МУНОСИБАТ БО МУХОЛИФОН БОЯД ТАҶДИДИ НАЗАР ШАВАД
Бештаре аз коршиносон бар ин назаранд, ки агар давлати Тоҷикистон дар муносибаташ бо мухолифони худ таҷдиди назар накунад, такрори ҳаводисе мушобеҳ ба ҳамлаи дараи Камароб дар ин кишвар ногузир аст.
Масъуд Собиров, раҳбари ҳизби демукроти Тоҷикистон:
Ҳамла ба низомиёни давлатӣ дар дараи Камароб натиҷаи муносибати нодурусти давлат дар қиболи мухолифони собиқ аст. Бояд иқрор шавем, ки ҳатто дар таҳияи Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон мушкилоте ҷой дошт, ки пайёмадҳои онро мо акнун, пас аз гузашти 13 соли имзои он эҳсос мекунем. Ҳатто тавофуқоти чанд рӯз қабл ба даст омадаи миёни мақомоти давлатӣ ва фармондеҳони нерӯҳои мухолифони собиқ дар Рашт низ аз чунин камбудиҳо орӣ нест. Агар давлати Тоҷикистон дар муносиботи худ бо мухолифон таҷдиди назар накунад, вуқӯъи чунин ҳодисаҳо дар оянда амри ногузир хоҳад буд.
Абдуғанӣ Мамадазимов, сиёсатшинос:
Соле қабл бо баҳонаи баргузории амалиёти “Кӯкнор-2009” Мирзо Зиёев, аз фармондеҳони саршиноси мухолифони собиқ кушта шуд. Агар имсол низ бо баҳонаи Мулло Абдуллоҳ дунболи фармондеҳи дигаре шаванд, ин амр пайёмадҳои номатлубе дар пай хоҳад дошт. Зеро, Мирзохӯҷа Аҳмадов аз фармондеҳони собиқи обрӯманд аст ва садҳо размандагони собиқ барои ҳимоят аз ӯ омода ҳастанд.
Аз сӯйи дигар, вуқӯъи чанд ҳодисаи ахир, яъне фирори зиндониён, ҳамлаи интиҳорӣ дар Хуҷанд ва инфиҷор дар Душанбе бозгӯйи мушкилоти фаровон дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст. Ин мушкилот ба фақр, фасоди густурда ва маҳалгаройӣ дар ниҳодҳои давлатӣ ва ба адами рушди кишвар рабт дорад. Ба унвони мисол, мардум аз интихобти гузаштаи порлумонӣ дар Тоҷикистон интизориҳое зиёде доштанд, вале натоиҷи расмии он ақшори мухталифи ҷомеъаро қонеъ насохт.
Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раиси ҳизби сусиёд демукроти Тоҷикистон
Дар доираи иҷрои Созишномаи сулҳи миёни тоҷикон давлати Тоҷикистон натавонист, шароити зиндагӣ ва кори фармондеҳон ва размандогони собиқи нерӯҳои мухолифро таъмин созад. Ҳамчунин алайҳи бархе аз фармондеҳони собиқ парвандаҳои ҷинойӣ боз шуд. Ин ҳама эътибори давлат дар назди фармондеҳони собиқро коста кард. Ин амр нигаронкунанда аст, ки дар Тоҷикистон нерӯҳое пайдо мешаванд, ки ба ташаннуҷи авзоъ дар манотиқи мухталифи кишвар алоқаманд ҳастанд.
Ба ин далел, эҳтимоли такрори ҳаводиси мушобеҳ ба ҳамлаи дараи Камароб дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Мушкили аслӣ дар ин замина ин нукта аст, ки давлати Тоҷикистон дар қиболи ин раванд наметавонад, пешниҳоде ироа кунад.
Акбари Тӯраҷонзода, собиқ вакили Маҷлиси миллӣ:
Ба унвони шахсе, ки уқубати ҷанг, авбошӣ ва муҳоҷиратро чашидаам, ҳодисаи ҳамла ба низомиёнро маҳкум мекунам. Кишвари мо ба сулҳу субот ниёз дорад ва аз тоҷикистониён даъват мекунам, ки барои ҳифзи оромӣ дар Тоҷикистон талош кунанд.
Иброҳим Усмонов, сиёсатшинос:
Бо Мулло Абдуллоҳ дар осли 1996 дар чорчӯби музокирот барои расидан ба сулҳи тоҷикон сӯҳбат доштам. Он замон низ эҳсос мешуд, ки ақидаи мазҳабии Мулло Абдуллоҳ дар муқоиса бо фармондеҳони дигар қавитар аст. Ҳамин эътиқодаш иҷоза надод, ки баъд аз имзои созишномаи сулҳ бо давлати Тоҷикистон созиш кунад ва ҳамзамон аз ҳамроҳони пешинаш низ рӯй тофт. Гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ гурӯҳи сиёсӣ нест. Вай дар Тоҷикистон аз пуштибонии сиёсӣ бархурдор нест ва ба ин далел наметавонад, фаъолиятҳои густурдае анҷом диҳад. Вале ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки дар чанд соли ахир вай дар хориҷ аз Тоҷикистон мумкин аст, бо марказҳои сиёсӣ робитае роҳандозӣ кардааст.
Воҳидхон Қосиддинов, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон:
Ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаи ҳамла ба низомиёнро маҳкум мекунад, зеро ин мусибатест барои куллияи кишвар. Вале давлати Тоҷикистонро зарур аст, андеша кунад, ки чӣ иштибоҳе кардааст, ки чунин ҳодиса иттифоқ уфтод. Дар вазъи феълӣ ҳама ҷонибҳо бояд аз душмантарошӣ худдорӣ кунанд. Зеро, мушоҳида мешавад, ки дар моҳҳои ахир нисбати бархе аз шахсиятҳо ва нерӯҳои сиёсӣ амалҳои тарҳрезишуда сурат мегиранд. Интиқод набояд аз рӯйи хусумат бошад. Танҳо як ҷонибро сиёҳ кардан кори дуруст нест. Зеро, сипас, сангпартойӣ ба сӯйи ҳукумат низ сурат мегирад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3166-2010-09-20-17-02-53.html