҳдидҳо эҷод мекунанд, "ин ҳамоиш барои дучанд кардани талошҳои мо барои расидан ба ҳадафҳо бениҳоят муҳим хоҳад буд."
Оқои Ки-мун дар гузориши худ дар робита ба ин ҳамоиш ҳамчунин гуфтааст: "Дунё дониш ва захоири кофӣ барои расидан ба ҳадафҳои ҳазораро дорад. Ҳоло чолиш дар он аст, ки мо дар заминаи гомҳое, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо бояд бардошта шаванд тавофуқ кунем."
Ин дар ҳолест, ки созмони имдодрасонии "Action Aid" дар гузориши ахири худ дар остонаи баргузории Маҷмаъи умумии СММ барои арзёбии пешрафтҳои ҳазора навиштааст, ки ҳадафи СММ барои ба нисф расондани шумори афроде, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд то соли 2015 эҳтимолан ба хотири рушди иқтисодии Чин бароварда хоҳад шуд. Аммо ин созмон афзудааст: "Ин масъала нокомӣ дар соири кишварҳоро пинҳон мекунад"
Ба навишати ин созмони байналмилалии имдодрасон "12 адад аз 28 кишваре, ки фақиртаринҳо дар ҷаҳон ҳастанд, амалан ба ақиб гом бардоштаанд."
Дар гузориши Бон Ки-мун барои ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҷаҳон дар Маҷмаъи умумии СММ аз ҷумла таъкид мешавад, ки мизони гуруснагӣ, маргу мири занону кудакони навзод дар ҷаҳон ҳамчунон боло буда, ва дар бахшҳои гармоиши ҳаво ва дастрасӣ ба омӯзиш ва парвариш пешрафтҳои камтаре ба мушоҳида мерасад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлоси Маҷмаъи Умумии ахири СММ дар як соли қабл дар Нӣ-Йорк, талош карда буд таваҷҷӯҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба масъалаи обшавии пиряхҳои воқеъ дар Тоҷикистон дар асари гармшавии обу ҳаво ҷалб кунад.
Вай кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна, бахусус Тоҷикистонро "қурбониёни"тағйиротри обу ҳаво хонда буд. Вай гуфта буд, ки болоравии мизони гармо, мизони рӯзҳои бориш ва ҳаводиси табиъиро дар ин ҷо афзоиш дода ва боъиси заъфи кишвар барои расидан ба рушди устувор мешавад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3148-2010-09-18-16-22-21.html