МАҚОМОТИ ҚУДРАТӢ БА РАШТ РАФТАНД
Муъовинони аввали ҳамаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон озими минтақаи Рашт шудаанд. Манобеъи ин ниҳодҳо аз эҳтимоли оғози амалиёти густурда алайҳи “силоҳбадастон” изҳори назар мекунанд. Ба навиштаи бархе аз хабаргузориҳо, дабири Шӯрои амният гуфтааст, ки “агар ин афрод халъи силоҳ нашаванд, нобуд карда хоҳанд шуд”. Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки феълан дар минтақаи Рашт қарор дорад, изҳор доштааст, ки “давлат барои нобуд сохтани афроди мусаллаҳ нерӯи кофӣ дорад”.
Вай афзудааст: “Мо иттилоъи кофӣ дорем, ки кадом кишвари хоричӣ дар нооромиҳо ахир дар Тоҷикистон даст дорад ва кадом гурӯҳҳои мусаллаҳ аз сӯйи онҳо пуштибонӣ мешаванд”.
Дар ҳамин ҳол, манобеъи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло ба минтақаи Рашт ҳайъате муташаккил аз муъовинони аввали раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвар эъзом шудаанд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯйи Вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар дод, ки аз ҷумла Рамил Нодиров, муъовини аввали вазири дифоъ ва фармондеҳи Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар минтақаи Рашт қарор дорад.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои давлатӣ дар ин минтақа ба теъдоди лозим мустақаранд ва барои анҷоми амалиёти боздошти афроди мусаллаҳ аз имконот ва лавозимоти зарурӣ бархурдор мебошанд. Ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи Рашт баъд аз ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба комюнҳои Вазорати дифоъ, ки дасти кам 26 кушта бар ҷой гузошт, шиддат гирифт.
Давлати Тоҷикистон афроди мусаллаҳи марбут ба гурӯҳҳои “Мулло Абдуллоҳ”, “Алӣ Бедак” ва Мирзохӯҷа Аҳмадовро дар ин ҳамла муқассир медонанд. Ҳарчанд "Алӣ Бедак" ва Мирзохӯҷа Аҳмадов қабл аз эъломи ин иттиҳомот ҳар гуна робитаи худро ба ин ҳодиса рад карда буданд. Ин дар ҳолест, ки аз даҳ рӯз бад-ин сӯ, иртиботи телефунӣ бо минтақаи Рашт қатъ шуда ва хабарнигорон наметавонанд, ба манобеъи мустақил дар маҳалли ҳодиса тамос бигиранд.
Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар бораи амалиёт дар Рашт иттилоъи андаке медиҳанд ва далели ин амрро "ворид накардани ихлол ба ҷараёни амалиёт" мехонанд. Ахиран эълом шуд, ки ниҳодҳои амниятӣ ба боздошти ду тан аз ҷонибдорони Мирзохӯҷа Аҳмадов муваффақ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Додоҷони Атовуллоҳ, хабарнигори тоҷики муқими Маскав ва аз мухолифони давлати Тоҷикистон рӯзи гузашта дар мусоҳиба бо сойти интернетии “Фергана.ру” гуфтааст, ки тибқи иттилоъи вай, сокинони маҳаллӣ парвози чархболҳои низомии Русия ва ҷангандаҳои Қазоқистонро дар ҳарими ҳавоии ин минтақа мушоҳида кардаанд.
Ба эътиқоди оқои Атовуллоҳ, давлати Тоҷикистон худ барои ташаннуҷи авзоъ дар шарқи кишвар алоқаманд ҳаст, зеро қасд дорад аз ин роҳ, мухолифони боқимондаи худ дар ин минтақаро саркуб кунад. Вале соҳибназарон мегӯянд, ҳалли қазияи Рашт аз роҳи низомӣ ғайримумкин аст. Ҳизби назҳати ислом ва ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон бо пахши баёнияҳое эълом доштанд, ки муколама танҳо роҳи ба эътидол овардани вазъ дар шарқи Тоҷикистон аст.
Ҳизби демукроти Тоҷикистон хостори таъсиси кумиссиюни байналмилалӣ барои таҳқиқи ҳаводиси ахир дар Тоҷикистон шуд ва коршиносон ин тақозоро далели набуди эътимод ба иттилоъоти расмӣ дар бораи ин ҳаводис унвон мекунанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/3246-2010-09-30-12-16-16.html