ВОДИИ РАШТ: АЗ ПОЁНИ ҶАНГИ ДОХИЛӢ ТО ИМРӮЗ
Водии Рашт аз манотиқи дурафтодаи Тоҷикистон аст. Ин минтақа дар гузашта пойгоҳи аслии неруҳои мухолифони исломгарои давлат буд. Ин минтақа панҷ шаҳру ноҳияро бо ҳудуди 300 ҳазор ҷамъият дар бар мегирад.
Аз шаҳри Душанбе то маркази минтақаи Рашт беш аз 200 килуметр роҳ аст, ки умдатан кӯҳистонӣ ва пурпечухам аст. Вазъияти ҷуғрофиёии Рашт, ки мантақае кӯҳистонист, боъис шуда, то баъзе аз гурӯҳҳои исломгаро аз ин маҳал ба унвони макони муносибе барои вуруд аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва сипас, ба саросари Осиёи Миёна, истифода кунанд. Ҳамлаи бесобиқа ба корвоне аз комюнҳои артиши Тоҷикистон дар 19 сентябр ва амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи мустақар дар Рашт, ки ҳоло идома дорад, далели ин гуфтаҳост.
Водии Рашт ҳамчунин пойгоҳи қудрат барои ҳизби наҳзати исломӣ, танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна, маҳсуб мешавад. Ислом ҳамеша дар ин ҷо, ҳатто дар даврони шӯравӣ, муҳим будааст. Ба ин ҷо сафар кардам то бубинам, ки дин дар зиндагии рӯзмарраи мардум чи нақше дорад. Дар миёни намозгузорони масҷиди ҷомеъи маркази ноҳияи Рашт бо Ҳусейн Абдураззоқов, як сокини маҳаллӣ, ошно шудам. Вай мегӯяд: “Дини ислом ба роҳи рост ҳидоят мекунад, дар он на тӯҳмат аст, на дурӯғ ва на зино.”
Ба гуфтаи Ҳусейн, ҳоло шахсоне пайдо шудаанд, ки аз дини ислом барои аҳдофи муғризонаи худ сӯиистифода мекунанд. Монанди Ҳусейн афроди зиёде бо чунин андешаю афкор дар оғози даҳаи 1990 худро дар муқобили низоми кумунистӣ дар Тоҷикистон қарор дода буданд.
Давлат Усмон, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони собиқи давлати Тоҷикистон, дар бораи аҳаммияти водии Рашт дар замони ҷанги дохилӣ мегӯяд: “Раҳбарони бештари ҷараёнҳои мазҳабӣ ва ғайримазҳабие, ки дар ибтидои даҳаи 1990 дар Тоҷикистон рӯйи кор омаданд, аз ин манотиқ буданд. Табиъист, ки онҳо дар ин ҷо тарафдор пайдо карданд ва ҳамин боъис шуд, ки ин минтақа ба пойгоҳи аслии мухолифони вақти ҳизби куммунист ва ҳукумати Тоҷикистон табдил шавад.”
Ба гуфтаи коршиносон, дар тавофуқи сулҳ миёни давлати Тоҷикистон ва мухолифони исломиаш намояндагони водии Рашт ҳам нақши муҳимме доштаанд. Қурбон Шарифзода, имом-хатиби масҷиди марказии ноҳияи Рашт, дар ин бора гуфт: “Музокироти сулҳ аз ин ҷо, аз ин сарзамин оғоз ёфт ва чанд сол дар Афғонистон, Покистон, Эрон идома дошт ва охируламр дар кишвари Русия поён ёфт. Дар он шабу рӯзҳо шахсиятҳое дар ин ҷо буданд, ки барои расидан ба сулҳ талош карданд. Воқеъан сулҳ бузургтарин неъмат аст.”
Аммо баъзеҳо вазъияти амниятӣ дар ин минтақаро ҳамчунон шикананда ва ҳассос медонанд.
Пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ки шаби 23 август иттифоқ уфтод, водии Рашт ба унвони паноҳгоҳи эҳтимолии зиндониёни фирорӣ муъаррифӣ шуд. Албатта, нерӯҳои амниятӣ то ҳол чанд зиндонии фирориро боздошт кардаанд, аммо на аз водии Рашт.
Давлат Усмон, раиси ситоди нерӯҳои мусаллаҳи мухолифони исломгарои давлати Тоҷикистон дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-1997, мегӯяд: “Собиқ размандагони мухолифон, ки аз ин минтақа буданд, бо як навъ канорагирӣ ба зодгоҳҳояшон рафтанд ва дар он ҷо сукунат ихтиёр карданд. Байни ҳукумат ва мухолифони собиқ як навъ нобоварӣ эҷод шудааст. Фикр мекунам, ки бояд ҳукумат ин нобовариро бо роҳҳои осоишта ва қадам ба қадам аз байн бубарад.”
Шояд ба ин хотир, бисёре аз сокинони водии Рашт сӯҳбат дар бораи ҳизби наҳзати исломӣ ва ҷойгоҳи дини ислом дар зиндагиашонро дӯст надоранд. Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ин амрро ба таҷрубаи талхи ҷанги дохилӣ марбут медонад:
“Рашт тақрибан ҳеч рустое надорад, ки бумборон нашуда бошад, мардум азият нашуда бошад, мардум муҳоҷир нашуда бошад. Баъди ин ҳама азияту ҳолат имрӯз мо мехоҳем аз онҳо суол кунем, ки дар бораи раванди сулҳ ва ҳизбҳои сиёсӣ чи назар доранд. Он мардум бо таърихе, ки аз сар гузаронданд, қалбашонро ба шумо боз нахоҳанд кард.”
Воқеъан, бештари мардуми ин минтақа дар солҳои ҷанги дохилӣ осеб дидаанд. Маҳмадхоҷа Қурбонов, як сокини ноҳияи Рашт, гуфт бародараш дар солҳои ҷанг кушта шуда ва ҳоло се фарзандашро вай тарбият мекунад. Маҳмадхоҷа 7 фарзанд дорад. Ӯ ронандаи ширкати “Барқи тоҷик” дар ноҳияи Рашт аст. Модари 83-солааш бемории сил ва фишори хун дорад.
Маҳмадхоҷа мегӯяд вай харҷи доруи модараш ва бахше аз маводди ғизоии хонаводаашро аз роҳи кишоварзӣ таъмин мекунад. Ду писари бузургаш дар Русия кор мекунанд. Вай афзуд: “Бачаҳои мо ба таҳсил камтар алоқа доранд. Шароити зиндагӣ душвор аст. Ба донишгоҳ рафта наметавонанд. Бисёриҳо барои кор ба Русия мераванд.”
Садҳо нафар монанди аъзои ин хонавода дар фақру тангдастӣ зиндагӣ мекунанд. Ба гуфтаи баъзе аз соҳибназарон, ин вазъият мумкин аст боъиси норизоятии иддае аз мардум шавад. Акбари Тураҷонзода, аз раҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифони исломии давлати Тоҷикистон, гуфт:
“Масъалаи ҳиҷоб аст, масъалаи иқтисодӣ аст, бекорӣ зиёд аст. Қисми зиёди мардум аз ҳисоби пули муҳоҷирон дар Русия зиндагӣ мекунанд. Фасоди молӣ, маҳаллгароӣ, хешу таборсолорӣ афзоиш ёфта. Омилҳои зиёде ҳаст, ки ҷамъ шудаанд ва шояд як идда мардумро норозӣ кунанд.”
Бо ин ҳама, Рашт ҳамеша як минтақаи ҳассос будааст. Коршиносон тазмини амният дар ин минтақаро барои давлати феълии Тоҷикистон муҳим медонанд.
Сӯҳроби Зиё, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3243-2010-09-30-06-24-43.html